17:27:34 02-уми Июни 2025 сол

КОРХОНАИ УКРОЙНӢ БА СОХТИ ТУРБИНҲОИ "РОҒУН" ШУРӮЪ КАРД

Корхонаи давлатии "Электротяжмаш"-и Укройн ба сохти ду турбини пурзарфият барои нерӯгоҳи "Роғун", воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон, оғоз кардааст. Дар сойти интернетии ин корхона, ки яке аз бузургтарин корхонаҳои мошинсозӣ дар Укройн маҳсуб мешавад, омадааст, ки яке аз ин ду турбинҳо дар охири соли 2011 ва дувумӣ дар охири соли 2010 ба Тоҷикистон интиқол дода хоҳанд шуд.

 

Бар асоси қарордоди давлати Тоҷикистон бо корхонаи "Электротяжмаш", ки дар моҳи марти соли ҷорӣ имзо шуд, ин корхона қарор аст ду дастгоҳи нерӯзои обиро, ки ҳар кадом 400 МВт зарфият хоҳанд дошт, тарроҳӣ ва тавлид кунад ва ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" интиқол диҳад. Ҳазинаи ин қарордод 40 милюн дулор муқаррар шудааст. Дар маҷмӯъ, қарор аст дар нерӯгоҳи "Роғун" шаш турбин ё женеротури обӣ сохта шаванд, ки ҳар кадом 600 МВт зарфият хоҳанд дошт.

 

Дар нерӯгоҳи "Роғун" нахуст аз ду турбини дорои зарфияти 400-меговотӣ ба таври муваққат истифода хоҳад шуд ва сохтмони садди обанбор низ ҳамзамон идома хоҳад дошт. Баъд аз сохтмони чаҳор турбини 600-меговотӣ, зарфияти турбинҳои 400-меговотӣ низ афзоиш дода ва тавони тавлидотии нерӯгоҳи "Роғун" дар маҷмӯъ ба 3600 МВт расонда хоҳад шуд.

 

Виталий Чередник, раиси корхонаи "Электротяжмаш", мегӯяд, ки тарҳи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" яке аз бузургтарин тарҳҳои энержии обӣ дар қаламрави Шӯравии собиқ аст. Вай афзуд: "Ин аз тарҳҳои энержии олиҳимматона аст ва мо умедворем, ки бо иҷрои ин қарордод ба як шарики мӯътамади Тоҷикистон дар сохтмони куллияи турбинҳои нерӯгоҳи "Роғун" табдил шавем."

 

Ба гуфтаи манобеъи корхонаи "Электротяжмаш", раҳбарони он дастёбӣ ба бозори энержи обии Тоҷикистонро аз аҳдофи дарозмуддати худ медонанд, зеро ин кишвар аз лиҳози захоири энержии обӣ дар ҷаҳон аз мавқеъияти барҷастае бархӯрдор аст. Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон мегӯяд, ки захоири билқувваи энержии обии ин кишвар солиёна 527 милёрд килувот-соъатро ташкил медиҳад, аммо танҳо 5 дарсад аз ин захоир мавриди истифода аст.

 

Сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" дар рӯдхонаи Вахш бо зарфияти 3600 МВт дар соли 1978 оғоз шуд. Ин тарҳ пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва оғози ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон мутаваққиф шуд. Аммо давлати Тоҷикистон пас аз 15 соли сукут дубора дар соли 2007 ба иҷрои он пардохт. Дар сурати сохта шудан, нерӯгоҳи "Роғун" бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Миёна хоҳад буд.

 

Мақомоти Тоҷикистон умедворанд, ки иҷрои ин тарҳ то соли 2018 ба анҷом расад. Вале бархе аз кишварҳои минтақа, бавижа Ӯзбакистон, бо сохтмони ин нерӯгоҳ башиддат мухолифат кардаанд. Давлати Ӯзбакистон мегӯяд, ки иҷрои ин тарҳ барои муҳити зисти минтақа ва обёрии мазореъи панбааш зиёновар аст. Ин кишвар бо доштани даштҳои фарох ва муносиб барои панбакорӣ бузургтарин содиркунандаи панба дар Осиёи Миёна маҳсуб мешавад.

 

Аммо Тоҷикистон ин иддаъоро рад карда ва мегӯяд, ки ҳеч тарҳеро бар зиёни ҳамсоягонаш анҷом нахоҳад дод. Мақомоти тоҷик мӯътақиданд, ки обанбори "Роғун" барои ҷамъоварии об дар пойизу зимистон ва сар додани он ба мазореъи панбаи Ӯзбакистон дар фасли тобистон муфид аст. Бонки Ҷаҳонӣ, ки ба назар мерасад ба интиқоли нерӯи барқи обӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна ба Афғонистону Покистон ва Ҳинд дар оянда сахт алоқаманд аст, мутолеъаи тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" ва таҳияи мустанадоти фаннию молии онро ба ӯҳда гирифтааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/2513------qq--.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854