20:58:02 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ёде аз Одина Ҳошим дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе

 Дар Маркази Исмоиляи шаҳри Душанбе ба ифтихори 75-солагии зодрӯзи овозхони маъруфи кишвар, Ҳофизи мардумии Тоҷикистон шодравон Одинаи Ҳошим маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори Марказии Исмоилия ва Филармонияи Давлатии Тоҷикистон ба номи устод Акашариф Ҷӯраев барпо шуд.

odina-hoshim-003Мардуме, ки ба ин ҳамоиш даъват шуда буданд, қабл аз оғози маҳфил бо аксу мусаввара, китобу маҷалла, асбобҳои мусиқӣ ва дигар ашёе, ки бо фаъолияти эҷодии ин хунёгари нотакрори кишвар иртибот доштанду ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, шинос гардиданд. Ровии  ин маҳфили зебо Ҳунарманди Шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шодиев сухани аввалро ба Акбар Алӣ Песнони, намояндаи пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оғохон дар Тоҷикистон дод.

Мавсуф дар бораи нақши мусиқӣ дар ҳаёти инсон ва талошҳои Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе барои дастгирии ҳунари мусиқии миллии тоҷик ва рушди он сухан гуфта марҳум Одина Ҳошимро аз ҷумлаи нобиғаҳое номид, ки дар санъати мусиқӣ камшуморанд. Сипас Саидбухорӣ Маҷидов, директори Филармония дар бораи роҳи эҷодии Одина Ҳошим маълумоти мухтасареро ироа намуда, азҷумлаи онҳое ӯро донист, ки дар мактаби мусиқии миллии тоҷикӣ мактаби худро доранд.

Аксҳо аз маҳфили ёдбуди Одина Ҳошим дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе

Ҳамин тариқ дар ин ҳамоиш устод Мӯмин Қаноат, Шоири Халқии Тоҷикистон, устод Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи Мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷӯрабек Назриев, донишманд ва ҳунарпешаи маъруф, домулло Исмоили Пирмуҳаммадзода, Мирзоватан Миров, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ, Файзали Ҳасанов, Ҳофизи мардумии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлати ба номи устод Рӯдакӣ, Афзалшо Шодиев, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Сурайё Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Холаҳмад Маҷидов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Ҳақназар Ҳаловатов, Ҳунарманди Шоистаи Тоҷикистон ва дигарон бо суханеву бо суруде ба равони Одина Ҳошим дуруд фиристоданд.

Ҳунарнамоии Раҳматуллоҳи Ҳошим, фарзанди шодравон Одина Ҳошим, бародараш Абулхайр Ҳошимов ва махсусан набераи боистеъодаш Фаридун Ҳошимов ба машоми гӯши алоқамандони овози ин сарояндаи нотакрори кишвар накҳати атромези садои ҳамешаҷовидони Одина Ҳошимро расонд.

Ташкилкунандагони ин чорабинӣ азм доранд, ки ба ифтихори 75-солагии зодрӯзи ин абармарди ҳунари мусиқии тоҷик маҳфили зикри хайри ӯро дар аксари шаҳру навоҳии ҷумҳурии азизамон баргузор намоянд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi