13:44:59 01-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

"Рособрнадзор" ба Донишгоҳи славянӣ (РТСУ) иҷозаи фаъолият надод Иҷтимоъ 18.10.2014 20:32 1057
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, Хадамоти назорати таълиму парвариши Русия ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон шаҳодатномаи фаъолият надодааст. Аммо масъулони донишгоҳ инро радд мекунанд.
Ҳабси пешакии Муаттара Ҷӯраева ва шарҳи Оҷонсӣ Иҷтимоъ 18.10.2014 20:27 903
Оҷонсии мубориза бо коррупсия мегӯяд, Муаттара Ҷӯраева дар чанд ҳолат аз роҳи фиреб аз сокинон пул гирифта, аммо қарзи худро барнагардондааст. Аммо модараш бо ин иттиҳом розӣ нест.
Боздошти ду "узв"-и ноболиғи "Гурӯҳи 24" дар Душанбе Иҷтимоъ 18.10.2014 20:24 895
Ду сокини ҷавони Душанбе ба гумони таблиғи “Гурӯҳи 24” ва шиорашон алайҳи ҳукумати Тоҷикистон боздошт гардидаанд. Ин гурӯҳ рӯзи 10 октябр мардумро ба тазоҳурот хонда буд.
“Ҳоҷибарак” - бо Лимузин. Ҷаримаи ду зоири тоҷик барои “мӯд”-и нав Иҷтимоъ 18.10.2014 20:21 899
Кумитаи дин ду ҳоҷии тоҷикро барои пешвози бодабдаба аз сӯи наздиконашон, ки бо “Лимузин” ба фурудгоҳи Душанбе омада, онҳоро ботантана ба хонаҳояшон бурдаанд, ҷарима кардааст.
Қарори Саудӣ дар бораи гирифтани фақат 5 литр оби "Зам-зам" Иҷтимоъ 18.10.2014 20:20 926
Дар номаи Арабистони Саудӣ, ки дастраси мо шуд, гуфта шудааст, "интиқоли оби "Зам-зам" манъ карда мешавад, ба ҷуз 5 литре, ки ҳар иштирокчии мавсими Ҳаҷ-2014 ҳаққи бурдани онро дорад.”
Қатъи парвандаи пурсарусадои даврони нахуствазирии Эрдуғон Равзана ба ҷахон 18.10.2014 20:18 1067
Парвандаи пурсарусадое, ки дар замони нахуствазирии Раҷиб Таййиб Эрдуғон боз шуда, боис ба барканории се вазир гардида буд, ҳоло дар замони раёсати ҷумҳурияш қатъ шудааст. Шореҳон мегӯянд, ин ҳанӯз поёни кор нест.
Чаро Патрушев ба Душанбе омад? Хабар 18.10.2014 20:16 875
Ҷузъиёти сӯҳбати Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия, бо Эмомалӣ Раҳмон то ҳол рӯшан нест. Вале Сафорати Русия дар Душанбе мегӯяд, ин сафар ба овозаи "митинг"-и баргузорнашудаи 10 октябр ҳеч рабте надорад.
Ҳамлаи ғоратгарон ба манзили як сокини Ҳисор Хабар 18.10.2014 20:15 966
Як гурӯҳи роҳзанони мусаллаҳ бо корд ва чӯбдаст (бита) ба манзили як сокини ноҳияи Ҳисор ворид шуда, бо таҳдиди зӯрӣ аз он ҷо ба маблағи зиёда аз 8 ҳазор ҳазор сомонӣ воситаҳои пулӣ ва дигар чизҳоро бо худ бурдаанд.
Коҳиши содирот ва афзоиши воридот дар Тоҷикистон Хабар 18.10.2014 20:13 878
Дар ҳоле, ки мизони содирот дар Тоҷикистон аз ибтидои имсол то кунун 12 дарсад коҳиш ёфта, миқдори воридот бо афзоиши 20 дарсадӣ рубарӯ шудааст.
Абдуллоҳ: "То замоне масъулият доред, корро пеш мебаред" Равзана ба ҷахон 14.10.2014 00:57 832
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки баъд аз муборизаҳои зиёди интихоботӣ раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон шуд, ҷаласаи нахустини Шӯрои вазиронро баргузор кардааст.