12:14:16 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Абдуллоҳ Абдуллоҳ: "Хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ қабл аз вақт аст"

Раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон мегӯяд, хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон пеш аз вақт аст. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар мусоҳиба бо нашрияи Сандей Таймз гуфтааст, ки нерӯҳои афғон дар идомаи муборизаашон алайҳи мухолифон ҳанӯз ба ҳимояти ҳавоии байналмилалӣ ниёз доранд.

doctor-abdulla-89565454Оқои Абдуллоҳ дар идомаи мусоҳибаи худ гуфтааст, хуруҷи нерӯҳои ҷангии НАТО то поёни соли ҷорӣ  аз Афғонистон пеш аз вақт аст: "Мо ду сол қабл 150 ҳазор нерӯи байналмилалӣ, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва чархболҳо дар Афғонистон доштем, дар ҳоле, ки дар зарфи ду соли оянда ин шумора ба 12 ҳазор аскар коҳиш меёбад."

Абдуллоҳ Абдуллоҳ афзудааст, нерӯҳои афғон барои ақибнишинӣ ва интиқоли ҷасадҳои кушташудагон ва захмиҳо аз майдони ҷанг, ба кӯмаки истихборотӣ, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва чархболҳо ниёз доранд.

Қабл аз ин як генерали бритониёӣ ба Сандей Таймз гуфта буд, интизор меравад дар соли оянда сарбозони бештар ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба Афғонистон фиристода шавад. Аммо дафтари Давид Камерун, нахуствазири Бритониё гуфтааст, аз соири кишварҳо хостаанд, ки кӯмакҳои ҳавоиро ба Афғонистон фароҳам кунанд.

Гузориши Сандей Таймз аз қавли мақомот менависад, ки Бритониё фиристодани ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва транспортиро ба Афғонистон дар нақша надорад.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳур дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон рӯзи панҷшанбе дар Конфронси Лондон аз хуруҷи нерӯҳои ҷангии НАТО баъд аз сездаҳ ҷанг дар Афғонистон истиқбол кард.

Оқои Ғанӣ пас аз мувофиқат бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар моҳи сентябр дар мавриди ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ, ваъда дод, ки ҳукуматаш бо рушди иқтисодӣ ва решакан намудани фасоди идорӣ, як Афғонистонеро эҷод хоҳад кард, ки бо пои худ биистад ва вобастагӣ ба кӯмакҳои хориҷиро коҳиш бидиҳад.

Раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон ба Сандей Таймз гуфт, имсол ҳусуматҳо миёни Ҳомид Карзай, президенти пешини Афғонистон ва раҳбарони ғарбӣ, вақти зиёде аз даст рафт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi