05:46:17 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
30 31        

БАҲСИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО БО ШОГИРДАШ АБӮУБАЙДИ ҶУЗҶОНӢ

Дар нимторикии ҳуҷраи хоксоронаи начандон калон, ки ҳамагӣ дорои чанд рафи пур аз китоб буд ду кас бо овози паст сӯҳбат мекарданд. Устод, муроҷиат кард оне ки ҷавонтар буд ба марди миёнасол, магар шариат иҷоза медиҳад, ки одамро ҷарроҳӣ кунӣ?

Абуали ибни Сино-Ҳамаи амалҳоеро, ки ба фоидаи мардум асту Худованд мамнӯъ нагардонида иҷро кардан мумкин аст.

-Пас барои чӣ шумо ба рӯҳониёни дарбори шоҳ инро намефаҳмонед? Балки пинҳонӣ аз ҳама майитро аз гӯр канда овардем?

- Ман инак 8 сол мешавад мехоҳам чанд занро илми тиб биомӯзонам, то ҳангоми бемор шудани занҳои шаҳр тавонанд бемалол онҳоро муолиҷа кунанд, худ мебинӣ кӣ чӣ заҳмат аст. Ҳамвора сӯи  ман дандон тез мекунанд. Мегӯянд ман ҳақ надорам  ба занҳои бегона наздик шавам.

- Вақте, ки духтари шоҳ бемор шуд муқобил набуд. ки шумо ӯро муолиҷа кунед?

-Шоҳ гапи дигар аст, барои ӯ ҳама чиз мумкин, аммо ин ҷоҳилони бечора  ҳатто наметавонанд бо дастони ман ҳарамашонро муолиҷа кунанд.

- Пас шумо наметарсед, ки рӯзе қурбони ҷаҳолати онҳо мешавед?

- Ҳазрати Алӣ (а) фармудааст: Тарс пояи куфр аст. Ман ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ ба ҷуз Худованди муттаъол аз касе натарсидаам.

-Ҳатто ҳамон вақте, ки гирифтани офтобро пешгӯӣ кардеду ҷоҳилон овоза паҳн карданд, ки Абӯалӣ Сино ҷодугар аст?

-Бале, ҳамон вақт ҳам аз ғазаби ҷоҳилон натарсидам, чунки медонистам оне, ки дарҳои илмро ба рӯи ман осон кушод, нигаҳбони ман аст.

Шогирд сокит шуд. Бӯалӣ пурсид: Ҷузҷонӣ саволҳоят тамом шуданд? Не устод, ман дер боз мехостам аз шумо пурсам, ки бо ин ҳама дониш чаро даъвои паёмбарӣ намекунед, охир шуморо зуд бовар мекунанд? Инро шунидан замон устод дар шигифт монд. Нафаҳмид аз куҷо ин бидъат дар ниҳоди шогирдаш пайдо шудааст. Инро аз дил гузаронида Шайхурраис бо овози каме ғазаболуди танҳо ба шогирдаш  маълум гуфт: «Вақташ биёяд ба ин суоли куфромезат ҳам ҷавоб мегирӣ».

Аз ғазаби устод худро ноҳинҷор ҳис карда, бахшиш пурсида Ҷузҷонӣ ба ҳуҷраи корӣ рафт. Аз байн як сол гузашт. Абӯалии Сино аз подшоҳи Хоразм номае гирифт, ки шоҳ аз бемории саръ шикоят карда, ҳакимро барои табобат даъват карда буд. Ҳакими номдор шунида буд, ки дар хазинаи Хоразмшоҳ китоби нодире маҳфуз аст, шарҳи бисёре аз масоили мутааллиқи тибби Чин мавчуд аст ҳарвақта ҳамроҳаш шогирди мушфиқу ғамхораш Ҷузҷонӣ буд.

Зимистони қаҳратун дар саросари кишвар ҳукумрон буд. Боди сард барқасд резаҳои барфи аз дирӯз боридаистодаро ба чашмҳо халонда роҳгардиро душвортар мекард. Шиддати сарморо на ҷомаҳои ғафси мусофирон паст карда метавонисту на саллаҳои ба рӯй печондаионҳо. Аз шиддати  хунукӣ мағзу устуғонҳояшонба дард омада буд. Намози шом бӯрёи кӯҳнаи масҷидро болояшон кашида, хоб карданд.

Саҳар бо дамидани субҳи козиб садои пои муаззин баланд шуд. Шайхурраис сар аз зери намадҳои болояш бароварда марди мӯйсафеди барҷомондаеро дид, ки қасди баромадан ба манори баланди саҳни масҷидро дорад. Ҳаким пай бурд, ки ӯ муаззин аст. Муйсафед бисёр пир ва бемор менамуд. Ҷузҷонӣ ҳам бедор шуда, манзараи бо азоби зор ба зина баромадани муаззини беморо дида гуфт:

Ин мард ҳеҷ гоҳ то охири манор баромада наметавонад, ӯ албата дар нимроҳ ҳалок мешавад.Устод ба суханони ӯ гӯё эътибор надода ба шогирд супориш дод барои вузӯ гирифтан об биёрад. Ҷузҷонӣ узр пурсида хоҳиши устодро рад карда гуфт: «Устоди гиромӣ ман ин супориши шуморо иҷро карда наметавонам, чунки худи шумо гуфта будед, ки инсон аз гармӣ якбора ба хунукӣ барояд гирифтори бемории зуком мегардад. Барои ҳамин то дамидани субҳи содиқ сабр кунед, то ман батадриҷ аз ҷогаҳ берун шавам».

Шайх намадҳоро аз болояш дур ҳаво дода итоб кард: «Акнун, шаккок, посухи саволи порсол додаатро дар хусуси чаро даъвои пайғамбарӣ накардани ман гӯш кун: Ин мӯйсафеди пири фартутро Паёмбари акрам Муҳаммад (с) қариб 400 сол қабл фармудааст, то ҳар саҳар ба ин баландӣ баромада азон бихонад. Мӯйсафед то дами марг ин супоришро бе каму кост ба ҷо меорад. Одатан ин тоифа дар ин амал боре таъхир намекунад. Ман, ки зиндаю саломат дар паҳлӯи ту истодам ва ту шогирди манӣ фармонро, ки овардани як кӯза об беш нест иҷро намекунӣ, чӣ гуна метавонам даъвои паёмбарӣ кунам?».

Аҳмади Иброҳим, барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi