01:46:15 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РИСОЛАТИ МАҲФИЛИ АДАБӢ: «ГУЛБАЗМ» ЧАҲОРДАҲСОЛА ШУД

Солҳои 80-уми асри гузашта дар маркази вилояти Хатлон (собиқ Қӯрғонтеппа) маҳфили адабии «Гулбарг» фаъолият дошт ва онро марҳум Пиримқул Сатторӣ роҳбарӣ мекард. Камина, ки худ узви он маҳфил будаму аз сӯҳбати устодоне чун Пиримқул Сатторӣ, Зуҳуриддин Суярӣ, Ғафур Мулло, Саидҷамол Зиёӣ, Шарифамоҳи Кишвардухт (рӯҳашон шод бодо!), Зариф Ибод, Муҳаммадалӣ Аҷамӣ, Сиёвуш, Қиёмиддин Сатторӣ, Исроили Иброҳим, Нуриддини Ҷаронӣ ва дигарон баҳраҳо бардошта будам, меҳри сухан, хоса шеъргӯиву рӯзноманигорӣ аз ҳамон замон дар дилам ҷӯш мезад.

mahfili-adab_32363.jpg

Ҷанги таҳмилии солҳои 90-ум ба фаъолияти маҳфили вилоятӣ таъсири худро расонд ва чанд муддат касе дар фикри маҳфилу шеъру шоирӣ набуд. Хушбахтона, аз соли 1993 маҳфили адабии вилоятӣ бо омадани шоир Хайрандеш дубора барқарор гардид. Инҷониб аз эҳёи дубораи маҳфили адабӣ хеле шод шуда, яке аз иштирокчиёни фаъоли он ба ҳисоб мерафтам. Ҳамин тавр барои маҳфилороиву таҳрир кардани шеъру ҳикояҳо то андозае малака ҳосил намудам ва дар дил орзу мекардам, ки дар шаҳри Сарбанд низ чунин маҳфили адабиро ташкил диҳам.

Моҳи июни соли 1997 вақти дар вазифаи мудири шӯъбаи умумии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Сарбанд кор карданам, хостам, ки ин орзуи деринаамро амалӣ намоям. Бо ин мақсад, бо маслиҳати рафиқон барои ташкили маҳфили адабӣ дар чанд ҷои  шаҳр эълонҳо насб кардам ва дар як муддати кӯтоҳ иштирокчиёну эҷодкорони зиёд ҷамъ гардиданд. Маҳфилро бо ризоияти умум «Гулбазм» номгузорӣ кардем.

Пас аз муддате истеъдодҳои асил боқӣ монданду шахсони ҳаваскор оҳиста-оҳиста  аз майдони сухан дур шуданд. Ҳамин тавр ба маҳфили «Гулбазм» аз тамоми гӯшаву канори вилоят, аз ҷумла шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Сарбанд, ноҳияҳои Бохтар, Абдураҳмони Ҷомӣ, Данғараву Шӯрообод эҷодкорон маҳсули эҷоди хешро барои муҳокима меоварданд. Дар байни онҳо истеъдодҳои ҳақиқӣ хеле кам буданд ва маро лозим меомад, ки барои сарҷамъ намудани эҷодкорон ва сайқал додани истеъдоди онҳо солҳои аввал заҳмати зиёде кашам.

Баъдан, вақте ки маро муҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Нури Сарбанд» таъин карданд, маҳфили «Гулбазм» дар назди идораи рӯзнома фаъолият карда, моҳе ду маротиба доир мегардид. Барои он ки сокинони Сарбанд ҳам аз навигариҳои шаҳру ҳам аз эҷодиёти иштирокчиёни маҳфил баҳравар гарданд, банда хона ба хона гашта иштирокчиёни маҳфилро ба идораи рӯзнома даъват мекардам. Ба хотири ҷалб ва ҳавасмандгардонии аъзои маҳфил  шеърҳои навқаламонро таҳрир намуда, дар рӯзномаи шаҳрӣ мунтазам ба нашр мерасонидам.

Ҳамин тавр дар ин муддат қаламкашоне ба монанди Алиҷони Сарбандӣ, Саид Наимӣ, Усмон Сармисоқов, Хоҷа (Холов Хоҷамурод), Иброҳими Мирхонӣ, Зарандӯз (Идимоҳ Афзалова), Кулолӣ (Ҳаитбой Лоиқов), Раҳматуллои Исматӣ, Музаффаршоҳи Дарвеш, Махфӣ (Махфират Зуҳурова), Холдонаи Раҳимзода, Муҳаммадсаиди Бояк, Заргар (Маҳмадраҷаб Ҳалимов), Ашӯралӣ Юсуфӣ, Абдумалики Холиқзод, Фотимаи Холиқзода, Гулбаҳор Сармисоқова, Амириддини Назриддин, Лутфуллоҳ Миров ва шодравонҳо Розиябону Бобоҷонова, Саиди Одина, Моҳшариф Холова бо осори назмиву насрии худ дар вилоят маълуму машҳур гардиданд.

Намунаҳои эҷоди қаламкашони номбаршуда дар  рӯзномаю маҷаллаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ борҳо ба табъ расидаанд. Инчунин, намунаҳои ашъори эшон дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Шукуфаҳои Хатлон» (2003), «Аз Хуталон омадия» (2004), «Нур дар ҳалқаи нур» (2005), «Амвоҷи Вахш» (2006) ва «Забони тоҷварон» (2008) низ интишор гардидаанд. Чанде аз аъзоёни маҳфил маҳсули эҷоди худро дар шакли маҷмӯаҳои алоҳида ба нашр расонидаанд, ки номгӯи онҳо чунинанд: Кулолӣ. Ҳамроз (2000), Алиҷони Сарбандӣ. Оҳанги дил (2003), Тӯёна (2004, 2007, 2010), «Нигоҳи ишқ» (2007), Иброҳими Мирхонӣ. Деҳбаланд (2004), Амриддини Назриддин. «Мулки Равнов» (2008), Саиди Одина. «Қиссаи Бахтёрпаҳлавон» (2009), «Саргузашти Асо ва Исо» (2009), Дилҷӯ. «Забони тоҷварон» (2008), «Лоларухсор» (2009), «Худшиносӣ, фарҳанг ва забони миллат» (2009), «Гулистони ғазал» (2009), Моҳшариф Холова. «Розу ниёз» (2009), Ашӯралӣ Юсуфӣ. «Китоби шавқангез» (1994), «Ҳикоёти латиф ва панду андарзҳо» (2010), Малики Холиқзод. «Тавсифнома» (2010), Раҳматуллоҳи Исматӣ. «Ашки шодӣ» (2010). Осори аъзоёни дигари маҳфил низ барои чоп омода шудаанд.

Хушбахтона, дар солҳои охир дар қатори шеъргӯёни маҳфил инчунин нависандагон низ ба камол расиданд, ки намунаҳои эҷодашон дар матбуоти даврӣ ба табъ расида, китобҳояшон низ нашр намуданд. Инҳо Саиди Одина ва Муҳаммадсаиди Бояк мебошанд. Муҳаммадсаиди Бояк бештар ба ҳикоянависию асарҳои публисистӣ мароқ зоҳир карда, пайи такмили маҳорату истеъдоди хеш аст.

Марҳум Саиди Одина ба эҷоди қиссаҳои саргузаштӣ истеъдод нишон дода, бештар барои наврасон асар меофарид. Ӯ ду китоб бо номҳои «Қиссаи Бахтёрпаҳлавон» ва «Саргузашти Асо ва Исо»-ро ба табъ расонид, ки дар миёни хонандагон ҳамовозии гармӯ ҷӯшон ба бор овард. Саиди Одина натанҳо қисса, балки барои хурдсолону наврасон шеърҳои бачагона низ офаридааст, ки намунаҳое аз он дар маҷаллаи «Истиқбол» (2007), рӯзномаҳои «Паёми Душанбе», «Нури Сарбанд», «Бохтар» ба нашр расидааст.

Маҳфили «Гулбазм» дар муддати чордаҳ соли фаъолияти хеш тавонист, ки чи қадар истеъдодҳоро тарбия ва ба мардум муаррифӣ намояд. Албатта чунин муваффақиятҳо худ ба худ ба амал наомада, меҳнату заҳмати шабонарӯзӣ, ҷӯяндагиву пӯяндагӣ, омӯзишу такомули истеъдодро тақозо мекунад. Беҳуда нагуфтаанд, ки: «Ҳар кӣ сухан бар сухане зам кунад, қатрае аз хуни ҷигар кам кунад».

Хуб мебуд, ки соҳибкорони фарҳангдӯсту шеърдӯсти диёрамон ҷиҳати ба нашр расонидани маҷмӯаҳои аъзои маҳфил кӯмак мекарданд ва бо ин амали хеш дар равнақи шеър ва вазъи адабии Хатлон саҳми босазое мегузоштанд.

Умуман, маҳфили «Гулбазм» бо вуҷуди душвориҳои зиндагӣ ба ҳаёти имрӯза ҳамқадам буда, дар ин мақола тамоми паҳлӯҳои онро тасвир кардан ғайри имкон мебошад. Бинобар ин, мо ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Рӯзи зиёиёни эҷодкор 14-солагии ташкилёбии маҳфил каме таърихи онро рӯи коғаз овардем, то хонанда худ қазоват кунад, ки дар ин муддат маҳфил тавонистааст, ки рисолати адабии хешро то андозае адо карда бошад.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар оянда фаъолияти маҳфили «Гулбазм» боз ҳам беҳтару хубтар гашта, бо шеъру ҳикояҳои тозаи хеш дар густаришу ривоҷи адабиёти Хатлонзамин саҳмгузорӣ намуда, табъи мухлисону ҳаводорони худро болида медорад. Бинобар, аз фурсати муносиб истифода карда, 14-солагии маҳфили адабии «Гулбазм»-ро ба қаламкашон, мухлисон ва тамоми сокинони шаҳри Сарбанд муборакбод мегӯем!

Раҷабалӣ Худоёр, номзади илмҳои филологӣ, роҳбари маҳфили адабии «Гулбазм»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi