22:13:55 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Боздошти ронандаи бадахлоқ: Вокуниши фаврии милисаи шаҳри Душанбе ба арзи сокинон

Соате баъд аз пахши хабари рафтори бадахлоқонаи ронандае нисбати як духтари ҷавон кормандони фаврии милитсияи шаҳри Душанбе дастбакор шуданд ва шахсияти ронандаро маълум ва бо роҳандозии амалиёти фаврӣ ӯро боздошт кардаанд. Рӯзи 12-уми август як ҷавондухтари сокини пойтахт бо ирсоли муроҷиат ва нашри маводе дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз дағалрафтории як ҷавонписар, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лада» аломати қайди давлатиаш 0014 ЕС 01 шикоят намуда, хостори андешидани чораи қонунӣ шуда буд.

dastgir 1111333333Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки ҳамагӣ баъди як соати пахши ин хабар зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ронандаи автомашинаи мазкурро муайян намуда, ронанда ва автомашинаи зикргардидаро ба Раёсати ВКД дар ш. Душанбе дастрас намуданд.

Маълум шудааст, ки ронандаи бадахлоқ Давлатов Заробиддин Иҳломиддиновичи 27-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ, деҳаи Навобод будааст ва мошини тамғаи «ВАЗ-21014» аломати қайди давлатиаш 0014 ЕС 01 мутааллиқ ба ӯст. Номбурда зимни пурсиш пурра ба амали содирнамудаи худ иқрор гардида, иброз доштааст, ки дар ҳақиқат санаи 12-уми август тахминан соати 20:20 дақиқа, ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе аз тирезаи автомашинаи худ дасташро бароварда, қисмати рони пои чапи ҷавондухтарро қапида, рафтори дағалона намуда, ҳамзамон бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ҷавондухтарро паст задаст.

Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати шаҳрванд Давлатов Заробиддин бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол карда шуд. 13 август бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Сино Давлатов Заробиддин 5 шабонарӯз ҷазои маъмурӣ гирифт ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати Раёсати ВКД шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

dastgir 11112222Дар ҳамин иртибот Раёсати ВКД шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки барои ифшои ҳар гуна ҳодисаҳои ҷиноӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ё муноқишаву чунин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ бо телефони 221-15-00, почтаи электронии Раёсат Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., саҳифаи расмии Раёсат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо номи «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» иттилоъ диҳанд.

Маврид ба таъкид аст, ки ин на аввалин вокуниши фаврии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба арзу шикояти корбарони шабакаҳои иҷтимоист. Дар гузашта низ борҳо ронандаҳои авбошу шӯрапушт баъди шикояти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ фаврӣ боздошт ва ба ҷазоҳои маъмурӣ гирифтор шудаанд. Раёсат филҳол дар сомонаи худ расми ин гуна афрордро интишор ва онҳоро ба ҷомеа шиносоӣ мекунад.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi