Куҷост Силаҳшӯри тоҷик, ки Исмоили Сомониро офарад?
16.01.2014 12:33
1278
Ростӣ хабари анҷоми наворбардории филми ҳунарӣ дар бораи ҳазрати Мусо (ъ) дар Эронро хондаму эҳтиромам ба мардуми ин сарзамин хеле баландтар шуд. Ҳанӯз ҳам ёди "Ҳазрати Юсуф" мекунам ва агар иқрор шавам, ки ман Юсуфпайғамбарро аз филми Силаҳшӯр шинохтам, иштибоҳ намекунам.
Пурсишеву посухе: Дар бораи Кароматуллоҳи Мирзо мехоҳам бидонам
16.01.2014 12:23
1658
Кароматуллоҳи Мирзо яке аз пуркортарин ва маъруфтарин адибони муосири тоҷик аст, ки 25 апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) дар хонаводаи мударрис Мирзои Мирҳайдар ба дунё омадааст. дида ба олам кушодааст.
Пул ки ба хазина дохил шуд, киро фикри дониши донишҷӯ?
15.01.2014 11:02
1287
Бори дигар ба ҳамаи алоқамандони "Рӯзгор" салом арз мекунем. Охирин моҳ аз соли 2013 оғоз шуд, шумораи 27-уми "Рӯзгор" ба дастатон мерасад ва агар Худо хоста бошад, бо сиюмин шумора солро ба поён хоҳем бурд. Ва дар соли нав сухани нав, матлаби нав, гӯшаву саҳифаҳои навро ҳам хоҳед дид.
Сайфи нависандаро медонистам, аммо...
09.01.2014 16:24
1395
Сарвинози Самандар дар бораи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, адиби шинохта ва қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ хеле як номаи самимӣ унвонии "Рӯзгор" ирсол кардааст. Вай гуфтааст, ки омӯзгори адабиёт аст ва шояд қариб ҳамаи асарҳои чопшудаи Сайфи ғурамаргро хонда бошад.
Пурсишеву посухе: Иртиботи китобдорӣ бо 21 кишвари ҷаҳон
09.01.2014 16:11
1257
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Китобхона бо китобхонаҳои миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия, Туркия, Чин, Ҷумҳурии Мисри Араб, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Сад фарди маъруф
09.01.2014 15:51
2225
Журналисткаи тоҷик таърихи беш аз садсола дорад, аввалин рӯзномаи тоҷикӣ расман "Бухорои Шариф" (таъсисаш соли 1912) эътироф мешавад. Қобили қайд аст, ки дар саргаҳи журналистикаи миллиамон устодон С. Айнӣ, М. Турсунзода, С.Улуғзода, М. Миршакар, Ҷ.Икромӣ, Р.Ҷалил, Ф.Ниёзӣ, А. Деҳотӣ ва дигарон қарор доштаанд.
Сад фарди маъруф
07.01.2014 11:32
2470
Намояндагони миллати тоҷик дар пешбурди фарҳанги ҷаҳонӣ ҳамеша ҳиссагузорӣ кардаанд, аммо рушди пуравҷи маданияти миллӣ бештар ба замони шӯравӣ рост омад.Санъати касбӣ-театр (драмавӣ, мазҳакаю мусиқӣ, операю балет), мусиқӣ (эстрада, симфония, хор), кино, иттиҳодияҳои эҷодӣ (рассомон, меъморон, дизайнерҳо ва ғайра...
Баҳси "Рӯзгор" ва хонанда: Чаро устод Миршакар "Султони дуздҳо"-ро худаш чоп накард?
04.01.2014 16:18
1249
Дуруд ба хонандагони арҷманди "Рӯзгор" ва ба ҳамаи онҳое, ки бо таваҷҷӯҳ ба шумораи гузашта назароти худро аз тариқи телефон баён карданд, нома навиштанд ва ё ба идора омаданд ва андешаҳои худро барои ҷолибтару шавқовартар шудани саҳифаҳои он баён доштанд.
Пурсишеву посухе: “Инаугуратсия” ё савгандёдкунӣ: кадомаш дуруст?
04.01.2014 15:52
1332
16 ноябри соли равон Президенти Тоҷикистон савганд ёд кард ва мо ҳама аз тариқи гузоришоти мустақими шабакаҳои телевизиони кишвар шоҳиди ин маросим будем. Он аз гузашта фарқ мекард ва мо инро низ мушоҳида кардем. Вале саволи ман дар дигар бора аст.
Сад фарди маъруф
04.01.2014 15:44
2667
Олимони тоҷик дар пешрафти илми ҷаҳонӣ нақши муҳим гузоштаанд, тӯли зиёда аз ҳазор сол уламои миллатамон донаҳое ба хирмани илмҳои табиию дақиқ зам намудаанд.Хидмати онҳо хусусан дар рушди илмҳои тиб, нуҷум, риёзӣ, ҷуғрофия, фалсафаю мантиқ, физикаю химия калон аст.
Сад фарди маъруф
03.01.2014 12:01
3086
Хонандаи гиромӣ, инак шумораи саввум аст, ки таҳти унвони "100 фарди маъруф" як силсила маводеро ба табъ расонда истодаем, ки мазмуни он нуқтаи назари инфиродии муаллифони матлабро ифода мекунад ва дар баъзе маворид ҳатто хилофи фикру андешаи ҳайати эҷодии ҳафтанома низ ҳаст.
"Рӯзгор" соли рафта: эродҳо, интиқодҳо ва пешниҳодҳо
30.12.2013 16:01
1978
ҳамаи мухлисону ҳаводорони ҳафтаномаи "Рӯзгор" саломи солинавӣ арз мекунем. Инак, дар поёни соли куҳан ва остонаи Соли нав қарор дорем. Соате, ки "Рӯзгор" ба дастатон мерасад, умедворем дар гирди дастурхони солинавӣ онро мутолиа мекунед. Шояд инро чун туҳфаи мо ба дастурхони пуреъмати худ бипазиред ва агар чунин аст, сарфарозем.