Хазина аз
САФИ ГЕНЕРАЛҲОИ ТОҶИК БОЗ АФЗУД
Иқтисод
01.08.2011 17:52
1809
Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба 13 нафар аз афсарони нерӯҳои мусаллаҳ унвони олии низомии генералӣ эъто шудааст. Аз ҷумла панҷ нафар ба шумули раиси кумитаи амнияти миллӣ, муовини ӯ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ...
КӯЛОБ: КУРИЁИҲО РАВЕД, ТУРКҲО ОЕД
Иҷтимоъ
01.08.2011 17:50
1327
Идораи заминсозии Кӯлоб шартнома дар бораи истифода аз 1 200 ҳектор заминро, ки бо куриёиҳо имзо карда буд, лағв намудааст. Ду сол пеш куриёиҳо барои кишти шолӣ аз ноҳияи Фархори минтақаи Кӯлоб замин дастрас карда буданд.
ЧАҲОР ХОНАВОДАИ ТОҶИКИСТОНӢ АЗ РУСИЯ ДИПОРТ МЕШАВАНД
Хабар
01.08.2011 17:49
1475
Чаҳор хонаводаи Тоҷикистон ба иттиҳоми гадоӣ аз шаҳри Челянбински Русия ихроҷ хоҳанд шуд. Игор Иванов, раҳбари бахши Вазорати умури дохилаи Русия дар шаҳри Челябинск ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, ки ин афрод аз Тоҷикистон ба хотири дарёфти кор ин шаҳр омада, ахиран бидуни сарпаноҳ монда ва ба гадоӣ машғул шудаанд.
САРМУРАББИИ ДАСТАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ИСТЕЪФО ДОД
Хабар
01.08.2011 17:49
1748
Пӯлод Қодиров, сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон аз мақоми худ истеъфо дод. Рӯзи 1-уми август дар ҷаласаи шӯрои кумитаи иҷроияи ФФТ аризаи истеъфои Пӯлод Қодиров аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон пазируфта шуд.
"ФАСОДКОРИИ" 19 МАҚОМИ МАҲАЛЛИИ ХАТЛОН ОШКОР ШУД
Хабар
01.08.2011 17:48
2267
Бахши ожонсии мубориза бо фасод дар Хатлон дар нимсолаи аввал алайҳи 19 нафар аз кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар робита ба 50 ҷиноят парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
ОЁ НИЁЗЕ БА ТАҚСИМИ ХАТЛОН БА ДУ ВИЛОЯТ ҲАСТ?
Иҷтимоъ
01.08.2011 13:37
1418
Мақомоти расмии Хатлон пешниҳодҳо дар мавриди ба ду минтақаи ҷудогона тақсим шудани Қӯрғонтеппа ва Кӯлобро нозарур мехонанд. Имрӯзҳо дар расонаҳо ишораҳое меравад, ки замони барҳам задани вилояти Хатлон расидааст.
ХИТОБИ Э.РАҲМОН БА ТОҶИРОН: "МАҲСУЛОТРО АРЗОН КУНЕД"
Иҷтимоъ
01.08.2011 13:34
1572
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз тоҷирон хост, ки дар моҳи шарифи Рамазон дари хайру эҳсонро боз кунанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, шоми якшанбе мардуми кишварро ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик кард ...
ДАЪВАТИ РАМАЗОНИИ ТӮРАҶОНЗОДА АЗ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Иҷтимоъ
01.08.2011 13:30
1449
Агар раисиҷумҳур қонуни масъулияти волидайнро имзо кунад, намози таровеҳ бе ширкати то 18-солаҳо доир хоҳад шуд. Моҳи шарифи Рамазон рӯзи якуми август шурӯъ шуда, дар давоми 30 рӯз мусулмонони Тоҷикистон рӯзадор хоҳанд буд.
НООРОМИҲО ДАР МИНТАҚАИ МАРЗИИ ЧИН БО ТОҶИКИСТОН 15 КУШТА ДОД
Хабар
01.08.2011 13:28
1356
Бар асоси иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ дар даргириҳои рӯзҳои шанбеву якшанбе, дар ноҳияи Шинҷон, минтақаи ҳаммарзи Тоҷикистон бо Чин, дасти кам 15 нафар кушта шудаанд. Хушунатҳо рӯзи шанбе, бо ҳодисае оғоз шуданд, ки ду нафар мошини борбарро берун аз роҳ, ба сӯйи одамон ронда ва одамон бо корд ҳамла мекунанд.