20:01:14 01-уми Июни 2025 сол

ТАЪСИСИ КОМИССИЯИ САДДҲОИ БУЗУРГ ДАР ӮЗБАКИСТОН

Давлати Ӯзбакистон як комиссияи миллӣ дар умури саддҳои бузург таъсис додааст. Ба гуфтаи мақомоти ӯзбак, ҳадаф аз таъсиси ин кумисиюн густариши ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар робита бо таъмини амнияти саддҳои бузург дар минтақа ва аз ҷумла, ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба хатароти ношӣ аз сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" дар Тоҷикистон аст.

roghunҲамчунин ин кумисиюн ба бозрасии вазъи обанборҳои дохилии Ӯзбакистон муваззаф шудааст. Тибқи иттилоъи маркази матбуъотии Вазорати кишоварзии Ӯзбакистон, ин кумисиюн як ниҳоди вобаста ба ин вазоратхона аст ва раиси он муъовини вазири кишоварзӣ мебошад. Бисёре аз коршиносони тоҷик, ин иқдоми давлати Ӯзбакистонро гоме навбатӣ дар ҷиҳати мухолифат бо тасмими давлати Тоҷикистон дар мавриди азсаргирии сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" арзёбӣ мекунанд.

Ӯктам Муртазоев, коршиноси масоили зистмуҳитӣ, бар ин назар аст, ки ҳадафи аслии таъсиси ин кумисиюн таблиғ ва ҷалби ҳимояти байналмилалӣ аз мухолифати давлати Ӯзбакистон бо бунёди нерӯгоҳи "Роғун" аст.

Вале Георгий Петров, коршиноси масоили энержӣ, аз чунин тасмими давлати Ӯзбакистон истиқбол кард. Ба гуфтаи вай, ҳамакнун шароите пайдо хоҳад шуд, ки ихтилофоти миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бар сари тарҳи “Роғун” дар Комиссияи Байналмилалии Саддҳои Бузург матраҳ шавад.

Аммо ба гуфтаи оқои Петров, барои расидан ба ин ҳадаф Тоҷикистон низ бояд сареъан комиссияи миллии мушобеҳе таъсис диҳад. Вай афзуд: "Ҳоло нафаре худро ҳамчун дабири комиссияи миллии саддҳои бузург дар Тоҷикистон муъаррифӣ мекунад. Вале воқеъият ин аст, ки мо чунин кумисиюне надорем."

Оқои Петров хабар дод, ки соли 2000-ум ҳайъате аз Тоҷикистон ба ҷаласаи Комиссияи Байналмилалии Саддҳои Бузург даъват шуда буд ва барои як сол ин кишвар ҳаққи узвият дар ин созмонро низ пардохт кард, вале сипас, ҳеҷ иқдоме сурат нагирифт. Георгий Петров бар ин назар аст, ки Тоҷикистон бояд сареъан узвияти худ дар ин ниҳоди байналмилалиро таъйид ва комиссияи миллии худро дубора таъсис диҳад, вагарна "Ӯзбакистон дар баҳси “Роғун” пешдаст хоҳад шуд."

Вай мегӯяд, ки мутаассифона, тарҳи “Роғун” бештар аз сӯйи сиёсатмадорон матраҳ мешавад, на аз сӯйи коршиносон ва таъсиси комиссияи миллии садҳои бузург дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки баҳси ду ҷониб ба сатҳи байналмилалии коршиносон кашида шавад. Зимнан, дар авохири ҳафтаи гузашта ба сиёсӣ шудани мавзӯъи тарҳи “Роғун” Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон дар Виен, пойтахти Утриш, дар ҷаласаи ҳайъатҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо низ таъкид карда буд.

Ба гуфтаи оқои Зарифӣ, коршиносони байналмилалӣ бо кумаки Бонки Ҷаҳонӣ ба баррасии ин тарҳ, аз ҷумла паёмадҳои эҳтимолии зистмуҳитии он, оғоз кардаанд ва ҷонибҳо бояд натоиҷи онро интизор дошта бошанд. Вай боз таъкид кард, ки то замони анҷоми ин бозрасиҳо, ҷониби Тоҷикистон танҳо ба "анҷоми умури бозсозии таъсисоте, ки дар замони шӯравӣ сохта шудаанд, машғул аст."

Вале намояндаи ҳайъати Ӯзбакистон дар ин ҷаласа ҳушдор доштааст, ки дар манотиқи зилзилахез иҷрои ҳар тарҳе, ки 30-40 сол қабл тарҳрезӣ шуда буд, мунҷар ба паёмадҳои даҳшатборе хоҳад шуд. Ин мақоми ӯзбак пешниҳод кардааст, ки Тоҷикистонро лозим аст бар ивази сохтмони садди бузурги обанбори “Роғун” ба эҳдоси нерӯгоҳҳои мутавасситу кӯчак оғоз кунад.

Вале ба эътиқоди Ӯктам Муртазоев, коршиноси масоили зистмуҳитӣ дар Тоҷикистон, сохтмони обанбори нерӯгоҳи “Роғун” барои ин кишвар як амри зарурист. Зеро ба гуфтаи вай, то сӣ соли дигар обанбори нерӯгоҳи "Норак" аз гил пур шуда ва корношоям хоҳад шуд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854