10:04:37 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2023 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

БОХТИ ҒАЙРИЧАШМДОШТИ ДАСТАИ ҲОЛАНД

Дар рӯзи дуюми мусобиқоти Ҷоми Аврупо 2012 ду бозии дигар дар гурӯҳи «B», ки онро гурӯҳи «марг» меноманд, баргузор гардид. Дастаи мунтахаби Ҳоланд бо дастаи мунтахаби Дания қувваозмоӣ намуд. Бозӣ хеле пуршидату тамошобоб буд.

/images/stories/2012/06/10_golangy-euro2012.jpgҲама гумон мекарданд, ки дастаи мунтахаби Ҳоланд, ки бартарии бештареро нисбати дастаи мунтахаби Дания нишон медод, ғолиби ин бозӣ мегардад, аммо ғайричашмдошт дастаи Дания ғолиби ин бозӣ баромад. Голро футболбози дастаи мунтахаби Дания Крон-Делӣ ба нишон расонид.

Дар бозии дигар дастаи мунтахаби Олмон дастаи мунтахаби Португол, ки ҳарду яке аз фаворитҳои Ҷоми Аврупо ба ҳисоб мераванд, бо ҳисоби як бар сифр мағлуб намуд. Ҳарду даста аз худ маҳорати олӣ нишон доданд. Ҳуҷумҳои пай дар пайи ҳарду даста ба дарвозаи якдигар нишонгари он буд, ки ҳарду даста мехоҳанд ғолиб бошанд.

Аммо дастаи Олмон каме ҳам бошад, омодагии бештареро соҳиб гашта буд. Марио Гомес беҳтарин футболбози дастаи мунтахаби Олмон тӯбро ба дарвозаи дастаи мунтахаби Португол равона сохт. Ҳаминтариқ дар гурӯҳи «B» дастаи Олмону Дания бо се холӣ дар зинаи аввал қарор доранд.

Имрӯз бошад дар гурӯҳи «С» ду бозии дигар баргузор мегардад. Дастаи мунтахаби Испониё, дастаи мунтахаби Италияро ба ҳузур мепазирад. Каме дертар бошад, дастаи мунтахаби Харватия бо дастаи мунтахаби Ирландия қувваозмоӣ хоҳанд намуд.

ДАНИЯ - ҲОЛАНД EURO 2012

{morfeo 28}

ОЛМОН - ПОРТУГОЛ EURO 2012

{morfeo 27}

Сӯҳроби Бохтарӣ, махсус барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi