12:03:59 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Аз ҳукми Шӯҳрат Қудратов 5 солу 4 моҳ кам карда шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 3 март ҳукми Шӯҳрат Қудратов - муовини раиси ҳизби сотсиал-демократ ва вакили зиндонии Зайд Саидовро тағйир дода, то 3 солу 8 моҳ поин овардааст. Қудратов моҳи январи соли ҷорӣ ба 9 соли маҳбас маҳкум шуда буд.

shurat-qudratov_12546565.jpgРаҳматулло Зоиров - вакили мудофеи Шӯҳрат Қудратов дар сӯҳбат бо мо гуфт, моддаи 247, қисми 4, яънеқаллобӣ” аз парвандаи нафари таҳти ҳимояташ ҳазф шуда, ба ҷои он 87 ҳазору 600 сомонӣҷарима муқаррар гардидааст. Аммо Зоиров гуфт, бо наҳваи таъини ҷарима розӣ нест ва аз болои он ба додгоҳи назоратӣ шикоят хоҳад бурд.

Инчунин, ба гуфтаи ӯ, ҳукми Шӯҳрат Қудратов аз рӯи моддаи 320, яъне “пешниҳоди пора”, тағйир дода шуда, аз се як ҳиссаи он кам карда шудааст. “Додгоҳ бар илова 7 моҳи дар боздоштгоҳи муваққатӣ будани Шӯҳрат Қудратовро ба эътибор гирифт ва 1 солу 8 моҳи зиндонашро бар асоси қонуни авф лағв кард”,-таъкид кард Зоиров.

Тағйири ҳукми зиндони Шӯҳрат Қудратов бар асоси шикояти вакили мудофеи ӯ ва баъд аз анҷоми интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон сурат мегирад. Бо вуҷуди он ки Қудратов дар боздоштгоҳ буд, вале номи ӯ тариқи рӯйхати ҳизбӣ барои дарёфти мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон аз тарафи ҲСДТ пешниҳод шуда буд.

Аммо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯзи 2 март эълон кард, ки ин ҳизб дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣҳамагӣ 0.5 дарсад овози сокинонро соҳиб шудааст, ки барои шомил гардидан ба парлумон кофӣ нест. Аҳзоб танҳо дар сурати ба даст овардани 5 дарсад аз раъйи сокинон дар ҳавзаи ягоани умумиҷумҳуриявӣ вориди парлумон хоҳанд шуд.

Шӯҳрат Қудратов, ки дар парвандаҳои пурсарусадои солҳои охир аз манфиатҳои афроде, чун раиси “Мовароуннаҳр” Ҷӯрабек Охунов, вазири собиқи умури дохила Ёқуб Салимов, вазири собиқи саноат Зайд Саидов ва аз ДиловаршоҳҚосимов, нафари муҷрим дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи “Ҷангали Тоҷик” ва шавҳари хоҳари калонии президенти Тоҷикистон, ҳимоят кардааст, 21 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод дастгир шуд.

Мақомот гуфтанд, ӯ мехост аз як муваккилаш бо номи Амиралӣ Суламаев, ки ба қаллобӣ айбдор мешуд, барои бастани парвандааш 2000 доллар гирифта, ба як додрас бидиҳад. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ин пулро ӯ бояд ба нафари ҷабрдида – раиси ширкати “Пайванд” Парвиз Бадалов - медод, то аз даъвояш алайҳи Суламаев гузарад.

Рӯзи 13 январи соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Душанбе бо ҳукми худ Шӯҳрат Қудратов - вакили боздоштшудаи тоҷикро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ (320 ва 247) - "додани пора" ва "қаллобӣ" - 9 сол аз озодӣ маҳрум кард ва додраси парванда гуфт, ин ҳуқуқдон баъди раҳоияш ду сол ҳаққи адвокатӣ низ надорад. Тоҳирбек Мӯсобекзода, додраси парванда, ҳангоми қироати хулосааш гуфт, ин ҳукмро дар асоси он ки Шӯҳрат Қудратов се фарзанди ноболиғ дорад ва, инчунин, татбиқи қонуни афв, гирифтааст. Қаблан, айбдоркунандаи давлатӣ ё намояндаи додситонӣ аз додрас хоста буд, Қудратовро барои 11 сол ба зиндони низомаш шадид фиристад.

Шӯҳрат Қудратов ва тарафдоронаш таъқибу боздошт ва ҳукми зиндони ӯро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ медонанд ва ба мавқеи фаъоли шаҳрвандиву сиёсии ӯ, аз ҷумла дар рафти ҳимоят аз вазири собиқи саноат Зайд Саидов рабт медиҳанд. Маҷмаи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз зиндонӣ шудани Шӯҳрат Қудратов изҳори нигаронӣ карда ва Ҳюман Райтс Вотч онро "сиёсӣ" номида буданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi