Reuters: Ҳалокати дастикам 12 нафар дар суқути киштии Тунис
Бар асари суқути чаҳор қаиқ бо муҳоҷирон дар соҳилҳои Тунис дасти кам 12 нафар ҷони худро аз даст дода, 10 нафари дигар бедарак шудаанд.
Дар ин бора хабаргузории "Reuters" бо такя ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар хабар дод.
Тавре як афсари муҳофизи соҳили Тунис ба оҷонсӣ гуфт, дар қаиқҳо 120 нафар буданд, ки 98 нафари онҳо наҷот дода шуданд. Вай афзуд , ки амалиёти наҷот дар соҳилҳои вилояти Сфакс анҷом шудааст .
ТАСС