11:39:52 01-уми Июни 2025 сол

Хазина аз

Аксҳо аз намоиши китобҳои Покистон дар Тоҷикистон Аксҳо 12.06.2014 21:32 1411
Ҳафтаи гузашта дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Намоиши китобҳои Покистон дар Тоҷикистон доир гардид.Раиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон бо Покистон Кароматулло Олимов дар ифтитоҳи чорабинӣ изҳор намуд, ки баргузории намоишгоҳи китоб барои огоҳ шудан аз дастовардҳои илмию адабии ин кишвари мо дӯст кӯмак мерасонад.
Иттиҳодияи занони Тоҷикистон дар Иркутск таъсис ёфт Зан ва ҷомеъа 12.06.2014 21:19 1405
Бо ташаббуси Шӯрои ҷамъияти илмӣ-фарҳангии ба номи "Соотечественник"-и тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Руссия ва як идда занони фаъоли тоҷикистоние, ки муддати солҳои гуногун дар ин вилоят кору зиндагонӣ доранд, Анҷумани Иттиҳоди занони Тоҷикистони муқими вилояти Иркутски ФР ...
Намоиши китобҳои Покистон дар Тоҷикистон Адабиёт ва фарҳанг 12.06.2014 21:17 1212
Робитаҳои иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон сол то сол густариш меёбад. Ҳаҷми додугирифти ду кишвар тайи се соли охир аз 21 миллион доллар ба 100 миллион доллар расид.
Ҷоиза барои фотожурналистони ҷавон Матбуот 12.06.2014 21:14 1389
Дар озмуни фотожурналистони ҷавон, ки Бунёди байналмилалии Муҳиддин Олимпур дар шаҳри Душанбе баргузор кард, Ҷоизаи аввал ба Сурайё Хонова, хабарнигори родиои "Овози тоҷик" барои таҳияи мавод дар бораи мактаб интернати рақами 1 шаҳри Душанбе дода шуд.
Китобе дар бораи Талбаки Садриддин - Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Хабар 12.06.2014 21:12 921
Нашриёти "Адиб" китоберо бо унвони "Вориси Вахш" бо теъдоди 500 нусха ба табъ расонид. Китоби мазкур ба ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ- сарвари собиқи хоҷагии овозадори ба номи Ломоносови ноҳияи Шаҳритус ҳоҷӣ Талбаки Садриддин бахшида шудааст.
Дар Хуҷанд ба Содирхон Ҳофиз пайкара гузоштанд Хабар 12.06.2014 21:10 834
Рӯзи 5-ми майи соли равон дар шҳри Хуҷанд маросими пардакушоӣ аз пайкараи ёдгории хунёгар ва сарояндаи машҳури мусиқии "Шашмақом" Содирхон Ҳофиз бо ширкати раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баргузор шуд.
Дар Истаравшан сиккаҳои давраи Шайбониёнро пайдо карданд Хабар 12.06.2014 21:09 853
Як сокини шаҳри бостонии Истаравшан аз пайдо кардани 1459 тангаи мисии аҳди Шайбониён хабар додааст. Холбек Юлдошев, сокини Истаравшан мегӯяд бозёфти нодири таърихии ӯ мансуб ба асри XVI мебошад ва ин замонест, ки дар ин қаламрави Шайбониён ҳокимият доштанд.
Нилуфари тоҷик боз дар маркази таваҷҷуҳи озмуни дигари синамо дар Русия Хабар 12.06.2014 21:08 795
Филми "Она"-коргардони рус Лариса Садилова, ки моҳи августи соли гузашта дар ҷашнвораи байналмилалии "Окно в Европу" беҳтарин филми ҳунарӣ дониста шуда буд, имсол ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии "Сталкер" дар шаҳри Курски Русияро оғоз кард.
Президент бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон мулоқот кард Хабар 12.06.2014 21:07 756
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зирор Аҳмад Муқбили Усмониро ба ҳузур пазируфт. Бино ба хабари дафтари матбуотии Сардори давлат дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстию ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт Хабар 12.06.2014 20:54 718
Тибқи иттилои расонаҳои хабарии Покистон Навоз Шариф, нахуствазири ин кишвар 17-уми июни соли равон бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе меояд. Дар ҷараёни боздид ҷонибҳо масоили муҳими дохилӣ ва барои ҳар ду ҷониб афзалиятноки минтақаиро мавриди баҳс қарор хоҳанд дод.
sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854