Хазина аз
Ҳамкории судманд - тракторҳои замонавӣ
Иқтисод
16.08.2019 15:13
1608
Бо мақсади боло бурдани сатҳи самаранокии маҳсулоти кишоварзӣ Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” барномаи саҳмгузории дутарафа барои ташвиқи технологияҳои нав ва пешрафта пешниҳод кардааст...
Обу ҳавои ҷумъа, 16-уми август
Хабар
15.08.2019 17:02
785
Таҳлили омори гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар нишон медиҳад, ки рӯзи ҷумъа дар саросари кишвар ҳавои гарм дар назар дошта шудааст. Суръати вазиши бод ҳам тақрибан ба сони рӯзи 15-уми август аст. Танҳо дар баъзе минтақаҳо гармии аз 1 то 2 дараҷа афзоиш ёфтааст.
Боз ду зоири тоҷик дар Маккаи мукаррама манзили абад ёфтанд
Хабар
15.08.2019 12:36
752
Хабаргузории “Авесто” ба нақл аз сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон хабар додааст, ки ду зоири 70-солаи тоҷик бар асари беморӣ дар аснои сафари ҳаҷ дар Маккаи мукаррама ҷон ба ҷонофарин таслим кардаанд. Ин ду нафар дар қабристон шаҳри Макка ба хок супурда шуданд.
Вазорати корҳои дохилӣ беш аз 1700 кило мухаддиротро ба оташ кашид
Хабар
15.08.2019 12:15
795
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бештар аз 1700 кило маводи мухаддирро ба оташ кашидааст. Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорат субҳи имрӯз маросими ба оташ кашида шудани беш аз 1700 кило маводи мухаддир бо ширкати намояндагони додгоҳ, додситонӣ ва рӯзноманигорон доир шудааст.
Оғози Ҷаласаи васеъи Шӯрои ҳамоҳангсозии пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъаовар
Иҷтимоъ
15.08.2019 11:37
1122
То 30 июни соли равон дар Тоҷикистон 5 ҳазору 888 нафар ҳамчун нашъаманд сабти ном шудаанд, ки 128 нафари онҳо занон мебошанд. Зиёда 4 ҳазор нафар аз ҳисоби умумии нашъамандон афроде мебошанд, ки маводи мухаддирро бо усули тазриқӣ истеъмол мекунанд.
Ду нафар дар як ниҳоди Вазорати кишоварзӣ 96403,55 сомониро ғайриқонунӣ аз худ кардаанд
Иҷтимоъ
15.08.2019 10:43
1126
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷинояти сармуҳосиб ва муҳосиби Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъизироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо» - и Вазорати кишоварзии ҶумҳурииТоҷикистон ...
Ҷӯрахон Обидпур ва Фирӯз Ӯлмасов соҳиби ҷоизаи Иттифоқи композиторон шуданд
Адабиёт ва фарҳанг
14.08.2019 18:26
978
Ахиран Иттифоқи композиторони Тоҷикистон барандагони Ҷоизаи ба номи Борбадро дар соҳаи мусиқӣэълон кард. Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низом дар расми тантанавии эътои ҷоиза иброз дошт, ки озмуни мазкур моҳи июн эълон гардида буд.
ВКД боздошти Хуҷа-командирро тасдиқ кард
Хабар
14.08.2019 18:24
788
Хабаргузории tajikistantimes.com иттилоъ дод, ки як гурӯҳи вижаи вазорати умури дохилии кишвар бо сарварии Шоҳрух Сайидзода – Сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ин вазорат барои овардани Хӯҷа Каримов, мулаққаб ба Хӯҷа – командир ба Дубай сафар кардааст.
Муҳлати сабти симкортҳо то охири сол тамдид шудааст
Иҷтимоъ
14.08.2019 18:20
995
Аз субҳи имрӯз кулли хабаргузориҳои кишвар аз тамдиди муҳлати сабти дубораи симкортҳо бо ID-шиносномаҳо хабарҳо пахш мекунанд, вале хабари расмӣ то кунун интишор нашудааст. Аз ҷумла хабаргузории “Азия-Плюс” истинодан ба манобеъи худ гуфтааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати сабти симкортҳо бо ID-шиносномаҳо то охири соли равон тамдид кардааст.
Обу ҳавои панҷшанбе, 15-уми август
Хабар
14.08.2019 18:17
737
Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар рўзҳои 15-16 август низ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ мемонад. Дар баъзе ноҳияҳо (бо истиснои ВМКБ) шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 15-20м/с вазида, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои марказии ҷумҳурӣ чангу ғубор боқӣ мемонад.