03:10:27 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2005 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Амрико дигар ба Толибон ҳамла намекунад

Бино ба иттилои маҷаллаи амрикоии Newsweek мақомоти ин кишвар ба нерӯҳои худ дар Афғонистон дастур додааст, ки дигар ба Толибон ҳамла накунанд. Ин тасмим ба муҷарради поёни даври шашуми музокароти сулҳ бо Толибон эълон шудааст. Гуфта мешавад, ки Амрико аз поёни даври ҳаштуми музокароташ бо гурӯҳи тундрави Толибон қаноатманд аст ва ҳоло мехоҳад дигар бо мардони мусаллаҳи ин гурӯҳ даргир нашавад.

amriko 54455454Бино ба ҳамин гузориш нерӯҳои амрикоӣ гуфта шудааст, ки аз ин ба баъд машварат ба Вазорати дифои миллии Афғонистонро низ мутаваққиф кунанд. Ахиран Доналд Тромп-президенти Амрико эълон карда буд, ки нерӯҳои амрикоии мустақар дар Афғонистонро то нисф кам мекунад.

Ҳамсуҳбатони Newsweek, ки номи онҳо эълон намешавад, гуфтаанд, ки шеваи хуруҷи қувваҳои мусаллаҳои ИМА аз Афғонистон ба раванди даргириҳои ҷорӣ ва поёни музокарот бо Толибон бастагӣ дорад.

Хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон яке аз хостаҳои аслии гурӯҳи Толибон аст, ки танҳо ба ҳамин шарти асосӣ бо амрикоиҳо вориди гуфтушунид шуда буданд.

Аз ин пештар нашрияи пурнуфузи амрикоии “Вашингтон пост” низ ба нақл аз манбаъҳои худ дар ҳукумати Тромп навишта буд, ки қарор аст дар кутоҳтарин фурсат Пентагон нерӯҳояш дар Афғонистонро аз 8 то 9 ҳазор коҳиш диҳад.

Ахиран Зулмай Халилзод-фиристодаи вижаи Амрико дар гуфтушунид бо Толибон пас аз анҷоми даври шашуми музокарот дар Қатар хушбинии худро аз ҷараёни гуфтушунидҳо пинҳон надошт. Вай ба хабаргузориҳо гуфт, ки "мо барои мувофиқатномаи сулҳи доимӣ ва шарафмандона ва Афғонистони мустақил, ки ҳеч кишваре ба он таҳдид накунад, сахт талош мекунем ва дар канори мардуми Афғонистон ҳастем”.

Ҳарчанд Халилзод хеле хушбин аст, вале дар даври ҳаштуми музокарот ҳеч тавофуқе ба имзо нарасидааст ва ҳоло ҳам сарнавишти ҷанг дар Афғонистон номаълум аст. Аммо ҷонибҳо барои ҳамла накардан ба мавзеъҳои ҳамдигар тавофуқ доранд.

Дар ҳамин ҳол Ашраф Ғанӣ-Раиси ҷумҳури Афғонистон дар ибрози назар ба гуфтушунидҳои сулҳ бо Толибон гуфт, ки ҳукуматаш дар охирин рӯзҳои поёни ҳокимият қарор дорад ва наметавонад дар мавриди сулҳ тасмим бигирад. Вай дар ҳузури ҷамъе аз аъзои ҳукуматаш дар намози ид дар Арк гуфт, ки бояд интихобот баргузор шавад, як ҳукумати қавӣ сари кор ояд ва дар мавриди сулҳ тасмим бигирад.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi