НООРОМИҲО ДАР МИНТАҚАИ МАРЗИИ ЧИН БО ТОҶИКИСТОН 15 КУШТА ДОД
Бар асоси иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ дар даргириҳои рӯзҳои шанбеву якшанбе, дар ноҳияи Шинҷон, минтақаи ҳаммарзи Тоҷикистон бо Чин, дасти кам 15 нафар кушта шудаанд. Хушунатҳо рӯзи шанбе, бо ҳодисае оғоз шуданд, ки ду нафар мошини борбарро берун аз роҳ, ба сӯйи одамон ронда ва одамон бо корд ҳамла мекунанд.
Дар он ҳодиса шаш нафар ва яке аз ҳамлагарон кушта шуд. Бар асоси иттилоъи хабаргузории Шинҷон рӯзи якшанбе инфиҷори бумб дар инҷо ҷони се нафарро гирифта ва пулиси чинӣ “чаҳор муттаҳам ба даст доштан дар ин ҳодисаро” ба зарби гулӯла кушт. Хабарнигори Би-би-сӣ дар Пекан гузориш дод, ки хушунатҳо то авохири рӯзи якшанбеи 31-уми июл идома доштанд.
Мусулмонони уйғур, ки бо Осиёи Миёна қаробати наздик доранд, аксарияти ҷамъияти ноҳияи Шинҷон, минтақаи ҳамарз бо Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Расонаҳо ба нақл аз мақомоти маҳаллӣ гузориш кардаанд, ки ҳамлагарон дар ҳар ду ҳодиса уйғурҳо будаанд.
Хабаргузории давлатии Тяншан хабар додааст, ки қотилони ҳодисаи ҳодисаи рӯзи шанбе нахуст ронандаи мошини борбареро, ки дар назди чароғи роҳ таваққуф карда буд, куштанд ва сипас мошинро ба сӯйи роҳрав ронда ва ба куштори раҳгузарон шурӯъ карданд. Дар ин ҳодиса гурӯҳе аз мардҳои раҳгузар ба ҳамлагарон ҳамлаи ҷавобӣ карда, яке аз онҳоро куштанд ва дигарӣ боздошт шудааст.
Хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтанд, ки қабл аз ин ҳамла ду инфиҷор сурат гирифтааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса ҳашт нафар ба бемористон интиқол дода шуда буд. Аммо да рӯзи якшанбеи 31-уми июл боз ак инфиҷор рух дод, ки дар асари он се нафар, бо шумули як маъмури полис кушта шуданд. Гузориш шудааст, ки пулис дар робита ба ин ҳодиса чаҳор мазнунро куштааст. Ин дувумин бурузи хушунатҳо дар вилояти Синзён аст.
Рӯзи 18-уми июл чанд маъмури пулис ва чанд ғайринизомӣ дар ҳамлае ба як истгоҳи пулис дар шаҳри Ҳотан кушта шуда буданд. Мақомоти Чин гуфтаанд, ин ҳамла кори дасти “турруристон” аз миёни ақалияти уйғури Чин аст. Фаъолони уйғуг гуфтанд, ки рафтори мақомоти амниятӣ масъули ангехтани хушунатҳо будааст, зеро онҳо ба сӯйи тазоҳуркунандагони ором тир шиллик карданд.
Би-Би-Си