Хазина аз
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: "Хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ қабл аз вақт аст"
Хабар
08.12.2014 13:39
899
Раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон мегӯяд, хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон пеш аз вақт аст. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар мусоҳиба бо нашрияи Сандей Таймз гуфтааст ...
Медали биринҷии донишҷӯи тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон
Ҷавонон ва варзиш
08.12.2014 13:36
1456
Ардашер Исмоилов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни донишҷӯён дар шаҳри Лимассоли Кипр медали биринҷӣ ба даст овард.
Қарордоди CASA-100. Тоҷикистон 70% ва Қирғизистон 30% барқ содир мекунанд
Иқтисод
06.12.2014 07:43
1348
Чаҳор кишвари минтақа --Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон рӯзи 4-уми декабр дар шаҳри Истанбули Туркия ба қарордоде имзо гузоштанд, ки бар пояи он 1000 мегаватт барқ ба Покистон интиқол дода мешавад.
Даъват аз муҳоҷирон: Ё ҷиҳод, ё пули ҷиҳод
Муҳоҷират
06.12.2014 07:41
1904
Гурӯҳҳои ношиносе дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват мекунанд, то “ҷиҳоду муҷоҳидини Сурия”-ро сармоягузорӣ кунанд. Ба муҳоҷирони тоҷик аввал пешниҳод мешавад, барои ҷиҳод ба Сурия ва Ироқ раҳсипор шаванд, аммо мавзӯи сармоягузорӣ...
Башор Асад: "Ҷанг дар Сурия тӯлонӣ ва душвор хоҳад буд"
Равзана ба ҷахон
06.12.2014 07:40
1462
Раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад дар мусоҳибае бо ҳафтаномаи "Paris Match", чопи Фаронса, ки рӯзи панҷшанбе 4 декабр мунташир шуд, гуфтааст, ки интизор дорад даргириҳои кишвараш тӯлонӣ ва душвор бошад. Оқои Асад дар айни ҳол хотирнишон кардааст ...
Шабнами Сураё: Консерти Ню-Йорк дертар баргузор мешавад
Хабар
06.12.2014 07:38
1031
Овозхони маъруф Шабнами Сураё хабареро, ки гӯё баргузории консерти ӯ дар Ню Йорк ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст, рад кард ва гуфт, ки таъхири намоиши ҳунарии ӯ танҳо бо делали машғул буданаш ба барномаҳои солинавӣ ба таъхир афтод.
Шайхи Ал-Азҳар: "Гурӯҳҳои тундрав исломро бадном мекунанд"
Хабар
06.12.2014 07:37
904
Шайхи ҷомеаи Ал-Азҳар дар Миср Аҳмад Ат-Таййиб мегӯянд, нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Амрико на танҳо бояд бо гурӯҳи Давлати исломӣ, балки бо тамоми гурӯҳҳое, ки боиси бадномии ислом ва динҳои дигар мешаванд, мубориза кунанд.
Абдуғафури Орзу: “Афғонистон ва Тоҷикистон мушкиле бо ҳам надоранд”
Сиёсат
04.12.2014 08:12
1045
Дар робита ба сафари расмии Абдурауф Иброҳимӣ, раиси Шӯрои Миллӣ ё порлумони Афғонистон ба Тоҷикистон ва масъалаҳои муҳими мавриди баррасии ӯ бо мақомоти тоҷик мо сӯҳбати ихтисосиеро бо Абдуғафури Орзу ...
Абдухолиқ Сӯфиев, актёр ва овозхони нобино, шефтаи Аҳмад Зоҳир
Адабиёт ва фарҳанг
04.12.2014 08:10
1510
Абдухолиқ Сӯфиев овозхони оворагарду нобиноест, ки бештар бо сурудани таронаҳои Аҳмад Зоҳир маъруф аст ва дар филмҳои «Ишқ ва фалсафа»-и Мӯҳсини Махмалбоф ва «Овора»-и Гуландом Муҳаббатова нақш бозидааст.
Гулнора Амиршоева: "Мардҳо аз дин ба манфиати худ истифода мекунанд"
Матбуот
04.12.2014 08:08
1678
Гулнора Амиршоева, сардабири ҳафтаномаи “Вечёрка”, ки иштироки саросарии кормандони давлатиро дар намози ҷумъа танқид карда, ҳадафи ситезаҳо қарор гирифтааст, мавзеъгирии худро дар ин бобат шарҳ дод.
















