ВАРАҚАҲОИ «ҲИЗБУТТАҲРИР» АЛАЙҲИ САҲМИЯҲОИ РОҒУН
Гурӯҳи манъшудаи «Ҳизбуттаҳрир» бо паҳн кардани варақаҳо дар Тоҷикистон гуфтааст, ки «ширкати саҳҳомӣ ботил ва иштироки мусулмонон дар чунин ширкат ҳаром аст". Манзури пайравони «Ҳизбуттаҳрир» харидани саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун мебошад.
Ҳамчунин дар варақаҳо омадааст, ки «маҷбур сохтани мардум ба харидани саҳмияҳо нишонаи нобоварии мардум нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон аст». Дар ин варақа асосан аз имомхатибҳои масҷидҳо интиқод шудааст, ки гӯиё онҳо мардумро барои харидани саҳмия ташвиқ мекунанд, дар ҳоле ки, бу гуфтаи онҳо, «ислом харидории саҳмияро ҳаром медонад». Дар ҳамин ҳол Маркази Шӯрои исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки онҳо барои харидани саҳмияҳои Роғун фатво надодаанд, балки ҳамчун хайрия ба сохтмони нерӯгоҳ маблағгузориро ташвиқ кардаанд.
Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи фатвои маркази мазкур, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки иддаои ин ҳизб ба шариати ислом мувофиқ нест. Дар ҳоле, ки дар ислом даҳҳо намуди садақа ва хайрияҳо гуфта шудааст ва тариқи хайрия ва саҳмия саҳм гузоштан ба сохтмони нерӯгоҳ барои рӯшноӣ бахшидан ба мардум савоб аст. Дар сӯҳбат бо мо як ходими Кумитаи амниятии миллии Тоҷикистон, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, онҳо ҳоло ба шарҳи варақаи гурӯҳи манъшудаи «Ҳизбуттаҳрир» ҳозир нестанд.
Дар ҳамин ҳол Фаррух Умаров, коршиноси масоили мазҳабии Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳур, мегӯяд, ки «Ҳизбуттаҳрир» дар ягон кишвари минтақа расман иҷозаи фаъолият надорад ва онҳо асосан дар кишварҳое нуфуз меҷӯянд, ки дар он қашшоқию бебизоатӣ дар авҷ аст. Ба қавли Умаров, шояд онҳо дарк карда бошанд, ки истифодаи нерӯгоҳи Роғун мардуми зиёдеро аз камбағалӣ раҳо хоҳад бахшид.
Вай афзуд, «вақте Тоҷикистон соҳиби барқи хеш мешавад, албатта мардум аз вартаи камбизоатӣ раҳо мешаванд. Вақте ҷомеа рушд кард, «Ҳизуттаҳрир» дар ин ҷо корҳои тарғибоашро аз даст медиҳад». Иброҳим Усмон, таҳлилгари масоили сиёсӣ, бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон фаъолияти «Ҳизбуттаҳрир» манъ мебошад, аз ин рӯ бояд аз паҳншавии варақаҳои ин гурӯҳ ҷилавгирӣ намуд. Ба қавли ҷаноби Усмон, сохтмони нерӯгоҳ ваҳдати мардуми кишварро таҳким мебахшад.
Мусо Асозода, раиси бахши Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, паҳн гардидани варақаҳо ва ҳаром донистани саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун аз сӯи бо ном намояндагони «Ҳизбуттаҳрир»-ро зидди саҳмгузории мардум дар ин иншооти ҳаётан муҳим медонад.
Ҷаноби Асозода бо ишора ба вазъи ҷойдошта дар соҳаи энержии кишвар меафзояд, ки зидди тасмими дастаҷамъонаи мардум мавқеъ гирифтани як созмони иртиҷоӣ ва мамнуъ элоншуда, аз нашинохтани арзишҳои шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад. Ба эътиқоди Мусо Асозода, дар ҳоле ки мардум худашон мушкилоти бебарқиву эҳтиёҷ доштани иқтисоди кишварро ба барқ дарк мекунанд, мардум аз ин иқдоми ҳукумат истиқбол мегирад.
Солҳои ахир дар Тоҷикистон даҳҳо пайрави «Ҳизбуттаҳрир» боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд. Фаъолияти «Ҳизбуттаҳрир» дар Тоҷикистон аз соли 2001 ба ин сӯ мамнӯъ аст ва номи он дар рӯйхати сиёҳи 11 созмони террористиву экстремистӣ, ки Душанбе таҳия кардааст, дар радифи гурӯҳҳое чун Ҳаракати исломии Узбакистон ва ҳизби “Тоҷикистони озод” омадааст.
Гуфта мешавад, дар тӯли нӯҳ сол мақомоти интизомии кишвар бештар аз 400 узви Ҳизбуттаҳрир»-ро барои ҷароиме, назири паҳн кардани шабномаҳову адабиёти мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии низоми дунявии кишвар, боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кардаанд.
Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/rogun/1737--lr-.html