16:49:24 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДУ ГОЛИ ЗЕБОИ АНДРЕЙ ШЕВЧЕНКО УКРОИНРО АЗ БОХТ НАҶОТ ДОД

Хонандаи арҷманд, чуноне, ки қаблан огоҳӣ доштед, дар рӯзи чаҳоруми мусобиқоти Ҷоми Аврупо 2012 оид ба футбол ду бозӣ дигар дар гурӯҳи «D» баргузор гардид.

/images/stories/2012/06/12_euro2012-ukraine-poland111.jpgБозии байни дастаҳои мунтахаби Англия ва Фаронса бо ҳисоби мусовӣ 1:1 анҷомид. Ҳарду голро дар қисми аввали бозии дастаҳо ба самар расониданд. Сараввал дар дақиқаи 30-уми бозӣ, бозингари дастаи мунтахаби Англия Джолеон Лескотт ҳисобро кушод. Каме дертар, аниқтараш баъди 9 – дақиқа бозингари дастаи мунтахаби Фаронса Самир Насрӣ тавонист ҳисобро барорбар намояд. Ҳамин тариқ ҳарду даста соҳиби як холӣ гаштанд.

Дар бозии дигар яке аз мизбони мусобиқот дастаи мунтахаби Укроин бо дастаи мунтахаби Шведсия рақобат намуданд. Дастаи мунтахаби Укроин соҳибони майдон тавонистанд бар дастаи ҳариф бо ҳисоби 2:1 ғолиб бароянд. Аз дастаи мунтахаби Шведсия ҳамлагари бомаҳорат Златан Иброгимович дар дақиқаи 52 аз дастаи мунтахаби Украон бошад, дар дақиқаи 55 ва 62 ҳамлагар Андрей Шевченко голҳоро ба самар расониданд.

Ҳамин тариқ давраи аввали бозиҳо дар чаҳор гурӯҳ «A», «B», «C», «D» ба охир расид. Имшаб бошад, дастаи мунтахаби Русия бо дастаи мунтахаби Полша ва дастаи мунтахаби Чехия бо дастаи мунтахаби Греция қувваозмоӣ хоҳанд кард.

УКРОИН – ШВЕДСИЯ EURO 2012

{morfeo 30}

Сӯҳроби Бохтарӣ, махсус барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi