09:39:15 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

САЙМУДИНОВ: “ИМЛОИ ҶАДИД ҶАНБАИ МАҲАЛЛГАРОӢ НАДОРАД”

Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон сару садоҳоро дар бораи мутобиқ сохтани имлои ҷадиди забони форсии тоҷикӣ ба лаҳҷаи як маҳаллро бепоя хонданд.

СаймуддиновБархе аз донишмандони мӯътабар, аз ҷумла, окодемисиян Муҳаммадҷон Шакурӣ, аз қавоиъиди тозаи “Имлои забони тоҷикӣ”, ки дар он ҳарфи “ӯ” дар бештари калимоту вожаҳои забон лағв шуд, интиқод карда буданд. Ҳарфи “ӯ” баёнгари овозест, ки бештар дар манотиқи шимол ва шаҳрҳои Самарқанду Бухоро талаффуз шуда ва дар имлои қаблии забони форсии Тоҷикистон ҷойгоҳи худро дошт.

Додхудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 24 январ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт: “Дар таҳияи имлои забони тоҷикӣ сиёсати маҳал вуҷуд надорад. Устод Айнӣ гуфта буд, ки ҳеч лаҳҷаи забони зинда меъёри забони адабӣ нахоҳад шуд. Президент Раҳмон низ гуфта буд, ки ба ҳеч лаҳҷа мо имтиёзу бартарӣ намедиҳем.”

Оқои Саймуддинов калимоту вожаҳои бо ҳарфи “ӯ” шурӯъ шударо барои забони форсии тоҷикӣ бегона хонда ва гуфт, ки ба ин далел, дар имлои ҷадид дар бештари маворид аз ин ҳарф сарфи назар шудааст. Вай афзуд: “Қоидаи нодурусте вуҷуд дошт, ки пеш аз ҳарфҳои “ҳ”, “ъ” ва “ҳамза” бояд “ӯ” навишта шавад. Масалан, “ӯҳда”. Ин ҳолат дар лаҳҷаҳое мушоҳида мешавад, ки дузабонӣ роиҷ аст. Аммо дар осори клосикҳои мо нест.”

“Қоъидаҳои имлои забони тоҷикӣ” пас аз баҳсу баррасиҳо дар вазорати маъориф, Фарҳангистони улум, пажӯҳишгоҳҳою донишкадаҳо дар рӯзи 4 октябри соли гузашта аз ҷониби давлати Тоҷикистон тасвиб гардида ва дар нашрияи расмии Тоҷикистон, “Ҷумҳурият”, мунташир шудааст. Ҳамчунин, “Қоъидаҳои имлои забони тоҷикӣ” бо теъдоди 1500 адад чоп шуда ва ба ниҳодҳои зирабти давлатӣ ба таври ройгон тавзеъ хоҳад шуд.

Оқои Саймудинов гуфт, ки тибқи банди 6-и моддаи 3-и Қонуни забони Тоҷикистон, дар ин кишвар риъояти имлои ҷадиди забони тоҷикӣ ҳатмӣ буда ва “ниҳоде ё шахсе, ки меъёрҳои забони адабиро риъоят намекунад, аввал ҳушдор дода ва сипас, дар чорчӯби қонуни "ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” муҷозот мешавад. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, барои шахсони воқеъӣ барои вайрон кардани меъёрҳои забони адабӣ ба миқдори аз 15 то 20 маъоши ҳадди ақал ҷарима пешбинӣ шудааст.

Бино ба гузориши Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, дар ҷараёни омӯзиши номгузориҳои кӯчаю хиёбонҳо, шаҳраку русто, ҷамоъату маҳаллаҳо ва шаҳру навоҳии ин кишвар дар соли гузашта рӯшан шудааст, ки 28 дарсади номгузориҳо дар шаҳри Душанбе, 38 дарсад дар вилояти Суғд, 27 дарсад дар вилояти Хатлон, 13 дарсад дар вилояти Бадахшон ва 17 дарсад дар навоҳии марказии кишвар "ғайритоҷикӣ" будаанд.

Аз ин лиҳоз, ин кумита ба масъулони ниҳодҳои давлатии шаҳрҳою навоҳӣ тавсия кардааст, то ин номҳоро бо номҳои тоҷикӣ иваз кунанд. Ба эътиқоди раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон: “Номҳои бегона дар маҳаллҳо таърихи моро зери шубҳа мебарад. Зеро қавми бегона дар ин ҷо буд, ки ин номро гузоштааст. Сиёсати ҳар давлат ин аст, ки тамоми номҳо бояд номҳои миллати худ бошад. Миллат соҳиб дорад.”

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi