11:11:59 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

"Сари бетани Салоҳиддин чанд рӯз дар яхдон буд..."

Додгоҳи шаҳри Маскав замони ҳабси Иля Горячев, яке аз миллатгароёни руси муттаҳам ба 10 куштор, аз ҷумла қатли ваҳшиёнаи муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизовро то 16 май тамдид кард.

Salohiddin_56895645.jpgДафтари матбуоти додгоҳи шаҳри Маскав хабар дод, ки додгоҳи пойтахти Русия рӯзи 3 март замони ҳабси Иля Горячев, яке аз аъзои фаъоли БОРН - «Боевая организация русских националистов» (“Созмони ҷангии миллатгароёни рус”)-ро то 16 май тамдид кард. Иля Горячев, мулаққаб ба "Студент", яке аз раҳбарони БОРН аст, ки ҳамроҳ бо дигар аъзои ин банда ба дастикам 10 куштор дар заминаи адовати қавмӣ, аз ҷумла ба қатли ваҳшиёнаи муҳоҷири он замон 20-солаи тоҷик Салоҳиддин Азизов дар моҳи декабри соли 2008 айбдор мешаванд.

Тафтишот мегӯяд, аъзои БОРН дар заминаи адовати ақидатии қавмӣ даст ба куштор мезаданд.  Аъзои и банда аз ҷумла ба қатли вакили мудофеъ Станислав Маркелов, хабарнигори “Новая газета” Анастасия Бабурова, антифашистҳои шинохта Иля Ҷапаридзе, Иван Хуторской (мулаққаб ба “Костолом”) ва Фёдор Филатов, узви гурӯҳи “Шоҳинҳои Қафқоз” Расул Халилов, ки гурӯҳи ӯ ба “шикор”-и миллатгароёну скинҳедҳои рус машғул буд, айбдор мешаванд.

Куштори муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов бо онки ваҳшонияташ камтар аз ҷиноятҳои дигари БОРН набуд, зери сояи ин парвандаҳои пурсарусадо мондааст. Танҳо гоҳ-гоҳе дар қатори дигар ҷиноятҳои ин гурӯҳи миллатгаро аз Салоҳиддини ҷавонмарг ҳам ёд мекунанд.

БОРН тақрибан дар миёнаҳои солҳои 2000-ум пайдо шуда, бо бераҳмии фавқулоддааш нисбат ба мардуми ғайрирус фарқ мекард.  То имрӯз аз 9 узви мушаххасшудаи БОРН, ки дар солҳои 2008-2010 дастикам 10 нафарро дар заминаи адовати миллӣ куштаанд, 8 нафараш боздошт шуда ва якеи дигар, ки дар ҳоли фирор ба сар мебурд, дар Украина бар асари таркиши норинҷак(граната) кушта шудааст.

Моҳи сентябри соли 2014 раҳбари асосии БОРН Никита Тихонов бо ҷурми 6 куштор ва 2 қасди куштор, аз ҷумла барои нақшаш дар қатли Маркелов ва Бабурова ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Дӯстдухтари  Тихонов Евгения Хасис ва 5 узви дигари ин гурӯҳ низ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд ва танҳо Иля Горячев монда буд, ки соли 2014 аз Черногория дастгир ва ба Маскав оварда шуд.

Матбуоти Русия дар бораи дастикам 10 куштори анҷомшуда бо дасти гурӯҳи БОРН гузориш медиҳад, ки ҳамагӣ дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ ва бегонабадбинӣ ва дар фосилаи аз моҳи декабри соли 2008 то марти соли 2011 анҷом шудаанд. Рӯйхати қурбониҳои ин гурӯҳи даҳшатафканро, мутаассифона, ҳамин муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов оғоз мекунад.

Салоҳиддин Азизови он замон 20-сола, ки аз рустои Ҳоҷидурбӣ (собиқ Партизан)-и ноҳияи Шаҳритӯс буду дар амбори меваҷоти минтақаи Покровское дар вилояти Маскав ҳаммолӣ мекард, шаби 5 ба 6 декабри соли 2008, ҳамроҳ бо ҳамватани он замон 22-солааш Ҷамолиддин Алиев дар роҳи бозгашт аз ҷойи кор дар ҷангалзори атрофи рустои Жабкино ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ бо туфангчаҳои пневматикӣқарор гирифт. Шарики Салоҳиддин бо вуҷуди тир хӯрдан аз чаккаи сар тавонист фирор кунад ва хабари ҳамларо ба ҳамватанонаш бирасонад.

Хешовандони Салоҳиддин Азизов баъди чанде аз ҷойи ҳодиса танҳо ҷасади бесари ӯро пайдо карданд. Сари буридаи мақтул баъди чанд рӯз аз як қуттии ахлот дар ҳошияи идораи ҳукумати як минтақаи шаҳри Маскав ёфт шуд.

Пас аз ду рӯз қотилон тавассути почтаи электронӣ акси сари буридашудаи Салоҳиддинро ба чанд дафтари дифоъ аз ҳуқуқи башар, аз ҷумла ба Дафтари ҳуқуқи башари Маскав ва маркази «Сова» фиристоданд. Масъулияти қатли ваҳшиёнаи муҳоҷири тоҷикро гурӯҳи мавсум ба БОРН - Созмони ҷангии миллатгароёни рус - бар дӯш гирифта, ин кушторро рамзи муборизаи худ алайҳи ишғоли Русия аз сӯи мардуми ғайр номид.

“Новая газета”, ки хабарнигораш Анастасия Бабурова дар моҳи январи соли 2009 тасодуфан бо вакили мудофеъи маъруф Станислав Маркелов ҳадафи тири қавмгароён қарор гирифт, баъди 5 соли таҳқиқот дар соли 2014 дар як гузориши ҷамъбастӣҷузъиёти ҷиноятҳои бандаи БОРН, аз ҷумла чигуна куштани Салоҳиддин Азизов ва ду рӯз дар яхдон нигоҳ доштани сари буридаи ӯро қисса кардааст.

Нашрия аз парвандаи ҷиноии ин банда дар мавриди чигуна кушта шудани Салоҳиддин Азизов низ иқтибос овардааст: “Рӯзи 6 декабри соли 2008 Коршунов А.С., Паринов А.И., Тихонов Н.А., Горячев И.В. и дигар афроди аз тарафи тафтишот мушаххасношуда дар заминаи адоват ва хусумати идеологӣ як корду як корди мачете ва пистолети травматикии «Оса»-ро бо дастикам 4 тир ба ҳайси силоҳ истифода бурда, дар як ҷангалзор дар наздикии  шаҳраки Битеци ноҳияи Ленинои вилояти Маскав Азизов С.М.-ро куштанд.”

Ба навиштаи “Новая газета”, ба фарқ аз дафъаҳои дигар, ки ҷангиёни БОРН афроди аз лиҳози идеологӣ барояшон “бегона”-ро барои ягон амали мушаххасе, ки ба ин қавмгароён хуш намеомад, мекуштанд, Салоҳиддин Азизов як гастарбайтери оддӣ буд ва ӯро ҳамту барои “дилхушӣ”  ва “аз бекорӣ” куштаанд.

Нашрия ҷузъиёти ин ҷинояти мудҳишро низ рӯи саҳифааш овардааст, ки ҳатто аз хонданаш дар бадани одам ларза медарояд: “Вақте ки баъди ҳамла Азизов аз ҳуш рафт, сарашро буриданд. Баъди ин, азбаски намедонистанд, бо сар чӣ кор кунанд, сари мақтулро ба манзили Тихонов бурданд. Он дар яхдони Тихонов чанд рӯз нигоҳ дошта шуд. То замоне ки ба зеҳни қотилон фикре омад, ки онро бурда намоишкорона дар назди ҳукумати шаҳри Можайск партоянд. Маҳз аз тарафи БОРН дар бораи ин “амали сиёсӣ” баёнияҳо нашр шуда буд. Суоле пеш меояд: наход ин бачаи айнакдори соҳибмаълумот  -  Иля Горячев – бо корди мачете бадани одамро пора-пора кунад? Ӯ – на, вале нафаре даркор буд, ки  ин “амал”-ро фикр кунад. Ин қазия тақрибан тафтиш нашудааст.”

Ҳоло Иля Горячев дар ҳимоят аз худ ин хатро пеш гирифтааст, ки ӯ дар сафи БОРН идеолог буд, на қотил ва ба гуфтаи вакили мудофеи ӯ Николай Полозов, гӯё Салоҳиддин Азизовро на Горячев, балки Никита Тихонов ва Алексей Коршунов - ду узви дигари БОРН куштаанд.  Коршунов қаблан ҳатто прапоршики ФСБ - Хадамоти федеролии амнияти Русия - будааст.

Дар Русия бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон тобути беш аз 1000 муҳоҷири тоҷикро меоранд, яъне ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз дар ин кишвар дастикам 3 тоҷик ҳалок мешавад. Бархе бар асари тасодум, ё маризӣ ваё ягон фалокат дар ҷои кор ва бархе ҳам, мисли ин Салоҳиддини ҷавонмарг – дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳҳои қавмгаро.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi