20:33:17 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ОРАШ ДИЛБОХТАИ ХОНУМҲОИ РУС?

Номи ҳофизи эронитабор Ораш ба мухлисони тоҷикистонияш бегона нест. Зеро Ораш ҳамагӣ чанд сол қабл ба Тоҷикистон бо дастагули савту наво ташриф оварда, ҳаводорони хешро болидарӯҳ гардонда буд. Ораш ғайр аз ватанаш ва Тоҷикистон дили миллионҳо дӯст-дорони санъаташро дар Аврупо ва тамоми Осиё ба хурӯш овардааст. Ин овозхони соҳибистеъдодро дар Русия ҳам хуб мешиносанду ҳунарашро қадр мекунанд. Махсусан баъди он, ки Ораш бо гурӯҳи ҳунарии “Блестящие” суруди “Восточные сказка”- ро сароид, маҳбубияташ дар байни мухлисони русаш дучанд афзуд. Албоми Ораш бо номи “Буро-Буро” барояш шӯҳрати зиёд овард, ки дар Русия ҳам шунавандагони Ораш албомашро бо камоли майл пазируфтанд. Сӯҳбатеро, ки хабарнигорони русиягӣ бо ин ситораи санъат анҷом дода буданд, пешкаши ҳаводорони тоҷикистониаш мегардонем.

- Ораш, Шумо ба Русия хело зиёд ташриф овардаед, ҳатто баъзан қариб ҳар моҳ Шуморо дар давлати мо мухлисонатон мебинанд. Сабаби ин ташрифҳои зиёд чист?

 

-Ман аз хурдӣ дилбохтаи маданияту анъанаҳои русиям. Асарҳои адибони оламшумул Достоевский, Чехов, Горкийро хонда, орзу мекардам, ки боре ба ин кишвари бузург сафар намоям. Даъвати духтарони гурӯҳи “Фабрика”-ро барои бо онҳо сароидани суруди “Восточные сказки” барои сафари ман созгор афтод ва баъди дидан кардан аз Русия дигар аз ин давлату мардуми он дил канда наметавонам.

 

- Пас чаро суруди “Восточные сказки”-ро на бо духтарони гурӯҳи “Блестящие”, балки бо духтарони гурӯҳи “Фабрика” сабт намудед?

 

-Вақте ки ба Русия барои сабти ин суруд омадам, ростӣ, гурӯҳи “Фабрика” тамоман ташаббус нишон намедоданд. Аз ҳамаин сабаб ман вақти қимати худро сарфа карда, ин сурудро бо каме тағирот ҳамроҳи духтарони гурӯҳи “Блестящие” рӯйи навор овардам.

 

- То ба Русия омадан аз ҳофизони ин кишвар киҳоро мешинохтед?

 

- Ҳофизони зиёдеро аз гурӯҳҳои “Дискотека Авария”, “Тату”, “Фабрика”, “Блестящие” мешинохтам. Дар бораи ҳофизони номӣ Алла Пугачева, София Ротару, Олег Газманов, Филипп Киркоров ва дигару дигарон ҳоҷати гап нест.

 

- Ораш, Шумо зодаи Эронед, вале чаро дар Шветсия умр ба сар мебаред?

 

- Бале, ман то синни даҳсолагӣ дар Теҳрон ҳамроҳи волидайнам зиндагӣ мекардам ва бо тақозои зиндагӣ соли 1980 оилаи мо ба кишвари Шветсия кӯч баст.

 

- Назар ба иттилооте, ки ба даст дорем, Шумо ҳунари оҳангофарӣ низ доред?

 

- Баъди хатми коллеҷи мусиқӣ дар Шветсия барои каме ҳам бошад, кӯмак расонидан ба падару модар, ба навиштани оҳанг оғоз кардам. Хушбахтона, дар ин самт комёб ҳам гаштам, зеро оҳангҳои маро дар филмҳои ҳиндӣ ва шведӣ истифода мебурданд. Ситораҳои санъати шведӣ Ребекка ва Анна Ли бо оҳангҳоям суруд месароянд.

 

- Шумо дар Русия ва берун аз он мухлисони зиёд доред ва пӯшида нест, ки сафи мухлисони ҷинси латиф-занон зиёданд. Мухлисони русиягиатон аз дигар мухлисон чӣ фарқ мекунанд?

 

Оре, оре. Бовар намекунед, аммо ихлосмандии мухлисон русиягиам баъзан тамоми сарҳадҳоро убур мекунад. Ҳатто якеи онҳо дар фурудгоҳи Маскав шиносномаамро зӯран кашида гирифту болои расмам бо лабсурхкунак “Араш, я тебя люблю” навишт. Аз пушти ин кори вай шуда, ман бо монеаҳои зиёд рӯ ба рӯ шудам.

 

- Худи Шумо ба хонумҳое, ки дар Русия мухлисатонанд, чӣ гуна рафтор мекунед?

 

- Ман натанҳо русдухтарони мухлис, балки тамоми занону духтарони русро дӯст медорам ва аз нафосати онҳо мисли ақлбохта бехуд мегардам…

 

- Машруботи спиртӣ истифода мебаред?

 

- Кам-кам, вале вақте, ки нӯшам, то аз худ бехуд шудана менӯшам.

 

- Бо ягон хонуми рус издивоҷ кардан намехоҳед?

 

- Ин сирри махфист.

 

Наргиси Муродалӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi