02:02:02 03-уми Июни 2025 сол

Президент бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон мулоқот кард

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зирор Аҳмад Муқбили Усмониро ба ҳузур пазируфт. Бино ба хабари дафтари матбуотии Сардори давлат дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстию ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд.

muloqot 3655612Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки  даври дуюми интихоботи президентӣ дар Афғонистон дар фазои мусоид ҷараён гирифта, боиси таҳкими бештари амну суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ мегардад. Президенти Тоҷикистон аз ҷумла гуфт, ки  "пас аз интихоб шудан ва ба иҷрои вазифаҳо шуруъ намудани Президенти нави Афғонистон муносибатҳои ҳусни ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвари мо боз ҳам густариш ва таҳким хоҳанд ёфт".

Аз судмандии ҳамкорӣ миёни сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ду кишвар дар мубориза бо хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори қаноат карда шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду савдо, энергетика ва нақлиёту роҳсозӣ зоҳир гардид.

Аз фаъолияти босамари хатти барқии 220-киловолтаи Сангтӯда-Пули Хумрӣ изҳори хушӣ намуда, ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки барои татбиқи босамари лоиҳаи сохтмони хатти барқии 500-киловолтаи CASA-1000 низ дар ҳамоҳангӣҷаҳду талош бояд кард. Ҳамин гуна ҳамкорӣ доир ба сохтмони босуръат ва босифати роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, кашидани лӯлаи газ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва татбиқи босамари дигар лоиҳаҳои минтақавиии зербиноӣ зарур шумурда шуд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854