02:12:35 03-уми Июни 2025 сол

Дар Хуҷанд ба Содирхон Ҳофиз пайкара гузоштанд

Рӯзи 5-ми майи соли равон дар шҳри Хуҷанд маросими пардакушоӣ аз пайкараи ёдгории хунёгар ва сарояндаи машҳури мусиқии "Шашмақом" Содирхон Ҳофиз бо ширкати раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баргузор шуд. 

Ин пайкарраи диданиро, ки Даврони Раҳматзод тарошидааст, дар назди коллеҷи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофиз гузоштанд. Гуфта мешавад, ки коллеҷи мусиқии мазкур аз қадимитарин муассисаҳои таълимӣ ба шумор рафта, имсол 85-умин солгарди таъсиси худро ҷашн мегирад.  

Содирхон Ҳофиз соли 1847 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст ва соли 1931 дар ҳамин шаҳр дида аз олам бастааст. Вай аз ҷумлаи шинохтатарин чеҳраҳои ҳунарии шашамақомхони тоҷик буд, ки дар як радиф бо Ҳоҷӣ Абдулазизи саамарқандӣ ва Ливичаи Бухороӣ қарор дошт. Мутаассифона, на ҳама таронаҳои сурудаи ин сарояндагони нотакрор то замони мо омода расидаанд.

Гарчанде бахше сурудҳои дар грамафони он солҳо сабтшуда маҳфузанд, вале қисмати бештари таронаҳояшон дар нотаҳо боқӣ монда бошанд ҳам садояшон нест. Чун он замон техникаи сабт мисли имрӯз рушдкарда набуд. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин аз он чанд таронае, ҳам, ки боқӣ мондааст, истеъдоду маҳорати сарояндагии ин нобиғаҳо аён аст.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854