15:36:51 18-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ҷоиза барои фотожурналистони ҷавон

Дар озмуни фотожурналистони ҷавон, ки Бунёди байналмилалии Муҳиддин Олимпур дар шаҳри Душанбе баргузор кард, Ҷоизаи аввал ба Сурайё Хонова, хабарнигори родиои "Овози тоҷик" барои таҳияи мавод дар бораи мактаб интернати рақами 1 шаҳри Душанбе дода шуд.

1-jadidonline 1Номи барандаи ин ҷоиза имрӯз дар поёни давраи омӯзишии панҷрӯза барои фотожурналистони ҷавон аз шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Қурғонтеппа эълом гардид. Дар ҷараёни ин давраи омӯзишӣ фотожурналистони ҷавон бо усул ва наҳваи кори аккосии дижитол, сабти садо, гирифтани видео бо телефони ҳамроҳ ва муқаррароти қонунҳо дар бораи фотожурнализм ошно шуданд. Онҳо ҳамчунин дар бораи равандҳои нав дар расонаҳои Тоҷикистон ва баъзе кишварҳои ғарбӣ иттилоъ гирифтанд.

Бунёди байналмилалии Олимпур ин давраи омӯзиширо бо кумаки Институти "Ҷамъияти кушода"-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва нашрияи интернетии "Ҷадид Онлайн" баргузор кард.

Ин давраи омӯзишӣ сеюмин давраи рӯзноманигории чандрасонаӣ ва фотожурнализм аст, ки Бунёди Муҳиддин Олимпур баргузор мекунад. Ҳадафи ин Бунёд гиромидошти хотираи Муҳиддин Олимпур, аккос ва хабарнигори тоҷик ва осори ӯ ҳаст. Аз соли 2007 то ҳоло беш аз 40 аккос ва хабарнигор тавонистанд маҳорату малакаи ҳирфаии худро беҳтар карда ва бо таҷрубаи муосир дар бахши рӯзноманигории чандрасонаӣ ошно шаванд.

Девид Мортон, узви собиқи шӯрои мудирони Бахши ҷаҳонии Би-би-сӣ ва узви ҳайати раёсати Бунёди байналмилалии Олимпур гуфт: "Талош ва ибтикороти фотожурналистони ҷавони тоҷик, ки дар ин давра ширкат карданд, маро таҳти таъсир қарор дод." Девид Мортон афзуд: "Мояи ифтихори худ медонам, ки Бунёди Олимпур ба рушди касбии фотожурналистони ҷавони тоҷик кумак мекунад."

Заур Дахте, наворбардор ва аккоси шинохтаи тоҷик, узви Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ва узви ҳайати раёсати Бунёди Олимпур гуфт: "Баргузории чунин давраҳои омӯзишӣ эътибори Бунёди Олимпурро боло мебарад. Фотожурналистони ҷавони мо на танҳо маҳорати аккосии худро такмил доданд, балки барои онҳо имконе фароҳам шуд то бо ҳамдигар аз наздик ошно шаванд ва шабакаи касбии худашонро эҷод кунанд."

2-jadidonline 1Нозимҷон Қаландаров, барандаи Ҷоизаи хабаргузории Рейтер дар бахши "Акси Сол" гуфт, "аксари фотожурналистони ҷавони ширкаткунанда дар ин давра алоқаманди беҳтар ёд гирифтани ҳунари аккосӣ ва наҳваи виростории аксҳои гирифтаашон дар барномаҳои мухталифи компютерӣ буданд."

Боқири Муъин, мудири Ҷадид Онлайн ва узви ҳайати раёсати Бунёди Олимпур яке аз раҳбарони давраи омӯзишӣ буд. Ӯ аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки "Бунёди Муҳиддин Олимпур дар рушди аккосӣ ва рӯзноманигории чандрасонаӣ дар Тоҷикистон нақши муҳиме ифо мекунад. Боқир Муъин афзуд: "Ин нукта ҳам муҳим аст, ки ба шарофати фаъолияти Бунёди Олимпур, зебоиҳои табиати Тоҷикистон ва ҷаззобиятҳои фарҳангии он дар арсаи фарҳанги ҷаҳонӣ бештар матраҳ мешавад. "

Заур Дахте ва Нозимҷон Қаландаров чанд машғулият баргузор карда ва ба ширкаткунандагони давраи омӯзишӣ машваратҳои амалӣ доданд.

Ҷоизаи дуюми Бунёди Олимпур ба Фаррух Қосимов, аккоси мустақил барои маводи "Душанбеи кухна ва нав" дода шуд. Ҷоизаи сеюмро Аҳмадшоҳи Султон, корманди вебсайти "Рӯзгор", барои маводи "Рӯзгори як Муйсафеди Аробакаши Тоҷик ба номи Бобои Абдуллоҳ " ба худ ихтисос дод.

Бунёди Олимпур бо фароҳам шудани имконоти молӣ ният дорад озмуни фотожурналисти ҷавонро ҳар сол баргузор кунад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №20, 11 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi