23:55:26 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СӮҲБАТИ НОБОВАР ЧАНОРОВ БО МУХЛИСОНАШ

Нобовар ба оҳангу таронаҳои мардумӣ умри дубора мебахшад ва сафарҳои ҳунарии ӯ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Италия, Испания, Белгия, Русия ва кишварҳои дигар истиқболи гарм ёфтаанд. Суолу ҷавоб рӯзи ҷумъаи 28-уми август, аз соати 16:00 то 18:00 ба вақти Душанбе баргузор шуд. 

 

Адам аз Бартанг: Барои шумо бо кадом забон хондани суруд осон аст, бо тоҷикӣ ё помирӣ 

Нобовар: Дар аввал мехоҳам ба мухлисон ва ба хонандагони торнамои Озодӣ ташаккур бигӯям. Ба суоли Шумо чунин посух медиҳам, ки барои ман ҳар дуи ин забон як ҳастанд ва ҳар ду забони ман ҳастанд ва бароям бо ин ду забон сурудан осон аст. Ман ин забонҳоро аз ҳам ҷудо намедонам, ҳар ду як ҳастанд барои ман.

Sanam аз tojikiston: Nobovar,salom. Charo vaqthoi ohir dar tv kam mebaroed? 

Нобовар: Ман ба телевизион кам рафтаам, қариб нарафтаам. Танҳо дар соли 1997 рафта будам, вақте суруди аввалро сабт кардем. Дигар нарафтаам. Дигар чизе ки дар ТВ намоиш медиҳанд, аз консертҳост. Ман сабтҳои нав надорам дар ТВ. Фикр мекунам, ки аз ин рӯ сабтҳои кӯҳнаро кам намоиш медиҳанд. 

Сиёвуш аз Душанбе:Салом ба Нобовар ва гурўҳи Шамс! умо то кай моли гузаштагонро,ки воқеъан ҳам хуб эҷод шудаанд, месароед? Дар эҷодатон ҳама оҳангҳои мардуми Бадахшонанд. ҳеҷ нияти сурудани оҳангоҳи мардумии дигар минтаќаҳои Точикистонро надоред? Дар Тоҷикистон имрўз аз нигоҳи Шумо сарояндае ё гурўҳи ҳунарие ҳаст, ки дар сатҳи байналмилалӣ тавонад санъати тоҷикро муаррифӣ кунад? Ташаккур. 

Нобовар: 1) Хуб аст, ки Сиёвуш ба эҷодиёти мо ин қадар аҳамият медиҳад ва огоҳ аст. Ташаккур ба Шумо. Вале эҷодиёти мо на танҳо аз моли гузаштагон иборат аст. Аз эҷодиёти гузаштагон баҳра гирифтан кори хуб аст дар тамоми соҳаҳо. Моли гузаштагонро набояд фаромӯш кард. Мо моли гузаштагонро бо равиши нав истифода мебарем. Вале дар ҳамин ҳол, дар эҷодиёти мо сабтҳои нав низ ҳастанд. 

2) Агар ба эҷодиёти мо камтар бештар диққат диҳед, мебинед, ки аллакай аз албоми аввал мо, гурӯҳи Шамс, ҳам аз ҷануб аст, ҳам аз шимол аст, то ҳатто аз услубҳои хурд истифода шудаанд. Масалан, суруди "Салому сад салом...", дар ин суруд ҳам аз услубҳои Хатлон ва Бадахшон бо микси аврупоӣ ба мухлисон пешкаш шудааст. Сурудҳое, ки гурӯҳи "Шамс"-ро ба боло бардоштаанд, дар он сурудҳо аз тамоми минтақаҳои Тоҷкистон истифода шудаанд. Бодиққаттар бошед. 

3) Бале. Ҳастанд сарояндаҳо ва чунин гурӯҳҳо. Ном намегирам, вале мегӯям ки ҳастанд. Танҳо бештар бояд кор кард ва пул лозим доранд. Аммо онҳое, ки чунин ҳунарро доранд, ҳастанд. 

Doro аз Khatlon: Akai Nobovar, Shumo dar jodai hunar kiro ustodi khudaton hisob mekuned? 

Нобовар:
Ман ҳунарро аз хонадони худ ёд гирифтаам, аз падари худам. Падари ман хеле хуб месароиданд, менавохтанд. Амӯям, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Муродбек Рамазонов ба ман бисёр чизҳоро ёд додааст. То ҳанӯзам устодони зиёд дорам, аз ҳар кас чизеро ёд мегирам. 

Xабиб аз Русия: Имрўз берун аз Точикистон гурӯҳҳое фаъолият доранд, ки (албатта зери назорати раведкаҳои хоричӣ) точикони бадахшонро "мы памирцы" гуфта аз дигар точикон чудо месозанд. Агар ҳар яки мо худро - памирец, гармец, согдиец, кулябец, бигӯем пас фардо аз точику Точикистони хурдакаки мо чи хохад монд? Андешаатонро дар ин бора фахмидан мехостам? Дар амони Худованд бимонед! 

Нобовар: Афсӯс мехӯрам, аз ин ки то ҳанӯз ҳам дар миёни мо ин гуна гапҳо ҳастанд. То чӣ андоза ин гуна корҳо дар зери разведкаи хориҷӣ ҳаст, ман дарак надорам. Он ки касе худро "памирес", "кулябетс" ё ки "согдиетс" мегӯяд, шаҳодат аз пастии он одам аст. Танҳо ҳарфе, ки нисбат ба ин одамон дорам, афсӯс аст. 

Adiba аз Dushanbe: Nobovarjon, avvalan salomi maro qabul kuned. sawoli man chunin ast: 5 nafar odamoni mashuri dunyoro nombar kuned, ki bo onho suhbat kardan mekhohed? 

Нобовар: Ташаккур, Адиба. Мехостам, пас аз чунин суол бо худи Адиба сӯҳбат кунам. Хуб, посух ба суоли шумо, мехостам бо Стинг сӯҳбат бикунам, ба пояи сӯҳбати Пауло Коэлйо бишинам. Афсӯс, ки шодравон Лоиқ Шералӣ дигар дар қайди ҳаёт нестанд, вагарна мехостам аз сӯҳбати устод низ баҳравар шавам. Мехостам, бо падарам сӯҳбат бикунам, ки пас аз ин ҳама корҳое, ки то имрӯз анҷом додаам, ба ман чӣ мегуфт....Афсӯс, ки ин номумкин аст. 

Suhrob аз Rasht : Salom Nobovar. Shumo kadom khislati khudro namepisanded? Zinda boshed. 

Нобовар: Воалейкум салом, Сӯҳроб. Ҳарчанд номи ман Нобовар аст, вале ин маънои нобоварро надорад. Зудбовар ҳастам ва ин хислатам ба ман маъқул нест. Бисёр бовар мекунам. Хислатҳои зиёди дигар низ дорам, ки ба ман писанд нестанд. 

X: Salom barodar. mekhostam bifahmam ki dar kadom sait mo metavonem hamai surudhoi shumoro paydo namoem? 

Нобовар: Мо сайти махсуси гурӯҳи "Шамс"-ро надорем ва сайти махсуси Нобовар Чаноров низ мавҷуд нест. Танҳо дар ЮТюб ва дигар сайтҳои мусиқии тоҷикӣ сурудҳои моро пайдо карда метавонед 

Далер аз н. Рудаки: Шумо хам худро дар хорич аз Точикистон "Памирец" муаррифи мекунед ё мегўед точикам? Шумо хам дар туйхо хизмат мекунед? Агар ха, хакки хизмататон чанд сомони хаст? 

Нобовар: 1) Ман ба хориҷа бисёр сафар мекунам. Фикр мекунам, аз миёни ҳамаи ҳунармандонамон бештар ман сафар мекунам. Ва то он дараҷа бефарҳанг ва бемаданият нестам, ки дар он ҷо гӯям, ман "памиретс". Ба ҳар ҷое, ки рафтаам, дар ҳар ҷое, ки сидиҳои мо сабт мешаванд, дар он ҷо навишта шудааст: "Группа, Шамс. Таджикистан". Шумо агар дар интернет ҳар ҷо ҷустуҷў мекунед, дар ҳама торнамоҳои хориҷӣ навишта шудааст, группа "Шамс", Таджикистан. Дар як сайти фаронсавӣ навишта шудааст, "Шамс" - Битлзи Тоҷикистон". 

2) Бале, дар туйҳо баромад мекунем, ҳунарманд бояд дар миёни мардум бошад. Хушбахтона, маро ба туйҳо ба тамоми минтақаи Тоҷикистон, ба шимолу ҷануб, русу ўзбак моро даъват мекунанд ва мо хидмат мекунем. Худоро шукр мегӯям, ки моро дӯст медоранд ва мо онҳоро дӯст медорем. 
 
Замира аз Душанбе: Албоми нави Шумо кай мебарояд?

Нобовар: Одатан, дар як албом гурӯҳҳо 10-12 суруд таҳия мекунанд. Дар албоми мо бошад 21 суруд аст, агар диққат дода бошед, яъне як албоми мо баробар ба ду албоми маъмулӣ аст...Ман гуфта наметавонам, ки мо кай албоми нави худро мебарорем. Чаро? Зеро, вақте мо суруди нав мехонем, ки агар он дар албоми нав бошад, пас аз чанд муддат ин сурудро дар албоми кӯҳна суруди 22-юм карда, ба фурӯш мебароранд...

Сўхроб аз Душанбе: Нобовари азиз! Аввалан ин ки хама вакт ва дар хама чо аз бадахшони буданатон фахр намоед, зеро Ватанро мисли падару модар интихоб намекунанд. Аз суолхои чанде аз хамватанон бармеояд, ки инхоро бештар на хунари шумо, балки аз Боми Чахон буданатон бештар ба ташвиш овардааст. 

Дарвокеъ, ман беш аз 20 мамолики чахонро паймудаам ва аник медонам, ки дар хоричи кишварамон ба чуз аз Помир, ки бо куххои сар ба афлоку лаъли афсонавиаш шухрати умумичахони касб кардааст, дигар касе на Кулобу на Гарм, на Кистакузу на Гаргараро мешиносад. Ва аз ин бояд миллати точик фахр дошта бошад. Бо забони шугнониву рушони,ки ёдгорие аз ниёкони пурифтихори моанд, эчод намудани сурудхоро идома дихед. 

Албатта, худ аз худ фахмост,ки бештарини сурудахои шумо бо забони точики садо медиханд. Ва аммо суоли ман ин аст: дар зиндаги чи накшахое доштед, ки чомаи амал пушидаанд ва алхол барои оянда чи ниятхое доред? Муваффаку сарбаланд бошед! 


Нобовар: Саломат бошед, бародар Сӯҳроб. Ташаккури зиёд, ки Шумо аз таъриху фарҳанги миллат хабар доред. Бошад, ки ин гуна нафарон дар миллати мо бештар шаванд ва фахр кунанд, ки мо ҳам Хатлон дорему ҳам Хуҷанд дорему ҳам Зарафшону ҳам Бадахшон. Ман як хислат дорам, он қадар зиёд нақша намекашам. Ва нақшаҳои хурд-хурде, ки ман дорам, то имрӯз иҷро шуда истодаанд. Худо қувват диҳад, ки ҳамин гуна доим дар хидмати халқ бошем ва доимо бо мардум бошему барои мардум сароем. Аз назари мардум маҳрум нашавем. 

Salam: Salom aleykum akai Nobovar. agar imkonyat bohsad E-maili khudatonro injo ba muxlisonaton bimoned, to dar oyanda ham ba shumo savolu darxosthoi xudro birasonem. Ba shumo muvafaqiyatho orzumandam. 

Нобовар: Ман доим дар миёни мардумам. Бо имейл он қадар сарукор надорам. 

Saloh аз Dushanbe: Salom Nobovar. Lutfan bigued, ki dar zindagi az chi metarsed? 

Нобовар: Аз дурӯғ, аз номардӣ. 

GuMiSo аз Москва: Салом ба Нобовар ва гурухи Шамс! Как можно найти ваши альбомы в Москве 

Нобовар: Чанд маротиба, ки ман ба Маскав сафар кардаам, дар он ҷо сидиҳоеро дидаам, ки дар Душанбе ҳатто нестанд. Фикр мекунам, дар Маскав агар аз дигар тоҷикон пурсон шавед, шояд ба шумо гӯянд, ки дар куҷо ёфтан мумкин аст. Дар Санкт-Петербург медонам, ки дар мағозаи "Долина Бартанг" дискҳои моро ёфтан мумкин аст. 

Ориф аз Душанбе: Салом Нобовар, лутфан бигуед оё таронахои хунарманди нотакрор Ахмад Зохир дар рушди эчодиёти Шумо накше доштааст? Чаро сурудхои уро Шумо намехонед? Оё метавонед аз сурудхои у ном бибаред, ки шуниданашонро дуст медоред? Оё дар накшаи шумо хондани сурудхои Ахмад Зохир хаст, агар не, чаро? Бароятон комёбихои бештару бехтареро орзумандам. Сарбаланд бошед! 

Нобовар: Бешакку шубҳа, ҳунари Аҳмад Зоҳир дар эҷодиёти ман ва назари ман ба зиндагӣ, ба фарҳанг, ба шеър ва суруд нақши бузург бозидааст. Ман сурудҳои Аҳмад Зоҳирро бештар дар мошин гӯш мекунам. Ва агар ҳоло сурудҳои писандидаамро аз ӯ номбар кунам, вақти зиёдеро мегирад. 

Сурудҳои орифонаи ӯ, ба мисли "Мабар ин гумон, ки муфтӣ, ба Худо расида бошӣ" ва дигар сурудҳои ошиқонаи ӯ, сурудҳое, ки дар васфи меҳру муҳаббат бахшида шудаанд, "Ай, ба дидаам торик....", "Намедонам, барои кӣ бигирям...." ва дигар сурудҳои ӯ барои ман хеле наздиканд. Ман баъзан аз сурудҳои Аҳмад Зоҳир дар назди дӯстон замзама мекунам, вале ба суруди Аҳмад Зоҳир кордор шудан нерӯи зиёд металабад. Тавони ман феълан танҳо ба гӯш кардани сурудҳои ӯ мерасад, тавони такмили онҳоро надорам. Сурудҳои ӯ як мактаб аст. 

Pahlavon: SALOM BAR BULBULI KHUSHOVOZ TOJIK,TOJIK,BOZAM TOJIK. ALBATA MAN HAMCHUN FARZANDI DIYORI TJIKISTON AZ BARODAR NOBOVAR TASHAKUR MIKUNAM KI FARHANG VA HUNARI TOJIK RO DAR JAHON MUAREFI MIKUNAD VA HEJVAGTAM NASHUNIDAM KI AZ NOMI POMIR BAROMD KUNAD. KHOHISH MEKUNAM AZ DUSTON IN SUOLOI BE MANORO AZ HUNARMANDON NAKUNED/ 

Нобовар: Ташаккур ба шумо, саломат бошед. Дуруст мегӯед, ки ба ҳунармандон ин гуна суолҳо набояд диҳанд. 

Abdurahmon аз Maskaw: Salom ba kormandoni radioi Ozodi va Nobovari aziz. Nobovarjon, bigued, ki Shumo sayti interneti dored yo ne? Agar doshta boshed adresi onro bigued. Tashakkur. Abdurahmon 

Нобовар: Ба ин суол аллакай посух додам 

Мuslim аз Vanj: Nobovar Chinorov behtarin hofizi tojikistonist. baroi on, ki agardikat dihem ba surudhova ohanhoi chinorov hamaash ohanghoi xudi vai va muzikahoi xosi xudro dorad ofarin nobovar man barodari vahji shumo, mo shumoro dust medorem, misli shabnam sarosar surudhoyt duzdidagi nestand ohanho va muzikahoi shumoro shabnam dar shabi xob mebinad. nobovar ro mo boyd ehtirom namoem, chun, ki vai yke az ohansozoni javon va surudhoyshyk manoi xosi xudro dorand va ba digar surudhoi ovozxonon monand nest. nobovarjon dar jodai sanat baroyt duo mekunem... 

Нобовар: Ташаккур. 

SAFIYA аз POMIRI: Nobovarba ba shumo va guruhi"SHAMS" durud. Charo vagthoi okhir bo DALER NAZAROV hamkori dored? 

Нобовар: Мо ҳамеша бо ҳам будем, ҳамеша ҳастем. Ягон вақт мо ҷудо набудем. 

Ваханец аз Москав: Ба назари Шумо санъати мардуми Помир дар кадом сатх карор дорад?Ое мо помирихо метавонем ин анъанаро нигахдори кунем ва ба насли оянда дастрас намоем? 

Нобовар: Мо метавонем санъатро нигаҳдорӣ кунем. Ба шарте, ки онро нахуст омӯзем ва фаҳмем. Имрӯз, ба назари ман, санъати Бадахшон бо дигар санъатҳо омехта шудааст ва ин хуб аст, вале дар баъзе мавридҳо ба таври бад омехта шудааст, як холигӣ мондааст. Аз ин рӯ, аввал бояд омӯзем.

Zikrullo аз moskva: Салом НОБОВАР ака мо мардуми БАДАХШОНЗАМИН бо шумо фахр мекунем саволи ман чунин аст дар вакти эчод кардани оханг аз кучо илхом мегиред,? Аз шоирони Бадахшон киро меписандед ?Каблан барои чавобатон ташаккур мегуям !!!!! 

Нобовар: Илҳом аз ҳастии худ мегирем. Дар Тоҷикистон мо ба ҳар сӯ агар бингарӣ, мояи илҳомро мебинӣ. Илҳом аз мардум мегирем, аз табиати зебои мо. Дар мавриди саволи дуввуматон. Агар аз шоирони қадим гӯем, аз Шоҳфутуру Мулло Шамшер, аз Хидматшоҳи Дарвозию ҳамаи дигарон. Ман ҳамаи онҳоро меписандам, эҷодиёти ҳамаи онҳоро мехонам. Ҷавонҳои имрӯзаро низ ба мисли Варқа Охониёз ва Сардор Раҳдор. Баландтаринашон барои ман шодравон Лидуш Ҳабиб мебошад. Ҳар боре, ки бо гитор сурудани ӯро гӯш мекунам, маст мешавам. 

Мирасан аз Москва: Cалом бародар! Нобовар Чаноров,мо як гурухи чавонони Бадахщон бароятон дар оянда мувафакиятхои нав орзу дорем,ва мехохем ки мисли худатон щогирдонеро,на як гурухи "ШАМС" балки даххо тартиб дихед. Чаро альбоми наватон намебарояд ? Сабаб? Мо дар интизори сурудхои нави шумо, ташаккур

Нобовар: Ташаккур, саломат бошед. Мо талош мекунем, ки дигар ҳунармандони ҷавонро, ки низ хоҳиш доранд, дастгирӣ кунем. Дар мавриди албом ман аллакай ҷавоб додаам. 

MIRASAN аз MOSKOV: Бародари Нобовар ба ИМА, ФАРОНСА, ИТАЛИЯ ва дигар щахрхои номбарщуда щуморо даъват карданд е худатон гастрол баромадед ва ба кадом забон суруд хондед? 

Нобовар: Дар ҳақиқат зиёд сафар кардаам. Ба он ҷойҳо даъват мекарданд, ба озмунҳои байнулмилалӣ, консертҳои байнулмилалӣ даъват мекарданд. Ман бештар аз классикони форсу тоҷик ва сурудҳои мардумӣ мехонам, аз ин рӯ бештар бо тоҷикӣ мехонам. 

Sabrina аз Dushanbe: Salom Nobovar, Ideali shumo dar zindagi ki ast? Zinda bosh! 

Нобовар:
Идеали ман барои ман падару модарам ҳастанд. 

Rassel аз New York: Salom Nobovar! Imruz mebinem, ki Shabnamu Jonibek sayri Amrikovu Kanada mekunand va mekhohand, ki mukhlisoni khudro dar berun az kishvar paydo namoyand, minjumla az hisobi ironiho va afgonho. Shumo ham metavoned in chizro kuned? Yo Shabnamro guruhhoi alohida dar Tojikiston dastgiri mekunand va Shumo az in dasrgiri barkhurdor nested? Hol on ki janri surudhoi shumo ba auditoriyai Afgonistonu Iron nazdiktar ast dar kiyos bo Shabnamu Jonibek. 

Нобовар: Сафарҳо ва консертҳо дар хориҷ пеш аз ҳама мо доштем. Аудиторияи мо як миллати махсус нест, балки тамоми инсоният аст. Мусиқӣ марз надорад, забони мусиқӣ барои ҳама мафҳум аст. Румиву Рӯдакиву Хайём на танҳо барои мо гуфтаанд, балки барои тамоми инсоният гуфтаанд. 

Asli аз Khorugh: Nobowar salom Vir tsawakhtta ar Pomir yadi vir, naw sozen qati? Tsawakht ti rikhen faqat pomiri zivti albom ziwethi. Da amoni Mawlo! 

Нобовар: Ман ҳамеша хоҳиши сафар ба Бадахшонро дорам ва кӯшиш мекунам, бо сурудҳои нав. Насиб бошад, бо ҳамаи забонҳову гӯишҳо албом мебарорем, аз рӯшонӣ сар карда, то ба язғуломиву яғнобиву дигарҳо. 

As: Nobowar barodar ba aqidai shumo ce nafar owozkhonui behtarini Tojikiston dar guzashta wa oyanda kadomand? 

Нобовар: Дар бораи оянда фолбинӣ карда наметавонам, вале дар гузашта. Овозхонҳои хуб бисёранд, ба монанди Акашариф Ҷӯраев, Маъруфхӯҷа Баҳодуров...Дар ин солҳои наздикро агар ба назар гирем, Хурмо Ширинова, Муқаддас Набиева, Муборакшоҳ Мирзошоев...зиёд ҳастанд, наметавон аз миёни инҳо танҳо се нафарро интихоб кард. Вале мехоҳам аз Муборакшоҳ алоҳида ном бибарам, ки сарояндаи хеле хуб буд. 

Мохбегим аз Шахритуз: Бародари азиз Нобовар! Ба шумо муваффакиятхои беназир дар эчод намудану сурудани сурудахои нав ба наву тоза !!!! Т созенен мурд лап хуш! Факат тез тез нав созен лу,ТУРД НАВ СОЗ ЗЕБ ДИД!!!! стороны ца чисам 

Нобовар: Ташаккури зиёд, Моҳбегим, ба шумо бовар мекунам. Аз паҳлӯ беҳтар ба назар мерасад. Талош мекунем, ки сурудҳои нав ба навро барои шумо пешкаш кунем. 

Сухроб аз Душанбе: Ман факат гуфтаниам ки шумо на факат ифтихори мардуми Бадахшон , балки ифтихори мардуми Точикистон хастед. вакат як хохиш дорам ки сурудхои нав ва бехтаринро ичро карда ба мухлисон пешниход кунед. Мувафакият 

Нобовар: Ташаккур, ҳатман талош хоҳем кард. 

Беном аз Душанбе: Саволхои мугризонаатонро як су монед, оханги суолхоятон худаш тафрика эчод мекунад, забон помири намешава ва хам точики. Забон якест он хам форси, забонхои махфуз дар Помир ин забонхои кадимии форси хаст ки махфуз мондаанд ва ин ки як хамватани мо аз Бадахшон ин фархангро муарррифи кард бад он маъно нест ки у махалгарорст махалгаро шумо чанобонед ки чунин суолхои богараз медихед. Чаро Нобовар бояд худашро мачбур кунад ки зери таъсири гуруглии туркон ва ё шеваи мангит бисарояд. Хар кас ритм ва шеваи махсуси худро дорад ва Нобовар хам. Боки зинда боши Нобовар бовари мардуми сарбаланди точик!

Нобовар: Саломат бошед!

Jom аз Dushanbe: Чаро номи шумо Нобовар ва насабатон Чаноров аст? Инро барои он пурсидам, ки дар миёни ахли хунари Точикистон ва умуман дар Точикистон ин ду номро аслан вонахурдаам. 

Нобовар: Нобовар ва Чанор дар миёни мардуми тоҷик маъмул аст, ба фикри ман. Ман Нобовари чаҳорум ҳастам дар аҷдоди худ. Он се Нобовари пеш аз ман ҳам ҳунарманд буданд, овозхонӣ мекарданд ва бо гуштӣ машғул буданд. Нобовар дар форсӣ аз калимҳаои "ноб" ва "овар" иборат аст.ЯЪне, нафаре, ки покӣ, софӣ, тозагӣ меоварад. Ба қадри номам талош мекунам,ки ба инсоният покиву тозагӣ ва хушбахтӣ биоварам. Чанор исми бобои ман аст. 

Tojik аз Badakhshon: Offarin Benom az Dushanbe!!! Maghzi gapa gufted. Ba Shumo nomi Tojik va shiri modari Tojik halol ast! 

Shuja Ghareeb аз London: Salom Nobovar. Avval guftaniyam ki as hunaru xoksorii shumo hamchun yak nafari Tojik faxr mekunam. Savoli man inast: 1. Hukumat, va baxusus Vazorati Sanat va Maorif boyad chi tadbir andeshand to ki hunarmandoni mo beshatar sharoiti xub doshta boshand. 2.Charo shumo va guruhaton, ki yake az behtarin va nomdortarin hunarmandoni Tojik hasted, bo hamrogii hunarmandoni digari Tojikiston yak associaciyero tashkil namekuned to ki az huquqi shumo difo kunad va sharoithoi behtarro baroyaton faroh ovarad (az jumla tashkili koncert, xaridu furushi diskhoi shumo, baromad dar TV va Radio, huquqi nashr va chop va digar). Rahmati kalon. 

Нобовар: 1) Ба фикри ман, барои пайдо кардани шароит бояд тамоми ҳунармандон ба талабот ҷавобгӯ бошанд. Барои ба талабот ҷавобгӯ будан, бояд мактабҳои касбии санъат бошанд. Ҳамчунин, бояд студияҳои хуб барои сабти мусиқиву кор бо мусиқӣ, то мутахассисони хубро омода кунанд. 

2) Ман то имрӯз ба ин корҳо аҳаммият ҳам надодаам. Намедонам, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ оё чунин корҳо ҳастанд ё на. Ман бо мусиқӣ сарукор дорам, на бо ассосиатсия. 

Diyor аз Garib: Az sardabir khohish mekunem ki fikrhoi EGIBAYG az Khorug-ro az sahifa toza namoyad. ta'na zadani ovozkhoni digar dar in jo kunje paydo kunad arsishi Radioi ozodi past meshavad. ovozkhon Saynak maqomi khususe dorad dar canyati tojik... 

Сардабир: Ташаккур аз Шумо барои ин ишора.
 
Malohat аз Dushanbe: Salom Nobovari aziz, Shumo a'zoi yagon hizb hasted? 

Нобовар: Не, узви ягон ҳизб нестам 

Shoira аз Dushanbe: Salom Nobovarjon. Dar vaqti kholi ba kadom kor (ba ghayr az musiqi) mashghul meshaved? 

Нобовар: Китоб мехонам. Аз шаҳр берун меравам, ба ягон деҳа. 

Aziza аз: Dushanbe: Nobovar, charo guruhi shumo "Shams" nom dorad? In nomro ki ba guruh mond va charo mahz hamin nomro intikhob karded? 

Нобовар: "Шамс" аз соли 1997 аст. "Шамс"-е, ки имрӯз мардум мешиносад, ин гурӯҳро бо ин ном, аз соли 1997 аст. "Шамс"-ро ба он хотир интихоб кардем, ки ҳаммаънои хуршед аст, офтоб аст, гармӣ медиҳад, равшанӣ медиҳад, ба хотири ояндаи равшан ин номро ихтиёр кардем. 

Sakina аз Dushanbe: Nobovarjon, oyo dar zindagiaton kore kardaed, ki az on pushaymon hasted? 

Нобовар: Бисёр. 

МИРАСАН аз МОСКВА: НОБОВАР, БРАТ А ПОЧЕМУ БЫ ВАМ "ГУРУХИ ШАМС" НЕ ПОПРОБЫВАТЬ НА АНГЛИЙСКОМ ЯЗЫКЕ. ВОТ БЫ ВАШ НОВЫЙ АЛЬБОМ НА АНГЛИЙСКОМ, А-ТО НЕКОТОРЫМ НАШИМ БРАТЬЯМ ТАДЖИКАМ НЕ НРАВИТЬСЯ, ЧТО ВЫ ПОЕТЕ НА РОДНОМ "ПАМИРСКОМ", .А ОНИ НЕ ПОНИМАЮТ О ЧЕМ РЕЧЬ.А ПОЧЕМУ БЫ ИМ НЕ ВЫУЧИТЬ ПАМИРСКИЕ ЯЗЫКИ.

Нобовар: Албом бо англисӣ ё нисфанглисиву нисфтоҷикӣ фикри хуб аст. 

Ruslan Sayfulloev аз Brooklyn, USA: Nobovar salom! Har yak surudhoi navbaromadatro payvasta gush mekunam va bovar kuned dar faribi moro ba yodi Vatan va yoru avlod mebarad. Nobovar, surudhoi navbati bo ismi kadom albom mebaroyand? Bo ehtirom Ruslan va Komron!!! 

Нобовар: Саломат бошед, Руслан ва Комрон. Барои албом ҳанӯз номи нав фикр накардаам, вале сурудҳои навро вақтҳои наздик пешкаши шумо мекунем.

Mohazam аз Canada: Privet Nobovar, tak i derjic 

Нобовар: Спасибо. Ташаккур! 

Turaqul аз Uzbekiston: Bore fikr kardai, ki she`ri kammazmunero saroidal?? dar hayot muhimtarin chiz va kas??????????? she`r chist?? 

Нобовар: Пеш аз интихоби матн ман фикр мекунам. Вақте матнеро интихоб кардам, ин ба фаҳми ман пурмазмун аст. Дар ҳаёт муҳимтарин чиз саломатӣ аст, саломатӣ ва оромӣ. Муҳимтарин кас - волидон. 

Фаррух аз Таллаҳассӣ: Аввалан ҳазорҳо ташаккур, ки бо оҳангҳои дилнишини худ моро ҳамеша хурсанд месозед. 

1) Оё шодравон Муборакшо низ аъзои гурӯҳи Шамс буд, ё алоҳида эҷод мекард. Агар алоҳида, пас аъзоёни гурӯҳи ӯ аълон дар куҷо ҳастанду бо кӣ ҳунарнамоӣ мекунанд? 

2) Вақтҳои охир Далерро кам мебинем, ҳамчу дӯсти ӯ гуфта наметавонед, ӯ ҳам аз номи гурӯҳи Шамс худро муаррифӣ мекунад ё гурӯҳи Далер Назаров чуноне ки пештар буд?

3) Оё наметавонед ҳамаи альбумҳои худро (аз солҳои аввали ҳунарӣ то ба ин ҷониб) барои фурӯш ба ягон сайти интернетӣ гузоред, то ки касоне мисли мо дар хориҷ бемалол харида тавонанд. Ва албатта линкашро ба мо диҳед. :-)

4) Оё ягон ният ҳаст, то сомонаи гурӯҳи Шамсро созед ва моро бо тозагиҳо хабардор кунед: консертҳо, альбуми нав, видеоклипҳои нав ва ҳоказо. Фикр мекунам, ба ин вақт расидааст.
Боз бори дигар ба Нобовар ва гурӯҳи Шамс миннатдорӣ баён мекунам. Мо ҳама шуморо дӯст медорем. Ҳамеша муваффақ бошед! 


Нобовар: 1) Номи "Шамс" аз соли 1997 пайдо шуд, аз он даме,к и ман ба ин гурӯҳ омадам. Вале ҳайъати гурӯҳ ҳамеша бо шодравон Муборакшоҳ ва Далер Назаров буданд. То ҳанӯз мо бо ҳам ҳастем. 

2) Мо ҳамроҳ чанд консерт дар Душанбеву Маскав ва дигар ҷойҳо доштем. Ва бо чунин ном ба консертҳо мебаромадем: Гурӯҳи Шамс ва Далер Назаров. 3) Бовар кунед, бо ин гуна корҳои тиҷоратӣ сарукор накардам ва надорам. Танҳо дар фикр ва дар банди мусиқӣ ҳастам. Агар ба тиҷорат машғул шавам, як хиште аз девори муҳаббати ҳунар ва ҳунарманд канда мешавад. 

Muxlisi shumo az Dushanbei azizi: Salom ba korgaroni Radioi Ozodi wa barodari azizamon Nobowar awalo hamai shumoionro hamwatanoni azizam wa Musalomonhoi rui olamro Mohisharifi Ramazonro tabri meguiam ilohi sari sufrai hamai shumo puraz nemathoi ilohi boshad. sawoli awal

1. Barodari aziz Nobowar shum kiro Behtarin owoz xon medoned?

2. Behtarin Owoz xon dar Tojikiston ki ast wa charo shumo uro intixob karded?

3. Wa charo Owozxonhoi Tojiki mo felan az xud surude namesaroiand eo surudi Tojiki aslan namesaroiadn sababash dar chi ast?


Hamashon Surudhoi Eroniu Afgoniro mexonand, kosh ki hamunhoham nawboshadu inho xonandai awal boshand ki insurudhora mexonand in surudhoe ki inho mexonand masalan az Muin az Lilo,eo az Gugush, wa digarho shabnamam hamura mexona xoharusham Firuzaham, Parwinaham, Mehrubonham, Bahrom Gafuriham charo? 

Нобовар: Шуморо низ бо моҳи шарифи Рамазон табрик мегӯям. Дар бораи овозхони беҳтарин. Як нафарро интихоб кардан хеле мушкил аст, намешавад як нафарро интихоб кард. Дар ҷое як кори ҳунарманд ба дарди ту мехӯрад, дар ҷое дигар ҳунари дигар. Аз ҷумла, Муборакшо ба дарди ман мехӯрад. Ба суоли шумо дар мавриди сурудҳои тоҷикӣ. Аввал, ин ки ин суол бояд ба дигарҳо дода шавад. Ва дуввум ин ки ҳоло дар дунё умуман гурӯҳ кам аст. Дар гурӯҳ ҳар як нафар як идея дода метавонад ва як ҷаҳони алоҳида аст. Ва боз ин ки ҳоло дунё ба ҳам омехта шудааст ва ин корро дар тамоми ҷаҳон мекунанд. 

Salmon аз In jo: Nobovar az siyosatmadoroni dunyo kiro lideri haqiqi hisob mekuned? 

Нобовар: 
Маро аз чангу тору арғунун пурс, 
Зи созу савту аз илми ҷунун пурс, 
Мапурс аз зеру бамои сиёсат, 
Зи санъат ҳарчӣ мехоҳӣ, фузун пурс. 

Мадкарим аз Боми-Джахон: Салом ба хама!!! Нобовар, шумо чанд сол аст дар хайати гуруххи маъруфи "Шамс" хунарнамои менамоед. Оё гуфта метавонед,чи тагиротхо ба вучуд омадан аз он вакте ки шумо ба ин гурух шомил шудед, ва фаркияти "Шамс"-бо Нобовар аз "Шамс"-Муборакшох ва "Шамс"-Далер. 

Нобовар: Ба ин суол қисман посух додем. Фарқиятро бояд худи мухлисон, худи шумо бубинеду бигӯед. Шумо ҳаққи бештари посух додан ба ин суолро доред. 

Шедфар аз Маскав: Чаро шеърхои классиконро вактхои охир кам истифода мебаред?? 

Нобовар: Не, бародар. Баръакс, сурудҳои охироне, ки ман сабт кардаам аксараш аз классикон ҳастанд, аз Румиву аз Ҳофиз. Сурудҳои мардумӣ ҳам ҳастанд. 

Сухроб аз Душанбе: Салом Нобовар.Савол берун аз санъат. Ое вазъи сиесии имрузаи Точикистон алалхусус Помир ба назари шумо хуб аст е на? 

Нобовар: Ман ба сиёсат сарукор надорам, сиёсатро намедонам. Боз инро мехоҳам гӯям, ки ман дар Душанбе зиндагӣ мекунам. Дар бораи мусиқӣ суол диҳед. 

Чахонгир аз САХОВАТ : Салом ба ахли эчоди гурухи "ШАМС". Мехостам таърихчаи таронаи "О лайли"-ро бифахмам... 

Нобовар: Ҷаҳонгири азиз. Дар эҷодиёти ман чаҳор суруд «Лайлї» ном доранд. Таърихи ҳамааш як аст, ҳамон нолае, ки Маҷнун мекард. 

Бозор аз Душанбе: Нобовар. Чаро Нобовар? 

Нобовар: Бозор. Чаро Бозор?

Диловар аз Душанбе: Нобовар, салом. Хохиш мекунам, чанд сухан дар бораи овозхони шодравон Муборакшо бигуед. Ва аз макоми вай дар санъати точик. 

Нобовар: Аллакай ман гуфтам, ки барои ман Муборакшо дар як сатҳи хеле баланд қарор дорад, ба мисли Аҳмад Зоҳир. Ҳарчанд, аз Муборакшоҳ эҷодиёти кам мондааст, вале ин ҳунармандии ӯро кам намекунад. Саҳми ӯ дар санъати тоҷик хеле бузург аст. Ӯ як мактаб, як равияро гузоштааст. Дар ҳар ҷое, ки тоҷикону тоҷикзабонон ҳастанд, ҳатман сурудҳои ӯ садо медиҳанд. Ҳамин гувоҳи сатҳи баланди ӯст. 

Shoira аз Mocква: Салом ба гурухи "Шамс" мехостам шуморо ба фарорасии мохи Шарифи Рамазон табрик гуфта ба шумо мувафакиятхои нав ба навро тамано дорам.. Суоли ман ба шумо чунин аст... Шумо оиладор ва сохиби чанд фарзанд хастед, ва фарзандони шумо касби шуморо интихоб кунанд шумо чи фикр доред дар ин бора, дастгириашон мекунед? 

Нобовар: Ташаккури зиёд, моҳи шарифи Рамазон ба шумо низ муборак бошад. Мо, дар гурӯҳи "Шамс" 7 нафар ҳастем ва ҳамаи аъзои "Шамс" се фарзандӣ доранд. Фарзандони ман ҳоло ҳанӯз хурд ҳастанд ва агар дар оянда ба санъат рӯ биоранд, албатта дастгирӣ мекунам. 

Romin аз Khujand: Lutfan man mekhostam,bifahmam, ki dar jodai kasbaton chi mushkil astu chi oson? 

Нобовар: Аз мушкилот гуфтан осон нест. Як мушкилӣ вақте як нофаҳмӣ миёни ҳунарманд ва мухлис пайдо мешавад. Ва вақте ҳамин ҳамдигарфаҳмӣ миёни мухлисону ҳунарманд пайдо мешавад, кори ҳунармандро ба маротиб осонтар мекунад 

Анис аз Душанбе: Акаи Нобовар хотел бы поблагодарить вас за ваши песни.Я очень обрадовался узнав,что вы тоже слушаете Лидуша Хабиба.Как он поёт мард мард дунджат винд номус яст.Хотел бы узнать ваше мнение о недавно появившемся "артисте" Сайнакове Шухрате? Ат турд вирод хулуги бисёр.Худованд ту нигахбон вид! 

Нобовар: Ташаккури зиёд, Анис. Як чиз аст. Вақте як китоб бо кадом забоне набошад, англисӣ, фаронсавӣ ё дигар нашр мешавад, одамон талош мекунанд, онро ҷустуҷу кунанд ва хонанд. Лидуш Ҳабиб чунин як китоби беҳтарин барои онҳоест, ки бо забонҳои бадахшонӣ сарукор доранд ва ин забонҳоро мефаҳманд. Дар бораи Шӯҳрат Сайнаков. Ӯ ҳам як ҳунарманд аст, як санъаткор ҳаст. Ин ҳам як равия аст, ки ин бародар ин равияро интихоб кардааст. 

Голиб аз Душанбе: Салом! Сурудхои Шумо хеле дилнишинанд, ман дуст дорам! Акаи Нобовар ба суолхои мухлисон шояд хамон зебосанаме, ки хамрохатон дар даст ноутбук дорад, хамон чавоб медихад? 

Нобовар: Ба суолҳо Нобовар Чаноров посух дода истодааст. Ман ба он дараҷа нарасидаам, ки аз номи ман каси дигар ҷавоб диҳад. 

Акобиршо аз н. Рудаки : А врод дам мохи шарифи рамазон табрик ва муборак бод. 

Нобовар: Ба Шумо низ. tamard mis.qulug 

Сафар аз Душанбе: Уважаемый Нобовар.Есть ли у Вас мечта? 

Нобовар: Албатта, дорам. 

Cардабир: Нобовари азиз, сипосгузорем, ки дар ин гуфтугӯ ширкат кардед ва ба пурсишхо посух додед. Ҳоло саволи ман ин аст, ки аз руи ин пурсишҳо ба хонандагони сомонаи мо чӣ баҳо медиҳед? 

Нобовар: Фикри ман дар бораи хонандагони ин сомона бисёр хубу мусбат аст, аммо аз рӯйи баъзе саволҳо мегӯям, ки набояд сатҳи хонандагони сомона ва куллан ҳамватанони мо ин гуна паст бошад ва он ҳам дар муносибат бо як ҳунарманд. Ҷанбаи хеле хуб ин аст, ки онҳо аз эҷодиёти ҳунармандони тоҷик дар канор нестанд ва бо моянд, барои ин ташаккур аз ҳама онҳо. Инро ҳам бояд гуфт, ки чунин гуфтугӯҳои интернетӣ барои бисёре аз мардумони мо чизи нав аст ва албатта, шояд вақт мехоҳад, ки як фарҳанги хуби интернетӣ пайдо ва мустаҳкам шавад. Ба ҳар ҳол ман аз ин мулоқот бисёр шодам ва бори дигар ташаккур аз ҳамаи хонандагон!

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi