17:10:06 02-уми Июни 2025 сол

ДАРХОСТИ FAO АЗ КИВШАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Раиси Созмони Маводди Ғизоӣ ва Кишоварзии СММ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват ба амал овардааст, ки дар заминаи тиҷорати озоди маводди ғизоӣ ва кишоварзӣ ҳамкории худро тақвият бахшанд.

Жак Диуф, ин мавзӯъро дар нишасти иқтисодӣ дар Остона матраҳ карда ва аз мушкилоти марбут ба таъмини амнияти ғизоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон ибрози нигаронӣ кард.

Вай гуфт, ки агар давлатҳои кишварҳои минтақа дар заминаи доду гирифти маҳсулоти кишварзӣ, ба вижа гандум ҳамкорӣ накунанд, чунин амр метавонад, мушкилоти сангини иҷтимоъӣ ба бор орад. Вай таъкид кард, ки масъалан "тасмимоти ҳамоҳангношудаи бархе аз кишварҳои минтақа барои кунтрули қиммати маводди ғизоӣ дар замони бӯҳрони иқтисодии солҳои 2007 то 2008, вазъро дар минтақа бадтар" карда буд.

Аз сӯйи дигар оқои Диуф гуфт, кишварҳои минтақа барои пешгӯии тағйири қимати маводди ғизоӣ ба эҷоди системи ягонаи ҳушдор дар бораи ҳаводиси табиъӣ ва назорат ба тағйири иқлим ниёз доранд.

Ин мақоми Созмони Маводди Ғизоӣ ва Кишоварзии СММ гуфтааст, ки Қазоқистон, ки содиркунандаи аслии гандум дар минтақа аст, зарфияти хубе барои афзоиши тавлидоти кишварзии худ дорад, ки метавонад дар беҳбуди амнияти ғизоии минтақа ва ҷаҳон таъсири мусбат дошта бошад.

Ин даъвати созмони байналмилалӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки кишварҳои минтақа бо афзоиши бошиддати қимати маводди ғизоӣ ба далоили мухталиф, аз ҷумла боло рафтани баҳои маводди сӯхт дар ҷаҳон рӯбарӯ ҳастанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854