20:02:19 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАР МУСОБИҚАИ ҶОМИ АВРУПО 2012 МУКОФОТ ЧАНД МИЛЛИОН ЕВРО МЕБОШАД?

Имрӯз, 8-уми июн, бозиҳои футболи Ҷоми  Аврупо 2012 шурӯъ мешаванд. Инак мухлисони футбол ба орзуи деринаи худ, ки муддати чор сол интизораш буданд, мерасанд. Чӣ тавре, ки шумо огоҳи доред, мусобиқа дар ду давлат, Полша ва Украина баргузор мешавад.

/images/stories/2012/06/08_footbol2012009887878.jpgДар он шонздаҳ дастаи беҳтарини қораи Аврупо дар чор гурӯҳ бо ҳам рақобат менамоянд. Ин охирин мусобиқаи Ҷоми Аврупо мебошад, ки дар он шонздаҳ даста қувваозмоӣ мекунанд. Шурӯъ аз соли 2016 шумораи иштирокчиёни Ҷоми Аврупо ба 24 даста расонида мешавад.

Маблағи ниҳоии Ҷоми Аврупо - 2012 моҳи июни соли гузашта аз тарафи Қумитаи тадорукоти УЕФА ба миқдори 196 миллион евро тасдиқ гардида буд, ки ин 12 миллион евро зиёдтар нисбат ба мусобиқоти Ҷоми Аврупо - 2008 мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки 16 дастаи иштирокчии мусобиқот аллакай соҳиби 8 миллион евро гаштаанд.

Дастаҳое, ки дар бозии ниҳоӣ ғолиб меоянд, соҳиби як миллион евро, агар бозиашон мусовӣ анҷом ёбад, соҳиби панҷсад ҳазор евро мегарданд. Барои гузаштан ба даври дигар, яъне ба якчорфиналӣ боз соҳиби ду миллион евро, барои гузаштан ба нимфинал соҳиби се миллион евро мегарданд. Барои дар бозии финалӣ роҳхат пайдо кардан, боз соҳиби чоруним миллион евро мешаванд.

Ғолиби бозии финалӣ соҳиби ҳафтуним миллион евро мегардад. Хулоса ғолиби Ҷоми Аврупо ҷамъулҷамъ соҳиби бисту се миллиону панҷсад ҳазор евро мегардад, ки ин нисбат ба Ҷоми Аврупо - 2008 хело ҳам зиёдтар аст. Кани бубинем каҳрамони 14-ум Ҷоми Аврупо кадоме аз ин шонздаҳ даста мебарояд.

Аз руйдодҳои охирини ин мусобиқоти бонуфуз шумо метавонед ҳамарӯза тавассути сомонаи «Рӯзгор.tj» http://www.ruzgor.tj/euro2012.html маълумоти муффасал ба даст оред.

Тоҷиддини Пирак, махсус барои «Рӯзгор»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi