10:37:36 13-уми Июли 2025 сол

Иди Қурбон ба ҳамватанон муборак!

Сомонаи “Рӯзгор” кулли хонандагон ва мардуми шарифи кишварро ба муносибати фарорасии Иди шарифи Қурбон муборакбод мекунад.

eid 5465221Иди Қурбон дуввумин идест, ки барои кулли муслимини олам шариф аст. Иди қурби Илоҳист! Идест ҳикоят аз Ишқ мекунад, идест Муҳаббатро ба қалбҳо мехонад. Идест, ки нишон медиҳад Холиқи якторо чӣ гуна бояд дӯст дошт, бо Ӯ чӣ гуна бояд Ишқ варзид!

Идест, ки инсонҳоро ба ҳам наздик мекунад, муъмининро ба раҳмату шафқат, муҳаббат ба ҳамдигар мехонад. Яъне, Иди Қурбон ба маънои томаш ҷашни Ошиқон аст, ошиқони Худои пок, ҷашни онҳоест, ки Худои худро бо ҳамон покие, ки хости ӯст, мехонанд.

Ҳамаи Шуморо муборакбод мекунем. Бароятон аз Худованди бузург ризқи фаровон, баракот дар кору амал, меҳр, вафо, сидқ талаб дорем.

Рӯзгоратон нуронӣ бод!

Ҳар рӯзи шумо шодии идона дошта бошад!

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ