04:08:30 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Обу ҳавои чоршанбе, 14-август

Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар рўзҳои 14-16 август дар ҷумҳурӣ (ба истиснои ВМКБ) ҳавои ноустувор пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо шиддати то 15-20 м/с вазида, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои марказии ҷумҳурӣ чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво назар ба рӯзҳои пеш аз 5 то 80 коҳиш меёбад.

pogoda-dushanbe121245Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 17+19° гарм, рӯзона 34+36° гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеъи марказ низ ҳавои тағйирёбандаву бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 17+22°, рӯзона 31+36° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16°, рӯзона 24+29° гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда ва бебориш хоҳад буд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 17+22°, рӯзона 29+34° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13°, рӯзона 21+26° гарм мешавад.

Ҳавои шаҳри Хоруғ низ тағйирёбандаи бебориш буда, шабона 17+19°, рӯзона 30+32° гарм мешавад. Дар Мурғоб ҳарорати ҳаво шабона 10+12°, рӯзона 20+22° гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19°, рӯзона 27+32° гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10°, рӯзона 17+22° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 м/с вазида, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 18+23°, рӯзона 32+37° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 16+21°, рӯзона 27+32° гарм мешавад.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi