КОҲИШИ МАБЛАҒИ ФУРӮШИ САҲМИЯҲОИ РОҒУН
Хабаре, ки Вазорати молияи Тоҷикистон дар бораи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун нашр кард, бо изҳороти пешинаи раҳбари ин ниҳод, вазири молия, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вориди тазод шудааст.
Бино бар иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, ки хабаргузории “Азия-плюс” имрӯз нақл кардааст, то 1 феврал дар сартосари Тоҷикистон ба маблағи 671 миллион сомонӣ (беш аз 153 миллион доллар) саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун харидорӣ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки вазири молияи Тоҷикистон, Сафаралӣ Наҷмиддинов, дар ҷаласаи солонаи ҳукумат хабар дода буд, ки шурӯъ аз рӯзи 6 январ ба маблағи 701 миллион сомонӣ саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун фурӯхта шудаанд.
Ҷаноби Наҷмиддинов изофа карда буд, ки ин танҳо арқоми пешакӣ буда, як бахши пул аз фурӯши сармояҳо ҳанӯз ҷамъбандӣ нашудааст. Бар пояи ин суханони вазири молия интизор мерафт, ки маблағи умумӣ пас аз ҷамъбасти моҳ бештар хоҳад буд. Аммо бино бар хабари тоза аз Вазорати молияи Тоҷикистон, маблағи воқеии фурӯши саҳмияҳо аз арқоми эълонкардани вазир камтар будааст.
Хабаргузории “Азия-плюс” ба нақл аз Вазорати молияи кишвар хабар додааст, ки саҳмияҳо аз ҳама бештар – ба маблағи 132 миллиону 707 сомонӣ аз тариқи “Ориёнбонк” фурӯхта шудаанд. Шаҳрвандон аз “Агроинвестбонк” ба маблағи 106 миллиону 260 ҳазор сомонӣ ва аз “Амонатбонк” ба маблағи каме бештар аз 38 миллиону 580 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро харидорӣ кардаанд.
Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтааст, ки иттилоъ дар бораи фурӯши саҳмияҳо ҳар даҳ рӯз дар сомонаи интернетии вазорат нашр хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои ахбори ом шикоят кардаанд, ки мақомот аз додани ҳама гуна иттилоъ ба хабарнигорон дар бораи фурӯши саҳмияҳои Роғун худдорӣ мекарданд ва пинҳон мондани арқом боиси шубҳаву гумонҳои гуногун мешуд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/rogun/1664-2010-02-02-14-57-35.html