02:15:14 17-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Абдухолиқ Сӯфиев, актёр ва овозхони нобино, шефтаи Аҳмад Зоҳир

Абдухолиқ Сӯфиев овозхони оворагарду нобиноест, ки бештар бо сурудани таронаҳои Аҳмад Зоҳир маъруф аст ва дар филмҳои «Ишқ ва фалсафа»-и Мӯҳсини Махмалбоф ва «Овора»-и Гуландом Муҳаббатова нақш бозидааст.

abdukholiq-sufiev-4554548Абдухолиқ Сӯфиев овозхони оворагарду нобиноест, ки бештар бо сурудани таронаҳои Аҳмад Зоҳир маъруф аст ва дар филмҳои «Ишқ ва фалсафа»-и Мӯҳсини Махмалбоф ва «Овора»-и Гуландом Муҳаббатова нақш бозидааст. Ӯ аз модар нобино зода шуд, ҳоло ҳамроҳ бо ҳамсараш дар хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон ба сар мебарад. Дар Рӯзи ҷаҳонии маълулон, ки ҳамасола 3-юми декабр қайд мешавад, хабарнигори мо ба дидори Абдухолиқ Суфиев рафт.

-Як замон расонаҳо дар бораи шумо ва сарнавиштатон зиёд менавиштанд. Аммо чанд соли охир дигар аз Шумо хабаре нест. Чӣ боис шуд, ки аз пойтахт дур шавед?

-Вақте, ки дар Душанбе будам, мухлисони зиёд доштам, дар мошинбозор бештар сурудхонӣ мекардам. Бо гузашти солҳо ба бемории шуш гирифтор шудам ва дигар наметавонистам дар кӯчаҳо таронасароӣ кунам. Чун танҳо мондам аз ин хотир омадам ба хонаи пиронсолон. Ҳоло бо ҳамсари дуюмам инҷо ҳастам. Ҳамсарам зани меҳрубон аст ва ҳамеша маро нигоҳубин мекунад.

-Мегӯянд, бо ҳамсари дуюматон дар як маҳфиле ошно шудед ва издивоҷ бо ӯ тавсияи вакили парлумон Шодӣ Шабдолов буд, дуруст аст?

-Бале, вақте бо ҳамсари аввалам чанд сол зиндагӣ кардам, фарзандор нашудем ва ин боис шуд ки мо аз ҳам ҷудо шавем. Ҳамин тавр ҳамеша барои таронахонӣ ба маъракаҳо даъват мешудам. Як рӯз дар як маҳфил суруд мехондам ва ҳамсарам, ки он замон котиби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд маро он ҷо дид ва ба ман гуфт ки ман маънои сурудҳои туро хуб дарк намекунам, аммо эҳсос мекунам ки бо дард мехонӣ.

Баъд Шодӣ Шабдолов ки дар ин маҳфил ҳузур дошт ба ҳамсарам, ки он замон муҷҷарад буд, маслиҳат дод то бо ман оиладор шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳоло ман бо ин ҳамсарам зиндагӣ дорам. Бо кумаки ҳамсарам тавонистам дар саҳнаҳои бузург низ таронахонӣ кунам, ҳатто дар ду филм - «Ишқ ва фалсафа»-и коргардон Мӯҳсини Махмалбоф ва «Овора»-и Гуландом Муҳаббатова – нақш офаридам.

-Дар бораи нақшофарӣ дар ду филм гуфтед. Як замон шикоят доштед, ки меҳнати шумо дар ин филмҳо қадр нашуд?

-Бале, ҳамин гуна буд, вақте дар филми "Овора" нақш бозидам барои ман ҳамагӣ 150 сомонӣ доданд, ки ин тамоман кам буд. Вале филми «Ишқ ва фалсафа»-и коргардон Мӯҳисни Махмалбоф барои ман шӯҳрат ҳам овард гуям, хато намекунам. Чун ин филм дар нахустин синамобазми “Дидор” намоиш дода шуд ва ман ҳам унвони беҳтарин бозингарро гирифтам.

-Шумо шефтаи ҳунари Аҳмад Зоҳир ҳастед ва аксари сурудҳои Шумо моли ин овозхони маҳбуби Шарқаст. Сабаб дар чист?

-Солҳои 1970 радиои Афғонистонро зиёд гӯш мекардам ва як барномаи дархостӣҳам дошт ва ҳамеша сурудҳои Аҳмад Зоҳир шунавонида мешуд. Ман ҳам аз ҳамон замон ба сурудҳои ӯ дил бастам. Ман боре ҳам ошиқ нашуда будам, ишқи ману муҳббати ман ҳамааш ҳамин таронаҳои Аҳмад Зоҳир аст. Агар мешуду дубора ҷавон мешудам боз ҳамин таронасароиро интихоб мекардам. Ҳарчанд кадом як мактаби мусиқиро нагузаштааст, танҳо худомӯзиву шавқу ҳавас буд.

-Боре орзу доштед, ки бо худи Аҳмад Зоҳир вохӯред?

-Борҳо, вале дареғафсус, ки ман ба ин орзуям нарасидам, агар ин имкон барои ман даст медод, ҳатман як тарона бо ӯ мехондам. Ва чанд сухани дигар ҳам доштам, ки инҷо гуфта наметавонам...

-Аз даврони ҷавонӣ чи хотираҳо дар ёдатон нақш бастааст?

-Аз зиндагие, ки 60 сол мегузарад, хотираҳои зиёд дорам. Замони кӯдакиву наврасии ман дар Бадахшон гузаштааст. Ҳарчанд ман нобино будам, аммо ба маҳфилҳои зиёд даъват мекарданд ва ман ҳам ҳамеша тавассути ин маҳфилҳо ғами дилро сабук мекардам. Аммо ҳоло ин имкониятҳо маҳдуд шудааст. Дар инҷо ҳастам, гоҳ-гоҳе мухлисон инҷо ҳам меоянд, вале давронӣҷавонӣ дигар аст”.

-Гуфтед, ки ҳарчанд фарзанд надоред, вале бародару хешу табори зиёд доред, касе аз он суроғатон меоянд?

-Гоҳ –гоҳ аз хешу таборҳо меоянд, аммо бародарон хабар намегиранд. Вале ман аз касе намеранҷам. Зиндагӣҳамин аст. Ман ҳарчанд нобино ҳастам вале дунёро ҳамеша равшан мебинам ва медонам ки инсонҳо ҳама мисли ман дили бузург доранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi