20:24:25 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҷоизаи бунёди «Манучеҳри Фарҳангӣ» ба донишмандони тоҷик супурда шуд


Дар толор
ҷаласаҳои Академияи Илмҳои Тоҷикистон маросими ба ду донишманди тоҷик, Муҳаммадқул Ҳазратқулов ва Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ супурдани ҷоизаи бунёди «Манучеҳри Фарҳангӣ» баргузор гардид.

joiza-smirshohi-090413Манучеҳри Фарҳангӣ, яке аз тоҷирони муваффақи эронии муқими Испания буд, ки қабл аз қатл расиданаш дар соли 2008 васият карда будааст, ки дороияшро барои рушду илму фарҳанг масраф намоянд. Соли саввум аст, ки ин ҷоиза ба донишмандони Тоҷикистон эъто мешавад.

Бори нахуст он дар соли 2010 ба устодони Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд барои таҳияи китоби «Донишномаи Сомонӣ» дода шудааст. Соли 2011 Акбар Турсон, раиси раиси Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарӯшиносӣ ва осори хаттии АИ Ҷтин  ҷоизаро дарёфт карда буд.

Доктор  Масъуди Миршоҳӣ, раиси Маркази фарҳангии "Рӯдакӣ" дар Фаронса, ки барои супурдани ин ҷоиза ба Тоҷикистон омадааст ба хабарнигори «Рӯзгор» гуфт, ҷоиза ба Акбар Турсон  барои навиштани китоби «Эҳёи Аҷам», ки ҳанӯз соли 1984 ба нашр расидааст, дода шуд.

joiza-smirshohi-09042013Имрӯз ҷоизаи соли 2012-ро ба доктор Муҳаммадқул Ҳазратқулов, файласуфи тоҷик барои навиштани асари “Ориёҳо ва таммадуни ориёӣ” ва ба олими ҷавон, вале шинохтаву маъруфи кишвар Сармуҳаррири Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ барои як силсила корҳои илмияш, ки аҳамияти байналмилалӣ доранд, ихтисос додем, меафзояд Масъуди Миршоҳӣ.

Ҷоизаи бунёди «Манучеҳри Фарҳангӣ» маблағи 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки онро имсол ба ду нафар тақсим мекунанд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ Президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов ва сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғафури Орзу ширкат ва суханронӣ намуданд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi