13:51:22 24-уми Майи 2025 сол
Пурсишеву посухе: Кӣ ва чаро аз ҷоизаи Нобел даст кашид? 25.01.2014 11:54 1284
Дар шумораи гузаштаи "Рӯзгор" мақолае дар бораи адиби соҳибҷоиза Элис Мунро хондам. То ҷойе ман медонам баъзе нависандагону шоирон ва олимон баъди он ки эълон шуд ба дарёфти ҷоизаи Нобел мушарраф шудаанд, аз он даст кашиданд. Чаро?
Толибони афғон на Масъуд доранд ва на Раббониву Ҳикматёр 23.01.2014 14:53 1444
Онҳо чароғи ҷиҳоди зидди ишғолгаронро фурузон карданд. Вале Толибон ин гуна чеҳараҳо ва ин гуна шахсиятҳо надоранд. Шахсан ман касеро аз миёни онон намедонам ва намешиносам. Касоне ҳам, ки исмашон каме сари забонҳо шудааст, ҳамон тафаккури қадимӣ доранд ва ҷаҳонбиниашон хеле маҳдуд ва танг аст.
Як пайкараи Исмоили Сомонӣ кифоя аст, ки ифтихори миллӣ бошад 19.01.2014 15:21 1482
Посухи шумо ба ҳайкалканиҳои замони муосир маро ба андеша бурд. Ошкор мегӯям, ки узви ҳизби коммунист ҳастам ва то ҳол билети ҳизбӣ дар даст дорам. Қатори садҳову ҳазорҳо ҳамҳизбҳоям зидди ин гуна амалҳо мебошам. Аммо на барои он ки Ленинро басо зиёд дӯст медорам. Барои он ки нокомии ҷомеаро дар ....
Пурсишеву посухе: Озмуни "Зебосанами олам" чӣ таърихе дорад? 19.01.2014 15:17 1295
Аввалин озмуни "Зебосанами олам" 15 апрели соли 1951 дар Лондон баргузор шудааст. Дар он 26 муддаии зебоӣ аз чандин кишвари олам ширкат кардаанд. Аммо нахустин озмуни зебоӣ миёни 350 духтар дар шаҳри Спаи Белгия 19 сентябри соли 1888 барузор шуда будааст.
Сад фарди маъруф 19.01.2014 15:12 2471
Ниёгонамон варзишгаронро қадр менамуданд, хоса паҳлавонон манзалат доштанд, чунончӣ, Рустаму Сӯҳробу Сиёвуш қаҳрамонони давр маҳсуб меёфтанд. Мутаассифона, маҳорату истъедоди варзишгарон асрҳо зуҳур намекард, чун мусобиқоти расмӣ доир намегардид.
Сад фарди маъруф 18.01.2014 12:15 2793
Бонуи тоҷик садсолаҳо дар ҷомеъа мақому манзалат дошт ва номаш дар осори бузургони миллат (Гурдофарид, Рудоба, Рухшона, Таҳмина ва диг.) мусаббат гардидааст. Вале воқеъият ин аст, ки бонуи тоҷик дар замони шӯравӣ ба мартабаи баландтарин расид. Намояндагони барҷастаи давлатию сиёсӣ, олимаҳо, адибон, ходимаҳои намоёни фарҳанг...
Куҷост Силаҳшӯри тоҷик, ки Исмоили Сомониро офарад? 16.01.2014 12:33 1277
Ростӣ хабари анҷоми наворбардории филми ҳунарӣ дар бораи ҳазрати Мусо (ъ) дар Эронро хондаму эҳтиромам ба мардуми ин сарзамин хеле баландтар шуд. Ҳанӯз ҳам ёди "Ҳазрати Юсуф" мекунам ва агар иқрор шавам, ки ман Юсуфпайғамбарро аз филми Силаҳшӯр шинохтам, иштибоҳ намекунам.
Пурсишеву посухе: Дар бораи Кароматуллоҳи Мирзо мехоҳам бидонам 16.01.2014 12:23 1657
Кароматуллоҳи Мирзо яке аз пуркортарин ва маъруфтарин адибони муосири тоҷик аст, ки 25 апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) дар хонаводаи мударрис Мирзои Мирҳайдар ба дунё омадааст. дида ба олам кушодааст.
Пул ки ба хазина дохил шуд, киро фикри дониши донишҷӯ? 15.01.2014 11:02 1287
Бори дигар ба ҳамаи алоқамандони "Рӯзгор" салом арз мекунем. Охирин моҳ аз соли 2013 оғоз шуд, шумораи 27-уми "Рӯзгор" ба дастатон мерасад ва агар Худо хоста бошад, бо сиюмин шумора солро ба поён хоҳем бурд. Ва дар соли нав сухани нав, матлаби нав, гӯшаву саҳифаҳои навро ҳам хоҳед дид.
Сайфи нависандаро медонистам, аммо... 09.01.2014 16:24 1394
Сарвинози Самандар дар бораи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, адиби шинохта ва қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ хеле як номаи самимӣ унвонии "Рӯзгор" ирсол кардааст. Вай гуфтааст, ки омӯзгори адабиёт аст ва шояд қариб ҳамаи асарҳои чопшудаи Сайфи ғурамаргро хонда бошад.
Пурсишеву посухе: Иртиботи китобдорӣ бо 21 кишвари ҷаҳон 09.01.2014 16:11 1255
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Китобхона бо китобхонаҳои миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия, Туркия, Чин, Ҷумҳурии Мисри Араб, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Сад фарди маъруф 09.01.2014 15:51 2225
Журналисткаи тоҷик таърихи беш аз садсола дорад, аввалин рӯзномаи тоҷикӣ расман "Бухорои Шариф" (таъсисаш соли 1912) эътироф мешавад. Қобили қайд аст, ки дар саргаҳи журналистикаи миллиамон устодон С. Айнӣ, М. Турсунзода, С.Улуғзода, М. Миршакар, Ҷ.Икромӣ, Р.Ҷалил, Ф.Ниёзӣ, А. Деҳотӣ ва дигарон қарор доштаанд.