Хазина аз
Намоишгоҳ-ярмаркаи универсиалии «Тоҷикистон-2019” охири моҳи октябр баргузор мешавад
Хабар
14.08.2019 18:13
713
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории Намоишгоҳ-ярмаркаи универсиалии «Тоҷикистон-2019» хабар дод. Қарор аст ин якрмарка охири моҳи октябр дар Маҷтамаи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт доир гардад.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сафири тозатаъини Ҳиндро ба ҳузур пазируфт
Хабар
14.08.2019 11:28
791
13 августи соли 2019 дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири тозатаъини Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синхро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии кишвар иттилоъ доданд.
Боздошти ронандаи бадахлоқ: Вокуниши фаврии милисаи шаҳри Душанбе ба арзи сокинон
Иҷтимоъ
14.08.2019 11:17
912
Соате баъд аз пахши хабари рафтори бадахлоқонаи ронандае нисбати як духтари ҷавон кормандони фаврии милитсияи шаҳри Душанбе дастбакор шуданд ва шахсияти ронандаро маълум ва бо роҳандозии амалиёти фаврӣ ӯро боздошт кардаанд.
Обу ҳавои чоршанбе, 14-август
Хабар
13.08.2019 17:01
731
Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар рўзҳои 14-16 август дар ҷумҳурӣ (ба истиснои ВМКБ) ҳавои ноустувор пешбинӣ мешавад.Шамол аз самти ғарб бо шиддати то 15-20 м/с вазида, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои марказии ҷумҳурӣ чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво назар ба рӯзҳои пеш аз 5 то 80коҳиш меёбад.
АСҲОБИ КАҲФ
Дин ва ҷомеъа
13.08.2019 15:51
2633
Достони Асҳоби каҳф дар адабиёти бадеии миллатҳои мусулмон, бахусус адабиёти давраи исломии форсу тоҷик бозтоби густардае ёфтааст. Дар адабиёти тасаввуфии мусулмонон ба Асҳоби каҳф ба ҳайси мазҳари камол, таҷаллии сифоти ҷавонмардони соҳибдил, аҳли футувват ва бандагони солеҳ менигаранд ва онҳоро ба унвони намунаи инсони раҳёфта мепазиранд.
Баррасии таҳкими ҳамкориҳои бунёди марказҳои ташхису табобат дар Хатлон
Иҷтимоъ
13.08.2019 15:03
803
Дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд дар Хатлон мақомоти ин вилоят бо ширкати чинии “Neusoft Medical Corporation” таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додаанд. Бино ба гузориши манбаъ мулоқоти раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо намояндаи Ширкати “Neusoft Medical Corporation”- и Ҷумҳурии халқии Чин ...
Амрико дигар ба Толибон ҳамла намекунад
Равзана ба ҷахон
13.08.2019 14:40
796
Бино ба иттилои маҷаллаи амрикоии Newsweek мақомоти ин кишвар ба нерӯҳои худ дар Афғонистон дастур додааст, ки дигар ба Толибон ҳамла накунанд. Ин тасмим ба муҷарради поёни даври шашуми музокароти сулҳ бо Толибон эълон шудааст.
Баъзе минтақаҳои шаҳри Душанбе муддати як шабонарӯз беоб мемонанд
Иҷтимоъ
13.08.2019 14:33
758
Шаҳрдории Душанбе дар бораи қатъи оби нӯшокбӣ дар баъзе манотиқи пойтахти кишвар хабар дод. Дар қарори шаҳдори пойтахт Рустами Эмомалӣ омадааст, ки бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури қутраш 900 мм, воқеъ дар кӯчаи Карамов интиқоли оби нӯшоки ба чанд навоҳии шаҳр муваққатан маҳдуд мешавад.
Иди Қурбон ба ҳамватанон муборак!
Хабар
10.08.2019 18:40
851
Сомонаи “Рӯзгор” кулли хонандагон ва мардуми шарифи кишварро ба муносибати фарорасии Иди шарифи Қурбон муборакбод мекунад.Иди Қурбон дуввумин идест, ки барои кулли муслимини олам шариф аст. Иди қурби Илоҳист!
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Дин ва ҷомеъа
10.08.2019 18:37
2507
Ҳамватанони азиз!Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи иди саиди Қурбон, ки яке аз суннатҳои мубораки дини мубини ислом мебошад, қарор доранд. Ба ин муносибат хурду бузурги сокинони кишвари азизамонро самимона табрик мегӯям.