04:10:52 01-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

Нирӯгоҳҳои моро кӣ бисозад? Русия? ё Чин? Ё..? Иҷтимоъ 03.09.2014 21:49 971
Шаҳрвандони Тоҷикистон ба пайвандҳои фарҳангии кишвари худ бо Эрон қоиланд, Амрикоро манбаи фанновариҳои нав мешуморанд, ба тавонмандиҳои молии Чин арҷ мегузоранд, вале мехоҳанд, ки тарҳҳои энержии кишварашонро Русия ба иҷро расонад.
17 ва 20 сол ҳукми зиндони ду "наркобарон" аз Тоҷикистон Иҷтимоъ 03.09.2014 21:47 947
Додгоҳи вилояти Маскави Русия шаҳрвандони Тоҷикистон Шавкатҷон Шокиров ва Фатҳуддин Фатҳуддиновро дар қасди қочоқи 115 кило маводи мухаддири сахттаъсири ҳероин мҷурим шинохта, ҳардуро мутаносибан ба мӯҳлати 17 ва 20 сол равонаи зиндон кард.
Ҳалокати як "амир"-и тоҷик дар Сурия Иҷтимоъ 03.09.2014 21:46 1078
Як тоҷики дигаре, ки хабари кушта шуданаш дар ҷангҳои Сурия ахиран дар Интернет нашр шуд, зоҳиран боз як зодаи шаҳри Кӯлоб аст. Наздиконаш мегӯянд, онҳо намедонистанд, ки Бобоҷон ба ҷанги Сурия рафтааст.
Раҳоии додраси гумонбар ба 4000$ ришва Хабар 03.09.2014 21:44 922
Додгоҳи олии Тоҷикистон Мирмаҳмад Одинаев, собиқ додраси додгоҳи ноҳияи Ваҳдат, 20-километрии шарқи Душанберо, ки ба гирифтани 4 ҳазор доллар ришва айбдор мешуд, аз толори додгоҳ раҳо кардааст.
Муовини раиси ҷумҳури пешини Эрон ба ҳабс маҳкум шудааст Хабар 03.09.2014 21:42 893
Ғуломҳусайн Муҳсинии Эжеӣ, сухангӯи қувваи қазоияи Эрон имрӯз, душанбеи 10 шаҳривар (аввали сентябр) дар як конфаронси матбуотӣ дар посух ба саволе дар мавриди парвандаи Муҳаммадризо Раҳимӣ, муовини пешини Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтааст ...
М.Кабирӣ: Пеш ё ақиб рафтани мо дар интихобот маълум мешавад Сиёсат 03.09.2014 09:56 920
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва вакили Маҷлиси намояндагон дар як гуфтугӯ бо мо дар бораи интихоботи қарибулвуқӯи интихоботӣ, маъракаи "бадномкунӣ"-и ин ҳизб, шеваҳои муборизаи сиёсӣ, пайванди ҲНИТ бо ҳизбу созмонҳои исломӣ дар хориҷ ва масоили дигар сӯҳбат кард.
Истиқболи Душанбе аз "ОК"-и Бонки ҷаҳонӣ ба тарҳи Роғун Роғун – ормони миллат 03.09.2014 09:53 2259
Мақомот ва иқтисоддонҳои тоҷик хулосаи коршиносони Бонки ҷааҳониро, ки бунёди сарбанди нирӯгоҳи Роғунро имконпазир хондаанд, худ истиқбол карданд. Акнун, мегӯянд онҳо, масъала пайдо кардани пул барои сохтани ин нирӯгоҳ аст.
Путин: Киевро дар 2 ҳафта мегирам Равзана ба ҷахон 03.09.2014 09:50 963
Суханони Путин, ки гуфтааст, агар даркор шавад, Киевро дар зарфи ду ҳафта мегирам, ба вокунишҳои тунде дар Ғарб рӯбарӯ шуда, Кремлро маҷбур кард, то ин сӯҳбатҳоро шарҳ диҳад.
Эътирози хушунатмомези фармондеҳи собиқ дар Сарбанд Иҷтимоъ 03.09.2014 09:48 974
Додгоҳи ноҳияи Бохтар Файзиддин Сайдалиев, як сокини ноҳияи Данғараро, ки феълан бошандаи шаҳри Сарбанд аст, ба хотири оташ задани бинои ҳукумати шаҳри Сарбанд ва идораи ноториалии ин шаҳр барои ду сол аз озодӣ маҳкум намуд.
"Давлати исломӣ" - ҳомии дин ё нирӯи сияҳкор? Равзана ба ҷахон 03.09.2014 09:46 987
Афзоиши шумори ҷангиёни тоҷик дар сафи нирӯҳои "Давлати исломӣ", ки дар Ироқу Сурия меҷангад, ба бовари таҳлилгарон, бояд мояи нигаронии ҷиддии Душанбе бошад. Аммо оё ин гурӯҳ аз куҷо бархоставу марзи даъвоҳои сиёсиву низомиаш то куҷо мекашад?