15:31:41 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Тибқи иттилои расонаҳои хабарии Покистон Навоз Шариф, нахуствазири ин кишвар 17-уми июни соли равон бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе меояд. Дар  ҷараёни боздид ҷонибҳо масоили муҳими дохилӣ ва барои ҳар ду ҷониб афзалиятноки минтақаиро мавриди баҳс қарор хоҳанд дод. Ҳамчунин вазъ дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар ин мулоқот мавриди муҳокима сурат мегирад.

ххх

124554khabarho-2014-2015Бонки умумиҷаҳонӣ эълон кард, ки иқтисоди Чин эҳтимол дорад ба 7,5 дар сади қаблан пешбинишуда мерасад, вале ҳукуматдоронро лозим меояд басо устуворона сектори буҷавӣ ва молиявиро ислоҳ кунанд, то ба сабабҳои аслии мушкилоти қарзӣ расида тавонанд. Бонки умуиҷаҳонӣ интизори онро дорад, ки иқтисоди Чин ба ҳадди 7,6 фоиз рушд мекунад, вале тахмин мекунад, ки соли 2015 ин нишондиҳанда то 7,5 дар сад коҳиш хоҳад ёфт.

Рӯзи панҷшанбеи гузашта Хазинаи байналмиллалии асъор эълон карда буд, ки интизор меравад иқтисоди Чин дар ин сол 7,5 дар сад рушд кунад, вале як сол баъд он аз суръат мемонад ва танҳо 7 дар сад боло хоҳад рафт. Аммо мақомоти Чин мегӯянд тибқи нақша дар солҳои 2014-2015 танҳо рушди 7 дар сади иқтисод пешбинӣ мешавад ва на аз ин бешу кам.

ххх

Додтор Абдуллоҳи Абдуллоҳ, номзади аслӣ ба курсии раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи ҷума аз як амали террористии тарҳрезишуда ҷон ба саломат бурд. Ду бомб ба дунболи ҳамдигар дар мавзеъе мунфаҷир шуд, ки доктор Абдуллоҳ бо интихобкунандагонаш мулоқот дошт. Бар асари он тибқи иттилои пулиси маҳаллӣ 4 нафар куштаву теъдоди аз ин бештар захмӣ шуданд. Сиддиқ Сидиқӣ-сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон эълон крад, ки дар миёни афроди захмӣ муҳофизони доктор Абдуллоҳ низ ҳастанд.

Аммо ба худи доктор осебе нарасид. Сухангӯи вазорати умури дохила гуфтааст, ки бами дуюм замоне инфиҷор ёфт, ки доктор аз мулоқот бо аъзои ҳизби Ваҳдати исломӣ хориҷ мешуд. Маврид ба ёдоварист, ки доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ пешсафи сабқати интихоботӣ буда, эҳтимолияти пирӯзиаш дар дуюмин даври интихобот зиёд мебошад. қарор аст даври дуюми интихобот бо ширкати ӯ ва Ашраф ғанӣ Аҳмадзай рӯзи 14-уми июн баргузор шавад.

ххх

Рӯзи шанбеи гузашта, 7-ми май дар Тоҷикистон барои барои 103 ҳазору 162 нафар хатмкунандагони мактабҳои миёна "Занги камолот" садо дод. Вазорати маорифи кишвар эълон карда буд, ки барои баргузории ин маросим ҳамагӣ 45 дақиқа вақт ҷудо шудааст ва ҳар гуна чорабинии берун аз регламенти муқарраршуда ғайриқонундониста мешавад. Аслан мутобиқи қонунгузорӣ, тайи 6 соли ахир чорабиниҳои пуршукӯҳ бо иштироки хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар Тоҷикистон манъ аст.Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саидов дар маъракаи "Занги камолот"-и мактаби байналмилалии президентӣ ширкат кардааст.

ххх

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав эълон кард, ки тоҷики дар боздоштгоҳи рақами 3 пойтахти Русия худкушӣ карда Назриев Шералӣ Файзалиевичи 34-сола буда, ки барои ҷинояти 228 1 кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия гумонбар дониста мешавад. Дар айни замон иҷозаи интиқоли ҷасади Шералӣ аз сардхонаи рақами 10 дастрас нашудааст. Сабаби худкушӣ номаълум аст. Дар хабарномаи сафорат аз ҷумла омада, ки кормандони идораи дипломатии Тоҷикистон ин ҳодисаро зери назорат гирифтаанд.

Тибқи иттилои "БалтИнфо ин табаъаи Тоҷикистон рӯзи 4-уми июн худро дар боздоштгоҳ ба дор кашид. Номбурда ба қочоқи маводи мухаддир гумонбар дониста мешуд ва рӯзи чоршанбе суди ноҳияи Никулинои шаҳри Маскав барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳайати гурӯҳи муташаккил, ӯро ба 19,5 соли зиндон маҳкум намудааст. Пас аз қироати ҳукм ӯро ба тавқифгоҳ овардаанд, ки дар он ҷо ӯ дарҳол даст ба худкушӣ задааст", - иттилоъ дода буд хабаргузорӣ.

ххх

Генерал Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ ба ҳайси президенти Миср қасам ёд кард. Тибқи иттилои хабаргузориҳо дар Қоҳира ва бахусус дар атрофи қасре, ки Сисӣ қасами президентӣ ёд мекард, тадобири шадиди амниятӣ андешида шуданд. Баъд аз маросими савганд дар Кохи раёсатҷумҳури Ал-Иттиҳодия зиёфат ташкил шуд, ки дар он сиёсатмадорон, ҳайатҳо ва сафирони кишварҳои хориҷӣ ширкат карданд.

Генерал Ас-Сисӣ сарварии табаддулоти зидди Муҳаммад Мурсиро ба уҳда дошт ва баъди он ки амалан сари қудрат қарор гирифт, бо дастури ӯ неруҳои амниятии Миср зимни саркӯбии ҷунбиши Ихвон-ул-муслимин садҳо нафар ҷонибдорони президенти собиқро куштаву, ҳазорони тани дигарро боздошт карданд. То имрӯз садҳо тан аз ҷонибдорони Ихвон-ул-муслимин ба қатл маҳкум шуданд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi