01:50:15 06-уми Июли 2025 сол

Дар Истаравшан сиккаҳои давраи Шайбониёнро пайдо карданд

Як сокини шаҳри бостонии Истаравшан аз пайдо кардани 1459 тангаи мисии аҳди Шайбониён хабар додааст. Холбек Юлдошев, сокини Истаравшан мегӯяд бозёфти нодири таърихии ӯ мансуб ба асри XVI мебошад ва ин замонест, ки дар ин қаламрави Шайбониён ҳокимият доштанд.

istaravshan 12456556Ва сиккаҳои онҳо роиҷ буд. Тангаҳои ёфтшударо осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба арзиши 14 ҳазору 590 сомонӣ аз Х.Юлдошев харидааст. Бино ба гуфтаи ӯ осорхона ҳар тангаро 10 сомонӣ нархгузорӣ кардааст. Тибқи муқаррароти Қонун дар бораи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ 20 фоиз аз ҳисоби маблағи умумии муайянкарда шуда, яъне 2 ҳазору 918 сомонӣ ба суратҳисоби Холбек Юлдошев сокини шаҳри Истаравшан дар "Амонатбонк" гузаронида мешавад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ