18:58:37 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Намоиши китобҳои Покистон дар Тоҷикистон

Робитаҳои иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон  бо Ҷумҳурии Исломии Покистон сол то сол густариш меёбад. Ҳаҷми додугирифти ду кишвар тайи се соли охир аз 21 миллион доллар ба 100 миллион доллар расид.

1 namoishi-kitob 11221Ҳафтаи гузашта дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Намоиши китобҳои Покистон дар Тоҷикистон доир гардид.Раиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон бо Покистон Кароматулло Олимов дар ифтитоҳи чорабинӣ изҳор намуд, ки баргузории намоишгоҳи китоб барои огоҳ шудан аз дастовардҳои илмию адабии ин кишвари мо дӯст кӯмак мерасонад.

-Мо умед мекунем, к и бо мусоидати ҷониби Покистон дар шаҳри Исломобод низ намоиши китобҳои Тоҷикистон баргузор мегардад-гуфт Кароматулло Олимов-Ба ин восита дӯстони покистонии мо, аҳли илму адаби Покистон бо дастовардҳои адабиёту фарҳанги мардуми тоҷик ошно хоҳанд шуд.

Аксҳо аз намоиши китобҳои Покистон дар Тоҷикистон

3 namoishi-kitob 11221Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амҷад Ҳусайн дар бораи муштаракоти фарҳангию таърихии мардуми ду кишвар сухан ронда, гуфт, ки мо аз меҳру муҳаббати мардуми тоҷик ба шоири миллии Покистон доктор Муҳаммад Иқболи лоҳурӣ огоҳ ҳастем. Аз ин рӯ дар намоишгоҳ гӯшаи махсусе ба эҷодиёти ин мутафаккири моҳир ҷудо карда шуд.

Амҷад Ҳусайн ба ҳозирин иттилоъ дод, ки пажуҳишгари тоҷик Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ барои таҳияи китоби  "Куллиёти Иқбол" бо алифбои кириллӣ дар Покистон соҳиби ҷоизаи махсус гардид. Сафир намоишгоҳи китобро "як гӯшаи Покистон дар Тоҷикистон" номида, ҳозиринро ба он хайра мақдам гуфт.

Меҳмонони намоишгоҳ бо гӯшаҳои "Адабиёт", "Фарҳанг", "Санъат", "Таърих", "Сиёсат" ва "Туризм" ошно шуда, ба осори Муҳаммад Иқбол, Асадуллоҳи Ғолиб, Файз Аҳмади Файз, китобҳои "Адабиёти Покистон", "Тазкираи шуарои Кашмир" бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Намоишгоҳ ду рӯз давом кард.

С. Суннатӣ, барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №20, 11 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi