02:30:38 02-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

АНҶОМИ МУҲОКИМАИ ПАРВАНДАИ МАҲБУСОНИ ФИРОРӢ Хабар 04.05.2011 15:13 1845
Ҳайати мушовараи низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи маҳбусони фирориро ба анҷом расонид. Аз ҷумла додгоҳ Абдурасул Мирзоев, бародари генерал Ғаффор Мирзоевро ба 30 соли маҳрумият аз озодӣ мақкум кард.
МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ ДИФОИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН Хабар 04.05.2011 15:10 1710
Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон дар Исфара бо ҳамтои қирғизи худ мулоқоту гуфтугӯ анҷом додааст. Ба навиштаи хабаргузории "Азиа Плюс", меҳвари гуфтугӯи Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон ва Ҳабибулло Худойбердиев ...
БОЗДОШТИ ЯК ЗАН БАРОИ ФУРӮШИ КӮДАКИ СЕСОЛААШ ДАР ХУҶАНД Хабар 04.05.2011 15:08 1792
Як сокини шаҳри Хуҷанд ба занни даст доштан дар фурӯши кӯдаки сесолааш боздошт шудааст. Тибқи иттилоъи манобеъи пулиси вилояти Суғд, маъмурони давлатӣ Евгения Ясавееваи 28-соларо ахиран дар истгоҳи қатори шаҳри Хуҷанд ба ҳангоми фурӯши тифлаш ба як сокини шаҳри Чкаловск дастгир кардаанд.
МАҲДУДИЯТИ РАФТУ ОМАД ДАР МИНТАҚАИ ШЕНГЕН БАРРАСӢ МЕШАВАД Хабар 04.05.2011 15:07 1446
Интизор меравад намояндагони кишварҳои урупоии узви паймони Шенген дар ҷаласае дар рӯзи чаҳоршанбе, пешниҳоди барқарории маҳдудият дар истифода аз визои Шенгенро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
ДАРХОСТИ FAO АЗ КИВШАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ Хабар 04.05.2011 15:06 1560
Раиси Созмони Маводди Ғизоӣ ва Кишоварзии СММ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват ба амал овардааст, ки дар заминаи тиҷорати озоди маводди ғизоӣ ва кишоварзӣ ҳамкории худро тақвият бахшанд.
ҲАЛОКАТИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ЗАНОЗАНИИ ГУРӮҲӢ ДАР МАСКАВ Хабар 04.05.2011 10:44 1609
Расонаҳои хабарии Русия иттилоъ додаанд, ки дар натиҷаи як задухӯрд байни муҳоҷирони тоҷик ва доғистонӣ дар шарқи Маскав 1 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва ду тани дигар шадидан маҷрӯҳ шудаанд.
ИЗҲОРОТИ САФИРИ ИМА КЕН ГРОСС БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОЗОДИИ МАТБУОТ Матбуот 04.05.2011 09:39 2197
Аз номи Сафорати ИМА ман мехоҳам ба халқи Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот табрикоти худро изҳор намоям. Эъломияи умумии ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид озодии матбуотро ҳамчун пояи асосии ҷомеаи демократӣ ҳимоя менамояд.
ДАР САРИ ҚАБР ДАРАХТ ШИНОНДАН ХУБТАР АСТ Ё САНГ ГУЗОШТАН? Дин ва ҷомеъа 04.05.2011 09:35 3947
Вақтҳои  охир дар  қабристонҳои Тоҷикистон гузоштани санги мазор мӯд шудаасту рӯз то рӯз теъдоди мизоҷони санги мазор афзоиш меёбад. Сангтарошон бо истифода аз санъати сангтарошӣ болои санги мазор, ба усулҳои ҳаккокӣ ному насаб, оятҳои Қуръону аҳодиси Паёмбар(с) ...
РИСОЛАТИ МАҲФИЛИ АДАБӢ: «ГУЛБАЗМ» ЧАҲОРДАҲСОЛА ШУД Адабиёт ва фарҳанг 04.05.2011 09:29 4312
Солҳои 80-уми асри гузашта дар маркази вилояти Хатлон (собиқ Қӯрғонтеппа) маҳфили адабии «Гулбарг» фаъолият дошт ва онро марҳум Пиримқул Сатторӣ роҳбарӣ мекард. Камина, ки худ узви он маҳфил будаму аз сӯҳбати устодоне чун Пиримқул Сатторӣ, Зуҳуриддин Суярӣ, Ғафур Мулло ...
ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТ БАРАК ОБАМА ДАР МАВРИДИ ТЕРРОРИСТ УСОМА БИН ЛОДАН Равзана ба ҷахон 04.05.2011 09:23 1241
Шоматон бахайр. Имшаб ман метавонам ба мардуми Амрико ва тамоми ҷаҳон бигӯям, ки Иёлоти Муттаҳида як амалиётеро пиёда сохтанд, ки дар натиҷаи он Усома бин Лодан, террористе, ки сабабгори марги ҳазорон марду зану кӯдакони бегуноҳ гаштааст, кушта шуд.