11:25:10 15-уми Июни 2026 сол

Хазина аз

"Сари бетани Салоҳиддин чанд рӯз дар яхдон буд..." Иҷтимоъ 05.03.2015 15:28 1143
Додгоҳи шаҳри Маскав замони ҳабси Иля Горячев, яке аз миллатгароёни руси муттаҳам ба 10 куштор, аз ҷумла қатли ваҳшиёнаи муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизовро то 16 май тамдид кард.
Обама: "Суханронии Нетаняҳу чизи наве надошт" Равзана ба ҷахон 05.03.2015 15:27 1158
Барак Обама дар вокуниш ба суханронии нахуствазири Исроил дар Конгресси ИМА алайҳи созиши эҳтимолии атомӣ бо Эрон гуфт, ки Бенямин Нетаняҳу дар суханрониаш ҳеҷ гапи тоза нагуфт ва ҳеҷ роҳи амалиро барои ҳалли ин мушкил пешниҳод накард.
Нигаронии 21 созмон аз эҳтимоли қонунӣ шудани "облава" дар Тоҷикистон Иҷтимоъ 05.03.2015 15:25 1029
Созмонҳои дохилӣ ва хориҷӣ мегӯянд, тарҳи нави қонун дар бораи "ӯҳдадориҳои ҳарбӣ" дар сурати тасвиб шуданаш "облава"-ро дар Тоҷикистон қонунӣ хоҳад кард. Иддаое, ки мақомот қабул надоранд.
Дусад муҳоҷири тоҷик аз Русия ба ҷангҳои Сурия рафтаанд Хабар 05.03.2015 15:23 947
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, гуфтааст, то кунун 200 ҷавони муҳоҷири тоҷик майдонҳои кор дар Русияро ба майдонҳои ҷанг дар Сурия иваз кардаанд.
Ба кӣ бовар кунем? Ба ТВ? Ба радио? Ё ба Интернет? Матбуот 05.03.2015 15:20 1351
Як пурсиш маълум кардааст, ки беш аз нисфи ҷавонон дар Тоҷикистон ба дурустии ахборе, ки аз матбуот мегиранд, чандон бовар намекунанд. Пиронсолон баръакс ба гуфтаҳои расонаҳои давлатӣ эътимод доштаанд.
Аз ҳукми Шӯҳрат Қудратов 5 солу 4 моҳ кам карда шуд Иҷтимоъ 05.03.2015 15:19 1047
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 3 март ҳукми Шӯҳрат Қудратов - муовини раиси ҳизби сотсиал-демократ ва вакили зиндонии Зайд Саидовро тағйир дода, то 3 солу 8 моҳ поин овардааст. Қудратов моҳи январи соли ҷорӣ ба 9 соли маҳбас маҳкум шуда буд.