19:25:59 20-уми Июни 2019 сол
ХАБАР:
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Феврал 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

РӮЗИ ЗАБОНИ МОДАРӢ: ТАДОБИР ВА КӮТОҲИҲОИ ҲИМОЯТИ ЗАБОНҲО

Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон лоиҳаи “Барномаи истротежии рушди забони давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016”-ро таҳия кардааст. Масъулони кумита мегӯянд, қонун дар бораи забони давлатӣ дар Тоҷикистон ҳуқуқи ақаллиятҳои забониро дар назар мегирад, вале дар барномаи мазкур барои ҳифз ва рушди забонҳои помирӣ ва яғнобӣ дар кишвар иқдомҳое пешниҳод мешавад.

dodikhudoДодихудо Саймуддинов, раиси кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар ин бора дар ҷаласаи марбут ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ суҳбат кард. Дар ин ҷаласа гуфта шуд, ки бино ба тахминҳои коршиносони байналмилалӣ забоне, ки ҳоло дар курраи замин камтар аз 100.000 гӯянда дорад, дар 100 соли оянда аз байн хоҳад рафт.

Аммо дар Тоҷикистон забонҳои бехатте ҳастанд, ки танҳо 1000 нафар бо он метавонад суҳбат кунад. Оқои Самуддинов мегӯяд, Барномаи истротежии рушди забон барои солҳои 2012 то 2016 дар бораи равишҳои омӯзиш ва ҳифзи забонҳои бехаттро дар назар гирифтааст.

"Поркҳои забоншиносӣ"дар Тоҷикистон

Вай гуфт: “Масалан забонҳои помирӣ, ба монанди рушонӣ, шуғнӣ, язғуломӣ, ишкошимӣ, вахонӣ ва ғайра дар Афғонистон ва Покистон ва сарикулӣ дар Чин ҳам ҳаст, чун Ватани ин забонҳо инҷост, мо бояд барои ҳифзи инҳо иқдом кунем.”

Яке аз чунин иқдомҳо, ки дар барномаи кумитаи забон ва истилоҳот дар назар гирифта шудааст, баргузории “поркҳои тобистонаи забонӣ” дар Тоҷикистон аст. Поркҳои тобистона ба гуфтаи оқои Саймуддинов, давраҳои омӯзиши забонҳои мавриди назар, аз сӯи устодон ва пруфесурҳои забоншинос аз кишварҳои мухталиф аст.

Вай мегӯяд: “Эроншиносоне ҳастанд, ки барои таҳқиқоташон барояшон ҷолиб аст забонӣ яғнобӣ, ё ягон забони бадахшониро биомӯзанд ва онҳо меоянду зарфи 25 - 30 рӯз дар дарсҳои "порки забонӣ" омӯзиш мебинад.”

Аммо намояндагони ақаллиятҳо нигаронанд, ки чунин тарҳҳо барои забоншиносон таҷрибаи хубе хоҳанд буд, аммо вазъи дорандагони масалан забони яғнобиро ҳалл нахоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки Азиз Мирзобеков, забоншиноси тоҷик мегӯяд, ки барои ҳифзи забонҳои ақаллиятҳо дар Афғонистон ё Покистон ва ё Чин қарорҳо ё қонунҳои ҷудогона тасвиб нашудаанд, аммо забони модарии ақаллиятҳо дар мактабҳои маҳаллӣ тадрис мешаванд.

Вай мегӯяд: “Дар Афғонистон ва ё дар Покистон барои рушд ё ҳифзи забонҳои вахонӣ ҳеч қонуне таҳия нашудааст, аммо онҳо барномаҳои родиюӣ доранд, китобҳо бо хатти форсӣ чоп мекунанд. Расмулхат тартиб додаанд.”

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2005 дарсҳои забони яғнобӣ, яке аз забонҳои дар маърази хатар дар Тоҷикистон дар мадориси маҳаллӣ барои сокинони яғнобизабон лағв шуд.

"Дарсҳои забони яғнобиро баргардонед"

Ба ин хотир Сайфиддин Мирзоев, забоншиноси дигари тоҷик ва муаллифи китоби забони модарӣ барои донишомӯзони яғнобизабон дар ҷаласаи рӯзи 21-уми феврал аз мақомоти кумитаи забон дархост кард, ки барои аз сар гирифтани дарсҳои забони модарӣ барои кӯдакони яғнобӣ мусоъидат кунанд.

Вале оқои Саймуддинов мегӯяд, қонуни Тоҷикистон ба ин иҷозат додааст ва дар ин замина бояд ҳукуматҳои маҳаллӣ бештар фаъъол бошанд. Зимнан теъдоди донандагони забони яғнобӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 15 ҳазор хонда мешавад.

Дар Ҷаласаи Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ намояндагони ақаллиятҳои миллии ин кишвар низ ширкат доштанд. Раиси кумитаи забон исрор кард, ки қонуни Тоҷикистон ҳуқуқи онҳоро ба хубӣ ҳимоят кардааст. Раҷабалӣ Сангов, як масъули вазорати омӯзиш ва парвариш низ қонуни забони Тоҷикистонро “қонуни аз ҳама боадолат” хонд.

Вай мегӯяд: “Ба он хотир мегӯям, ки мувофиқи модаи дуюм, забони давлатӣ забони тоҷикӣ аст, аммо халқи тоҷик эҳтироми хоса ба забони ақаллиятҳои миллӣ дорад. Ва барои ҳамин агар дар мактабҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 76 157 синф бошад, аз инҳо, 1817 синфи русӣ, 14 761 синфи ӯзбакӣ, 724 синфи қирғизӣ, 119 синфи туркманӣ ва 39 англисӣ вуҷуд дорад.”

Вай бо таассуф таъкид дошт, ки аз 220 мактаби тоҷикӣ, ки дар замони шӯравӣ дар Ӯзбакистон фаъъол буд, ҳоло фақат 22 мактаб боқӣ мондааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ дар Ӯзбакистон беш аз 1.5 милюн тоҷик ба сар мебарад.

"Амнияти фарҳангиро нигаҳ дорем"

Ахиран бархе аз намояндагони порлумони Қирғизистон пешниҳод кардаанд, ки мактабҳои тоҷикӣ ва ӯзбакӣ дар ин кишвар баста шаванд. Бино ба гуфтаи ин намояндаҳои порлумон китобҳо дар ин мактабҳо аз хориҷ аз кишвар таъмин шуда ва шогирдони ин мактабҳо аз сӯйи кишварҳои ҳамсоя шустушӯи мағзӣ мешаванд.

Аммо забоншиносони тоҷик рӯзи 21-уми феврал аз роиҷ будани сиёсатҳои миллатгароёна ва вазъи русизабонҳо дар кишварҳои Болтик ибрози таассуф карданд. Аз ҷумла Додихудо Саймуддинов пешниҳоди бархе аз сиёсатмадорон дар бораи бастани мактабҳои русӣ дар Летунӣ (Латвия)-ро, ки дар он беш аз 500 ҳазор рус зиндагӣ мекунад “истисмор” унвон кард.

Раҷабалӣ Сангов, масъули вазорати омӯзиш ва парвариш мегӯяд, ки мактабҳои ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон аксаран бо китоб таъмин ҳастанд, вале дар бархе аз мактабҳо, ба вижа ноҳияи Қубодиён мактабҳое ошкор шудаанд, ки китобҳояшон аз Ӯзбакистон будаанд. Дар ин мактабҳо овезаҳое ҳастанд, ки Саъдии Шерозӣ ва ё Мирзо Турсунзодаро дар миёни адибони узбакзабон ҷой додаанд.

Ба ин хотир ширкаткунандагони ҷаласа пешниҳод карданд, ки дар сурати камбуди молӣ барои чопи китобҳо дар Тоҷикистон кишварҳои дорандаи забон ба мактабҳо танҳо китобҳои фаннҳои дақиқро фиристода, вале китобҳои дарсҳои иҷтимоъӣ ба монанди таърих ва адабиёт барои мактабҳои ақаллиятҳои миллӣ бояд дар Тоҷикистон мунташир шаванд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho