19:55:09 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Абдуллоҳ: "То замоне масъулият доред, корро пеш мебаред"

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки баъд аз муборизаҳои зиёди интихоботӣ раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон шуд, ҷаласаи нахустини Шӯрои вазиронро баргузор кардааст.

doctor-abdulla-235897854.jpgАбдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон, рӯзи сешанбеи 13 октябр ҷаласаи нахустини Шӯрои вазиронро баргузор карда, татбиқи қонун, мубориза бо фасоди идорӣ, ҳукуматдории хуб, таъмини амният ва ислоҳоти густардаро аз авлавиятҳои корашон донист. Доктор Абдуллоҳ, ки дар даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон бо рақибаш Ашрафғанӣ Аҳмадзай тавофуқ кард ва курсии шахси аввалро ба ӯ доду худ раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллӣ шуд, дар ҷаласаи Шӯрои вазирон гуфтааст, ҳукумати ваҳдати миллӣ бояд посухгӯ ва хидматкори мардум бошад.

Бахши афғонии Радиои Озодӣ мегӯяд, қаблан Ашрафғанӣ Аҳмадзай низ борҳо ба ислоҳоти густарда дар идораҳои давлатӣ таъкид карда буд ва изҳороти доктор Абдуллоҳ монандие ба ҳарфҳои ӯ дошт. Ба қавли хабарнигори Радиои Озодӣ аз Афғонистон, мардум низ аз иқдомоте, ки Аҳмадзай тайи ду ҳафтаи ҳукуматдорияш анҷом додааст, истиқбол кардаанд ва мегӯянд, бояд тамоми ваъдаҳои суратгирифта аз сӯи раисиҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ амалӣ гардад.

Дар ҳамин ҳол яке аз нигарониҳо ин аст, ки вазирони сарпараст дар Афғонистон чӣ гуна бояд корашонро анҷом диҳанд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллӣ, дар ҷаласаи Шӯрои вазирон гуфтааст, корҳо бояд маътал нашаванд ва пас аз ин то ташкили кобинаи нав ҷаласаи Шӯрои вазирон ба гунаи муназзам идома хоҳад дошт. “Ман яқин дорам, ҳар кадоми Шумо ин тааҳҳудро дар сатҳи миллӣ, сиёсӣ, идорӣ ва нисбат ба мардуми Афғонистон додед, ки вазифаро то замоне ки масъулият бар дӯшатон ҳаст, ба пеш мебаред”,-афзудааст ӯ.

Доктор Абдуллоҳҳамчунон ба вазирони сарпараст гуфтааст, бояд дар мавриди барномаҳояшон ки то ҳанӯз амалӣ накардаанд, ба ӯ маълумот диҳанд. Мардуми одӣ ва шуморе аз коршиносони афғон мегӯянд, суҳбатҳои Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо изҳороте, ки дар рӯзҳои гузашта ва аз сӯи раисиҷумҳур Ашрафғанӣ Аҳмадзай сурат гирифтааст, мушобеҳ будааст. Онҳо ибрози умедворӣ мекунанд, ки ҳам Аҳмадзай ва ҳам Абдуллоҳдар ҳукуматдорӣ тамоми ваъдаҳои додаашонро ба иҷро хоҳанд расонд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi