01:05:53 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТУ САРОПО РАШКИ ОЛАМ МЕШАВӢ, ҶОНАМ! ТОҶИКИСТОНАМ!

Ҳоруни Роъун яке аз шоирони шинохтаи Афғонистон аст. Ӯ чанд муддат пештар дар Тоҷикистон зиндагӣ мекард. Тоҷикистонро Ватани дуввуми худ медонад.

/images/stories/2013/02/01_horuni-roun-010213.jpgБо овозхонҳову оҳангсозони тоҷик ҳамкориҳои танготанге дошт. Таронаҳои ӯро беҳтарин овозхонҳои тоҷик Манижа Давлатова, Садриддини Наҷмиддин, Сироҷиддин Фозилов, Сӯҳроби Маҳмуд ва дигарон хондаанд. Инак, беш аз се сол боз Канадаро макони зист қарор додааст. Чанде пеш дар фейсбук дар тамос шудем. Маълумам шуд, ки Тоҷикистону дӯстони тоҷикистонияшро сахт пазмон шудааст. Шеъри зеринро як навъ сипосномаи ин шоири ширинзабон аз Тоҷикистону мардуми Тоҷикистон метавон арзёбӣ кард.

Тоҷикистонам

Пойтахти меҳр!

Ҳой! Ай меросдори решаи фарҳанги сабзи тоҷ,

Отифа ҳар рӯз мебахшад ба коҷат боҷ.

Сарнавишти устувории сапедорон,

Боғи устура,

Ай сиришти решаҳоят рӯҳи айёрон,

Ёдгори зиндаи дасти ниёконам,

Тоҷикистонам,

Тоҷикистонам.

 Ай Душанбе,

Ай рафиқи сурфаҳои буғз,

Ёри танҳоӣ,

Хуб ёдам аст:

Рӯзҳо бо ҳам миёни гиряе Варзоб мегаштем,

Кафтаронро дона -дона моҳиёнро об мегаштем,

Кӯча кӯча ҳамраҳам будӣ

Хотироти гомҳоямро магар такрор хоҳам кард?

Ё дар ин ҳасрат

Бо умеди косаи оши наҳорат гушна мемонам

Тоҷикистонам,

Тоҷикистонам.

Суфраатро косаҳоӣ меҳр пур карда,

Нимарӯзиҳо ҳамеша сиккаи дил буд дар қоби қурутобат,

Чӯби чарбаш устухони дасти айёрӣ,

Дар иҷоқи ҳиммат аз гармии лутфат зуд меҷӯшид,

Чойи ҳамдардӣ

Қанди лабхандат писанди завқи меҳмонам,

Тоҷикистонам,

Тоҷикистонам

Бо ҳаёҳӯи забонам зиндагӣ дорад,

Қиссаҳои сурху сабзи лаҳзаҳои боғ,

Шохаҳо обистан аз эҳсос

Меваҳояш дард,

Меваҳояш доғ

Уқдаҳоро абр абр аз авҷ мегиряд

Лек

Гулҳо боз механданд

Арғувон лабханди худро боз менозад

Боз наргис мечарад қонуни диданро

Боз қирмиз мевазад аз лолаҳо то дашт

Ту саропо рашки олам мешавӣ, ҷонам!

Тоҷикистонам,

Тоҷикистонам.

Рӯзи рафтан

Як каме санги туро бо хештан бурдам,

Хоки ту дар устухонам ҳаст.

То даҳонам маззаи ганҷи туро бо ҳар таъоме зинда гардонад

Аз таллои беғашат пироҳане кардам ба дандонам,

Тоҷикистонам

Тоҷикистонам.

Бо иродат Ҳоруни Роъун

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi