15:36:57 03-уми Июни 2025 сол

“ТОҶИКОНИ ҚИРҒИЗИСТОН ТАШНАИ ШЕЪРУ ТАРОНАҲОИ ТОҶИКӢ ҲАСТАНД”

Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ моҳи октябри соли 1992 бо ташаббуси як гурӯҳ равшанфикрони деҳаи Учқурғони ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканд рӯи кор омадааст. Аввалин раиси ин созмон окодемисян Абдуҳалим Раҳимҷонов буд, ки ҳоло раиси маркази хуни вобаста ба вазорати тандурустии Қирғизистон ҳаст.

/images/stories/2011/11/21_qodirshoh_muruvvat_21112011.jpgТавре дар асосномаи созмон омада, ҳадаф аз роҳандозии он рушд ва нумуъи забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар Қирғизистон аст. Бояд гуфт, ки забону фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ дар Қирғизистон бегона нест. Аз аҳди қадим дар ҷануби Қирғизистон тоҷикон зиндагӣ мекарданд ва ҳоло шумораи онҳо дар ин кишвар ба беш аз 50 ҳазор нафар расидааст.

Хабарнигорамон Сӯҳроб Зиё дар сафаре ки ахиран ба Қирғизистон дошта, бо Қодиршои Мурувват, муъовини раиси созмони тоҷикони Қирғизистон ва сардабири нашрияи тоҷикии “Паёми Ала-Тоо” сӯҳбате анҷом дода.

-Оқои Мурувват, тоҷикҳо умдатан дар кадом манотиқи Қирғизистон сукунат доранд?

-Бештари тоҷикон дар ноҳияҳои Лайлак ва Қадамҷои вилояти Ботканд ва дар ноҳияи Қаросуи вилояти Уш ба таври дастаҷамъӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳоло дар Қирғизистон 8 мактаб вуҷуд дорад, ки дар онҳо забони тоҷикӣ тадрис мешавад. Аз ин теъдод се мактаб комилан тоҷикӣ ҳаст ва дар панҷ мактаби дигар синфҳои тоҷикӣ фаъолият мекунанд.

-Дар замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон иддае аз тоҷикҳо ба Қирғизистон паноҳанда шуда буданд. Оё баъзе аз онҳо ҳамчунон дар Қирғизистон зиндагӣ мекунанд ё ҳамаашон ба Тоҷикистон баргаштаанд?

-Дуруст аст. Дар солҳои 1993-1996 теъдоди зиёди тоҷикҳо ба далели мушкилоти иқтисодӣ ва амниятӣ ба ин ҷо омада буданд ва бар асоси баъзе оморҳо шумораи онҳо то ба 30 ҳазор нафар мерасид. Худи ман аз ҷумлаи ҳамон паноҳандаҳо ҳастам, ки он замон ба Қирғизистон омада будам. Дар ҳоли ҳозир аксари кулли онҳо аз тариқи кумакҳои СММ ё ба Тоҷикистон баргаштанд ва ё ба Русия рафта дар он ҷо муқимӣ шудаанд. Феълан дар шаҳри Бишкек ва атрофи он ҳудуди 50 хонаводаи тоҷикони муҳоҷир боқӣ мондаанд, ки бо созмони мо ҳамкори доранд ва барои рушди ин созмон кумаки худро дареғ намедоранд.

-Зоҳиран дар манотиқе мисли Уш як теъдод лулиҳо ё ҷугиҳо зиндагӣ мекунанд, ки забонашон тоҷикист ва худро тоҷик муаррифӣ мекунанд?

-Бале, дар шаҳри Уш як гурӯҳи лулиҳо зиндагӣ мекунанд, ки ба номи лулиҳои Осиёи Миёна маъруф ҳастанд. Мутаассифона ҳатто баъзе расонаҳои хабарӣ бинобар ташхис накардани баъзе масоъил онҳоро тоҷик мешуморанд. Ду рӯз қабл (ибтидои моҳи ноябр) телевизиони хусусии ТНТ гузорише аз Уш пахш кард ва дар он лулиҳоро тоҷик муаррифӣ карданд. Аммо лулиҳои муқими Уш фақат аз нигоҳи забонӣ бо тоҷикҳо қаробат доранд. Аз нигоҳи нажодӣ онҳо бо тоҷикҳо рабте надоранд.

-Оқои Мурувват, дар ҷараёни хушунатҳои қавмии тобистони соли 2010 дар вилоятҳои ҷанубии Уш ва Ҷалолобод оё тоҷикҳо ҳам осеб диданд ва аслан мавзеъгирии тоҷикҳо дар қиболи он ҳаводис чи буд?

-Хушбахтона дар пайи талошҳои фаъолони созмони тоҷикон ва масъулони сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон дар айёми даргириҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон ба тоҷикҳо осебе нарасид. Албатта нигаронӣ ва тарс вуҷуд дошт, аммо дар маҷмуъ тоҷикҳо осеб надиданд ва мо тавонистем ин марҳалаи мушкилро паси сар кунем. Дар ҳоли ҳозир тоҷикҳо дар фазои ором дар манотиқи Уш, Ҷалолобод ва Ботканд зиндагӣ доранд.

-Соли гузашта мо дар мантақаи тоҷикнишини Андарақи вилояти Ботканд будем. Он ҷо мардум аз камбуди китобҳои дарсӣ шикоят мекарданд. Ҳатто дар баъзе синфҳо барои 20-30 шогирд фақат чанд китоби дарсӣ буд. Ҳоло вазъият чи тавр аст?

Дар чорчуби як барномаи муштараки Вазорати маорифи Қирғизистон ва Бонки рушди Осиё созмони тоҷикони Қирғизистон чопи китобҳои тоҷикиро роҳандозӣ кардааст. Дуруст мегӯед. Моҳи сентябри соли милодии ҷорӣ дар Тоҷикистон будам ва бо вазири маорифи Тоҷикистон мулоқот доштам. Ин нуктаро ёдоварӣ кардам, ки дар Тоҷикистон 59 ҳазор қирғизтабор зиндагӣ мекунанд ва 67 мактаби қирғизӣ фаъолият дорад, ки аз ин теъдод 37 мактаб комилан қирғизӣ ҳастанд.

Аммо дар Қирғизистон, ки 50 ҳазор тоҷик зидагӣ мекунад, 8 мактаб фаъолият мекунад, ки фақат 3 мактаб сирф тоҷикӣ мебошад. Таваҷҷӯҳи вазири маорифро ба ин нукта ҷалб кардам, ки зимни дидору гуфтугу бо ҳамтои қирғизи худ ин мавзӯъро ёдоварӣ кунад то мо битавонем дар баъзе минтақаҳои тоҷикнишин, ки мутаассифона бачаҳояшон ба забони узбакӣ таҳсил мекунанд, синфҳои тоҷикиро барқарор кунем.

Камбуди китоб ҳамеша эҳсос мешавад. Бар асоси созишномаи байнидавлатӣ, ки миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон имзо шудааст, ҷониби Тоҷикистон тааҳҳуд кардааст, ки барои мактабҳои тоҷикии Қирғизистон теъдоди лозими китобро фароҳам оварад. Зеро созмони тоҷикони Қирғизистон як созмони иҷтимоъӣ ва ғайридавлатӣ аст ва мо маблағе ва будҷае барои анҷоми чунин корҳо дар ихтиёр надорем.

Корҳое ки мо анҷом медиҳем, бо ҳиммату кумаки чанд нафар аз аъзои созмони тоҷикон сурат мегирад. Барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани мактабу маорифи тоҷикӣ албатта кумак ва ёрии ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон лозим аст. Зеро бидуни кумаку ҳамдастии Тоҷикистон мо наметавонем теъдоди мактабҳои тоҷикиро афзоиш диҳем.

Дар зимн бояд ёдовар шавам, ки дар чорчуби як барномаи муштараки Вазорати маорифи Қирғизистон ва Бонки рушди Осиё чопи китобҳои тоҷикӣ роҳандозӣ шуда ва то имрӯз 16 китоби дарсиро ба тоҷикӣ тарҷума ва чоп кардем. Ин ҳам кумакест барои то ҳадде кам кардани мушкили китоби дарсӣ барои тоҷикони Қирғизистон.

-Барои аввалин бор дар таърихи Қирғизистон як тоҷики муқими ин кишвар намояндаи порлумон баргузида шуда. Иртиботи вай бо созмони шумо чи гуна аст, оё кумакҳое молӣ ва маънавӣ аз тарафи ӯ ба созмони тоҷикон сурат мегирад?

-Равшанбек Собиров тоҷики қирғизистонӣ аст ва дар ноҳияи Қаросуи вилояти Уш ба дунё омадааст. Вай яке аз тоҷирони муваффақи ин кишвар аст. Ӯ соли 2008 ба ҳайси раиси созмони тоҷикони ба номи устод Рӯдакӣ пазируфта шуд. Ӯ аз рӯзҳои аввал барои эҳёи мактабу маорифи тоҷикӣ кумак мекунад. Аз моҳи сентябри соли 2008 чопи нашрияи тоҷикии “Паёми Ала-тоо” роҳандозӣ шуд, ки то кунун 26 шумораи он ба ҳамаи минтақаҳои тоҷикнишини Қирғизистон расонида шудааст.

Нашрия бо тирожи 4000 нусха чоп мешавад ва ҳадафи мо ҷавонони тоҷик, онҳое ҳастанд,ки феълан дар мактабҳои тоҷикӣ таҳсил мекунанд. Аз тариқи ин нашрия мехоҳем эҳсосоти ватандорӣ, дӯст доштани забону фарҳангро дар онҳо бедор кунем, зеро барои насли бузургсол мушкил аст ба ин масъала рӯ овардан, аммо ҷавононро метавонем дар рӯҳияи дӯст доштани забони модарӣ ва таъриху фарҳанги миллӣ тарбият кунем. Фикр мекунам, ки нашрияи “Паёми Ала-Тоо” тавонистааст то ҳадде ин вазифаи худро анҷом бидиҳад.

Ва дар ҳимояти молии ин лоиҳаи фарҳангӣ хидмати оқои Собиров хеле зиёд аст, зеро вай аз нигоҳи молӣ нашрияро ҳимоят мекунад. Ҳамчунин хушбахтона Равшанбек Собиров аввалин тоҷике аст,ки баъд аз 20 соли истиқлоли Қирғизистон дар интихоботи соли 2010-и порлумонии ин кишвар ба порлумон роҳ ёфт. Ин имкон медиҳад, ки баъзе мушкилоти тоҷикони Қирғизистон аз тариқи порлумон садо бидиҳанд ва мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеъа ва давлати Қирғизистон қарор бигиранд.

-Дар робита ба беҳбуди фаъолияти созмони тоҷикони Қирғизистон шумо ба чи кумаку машваратҳои ҷониби Тоҷикистон ниёз доред?

-Як нуктаро борҳо дар сафарҳое ки ба Тоҷикистон доштам, ва дар мулоқотҳое ки бо мақомоти марбутаи Тоҷикистон дар ин ҷо баргузор мекунем, таъкид кардам. Тоҷикони Қирғизистон ташнаи шеъру сухан ва суруди таронаҳои тоҷикӣ ҳастанд. Хеле дӯст медоранд,,ки бо шоирону адибону ҳунармандони тоҷик мулоқот кунанд. Ин нуктаро ҳам сокинони Андарақ, ҳам сокинони Ҳайдаркон ва ҳам сокинони деҳаи Учқурғон ҳамеша таъкид мекунанд.

Сафаре ки як гурӯҳ адибони тоҷик, аз ҷумла Абдулҳамид Самадов бо Гулназар Келдӣ дар соли 1990 ба Ботканд доштанд, то ҳануз дар хотираҳои мардум боқӣ мондааст. Соли гузашта, вақте ки мо 80-умин солгарди Шарифҷони Учқурғонӣ, шоири номдори тоҷикзабони Қирғизистонро таҷлил мекардем, боз Абдулҳамид Самадов ҳамроҳи як гурӯҳ адибон дар ин ҷашн ҳузур доштанд.

Мо ниёз дорем, ки гурӯҳҳои ҳунарии тоҷикӣ зуд-зуд ба ин ҷо биёянд ва бо мардум мулоқот кунанд ва дар рӯҳия ва бедории ифтихороти тоҷикон кумак расонанд. Боз як нуктаро фаромӯш накунам, ки мо дар се соли охир 102 ҷавони тоҷиктабори Қирғизистонро ба донишгоҳҳои муътабари Тоҷикистон фиристодем, ки аз тариқи бурсияи Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Фикр мекунам ин кор дар тақвияти ифтихороти миллӣ ва боло рафтани эҳсосоти ватандорӣ ва забондории тоҷикон хеле муҳим мебошанд.

-Оқои Мурувват, ҳамкории созмони Шумо бо сафорати Тоҷикистон дар Бишкек чи тур ба роҳ монда шуда?

-Хушбахтона сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ҳамеша дар канори мо қарор дорад. Ва аз ҳамаи барномаҳо ва нақшаҳои созмони тоҷикон ҳимоят мекунад. Чанд барномаи муштараке ки бо сафорат анҷом додем, дар сатҳи хеле олӣ анҷом гирифтанд. Аз ҷумла фиристодани хатмкунандаҳои мактабҳои тоҷикии Қирғизистон ба Тоҷикистон, ки аз тариқи сафорати кишвари мо анҷом мегирад.

Ҳамчунин дар хиёбони ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бишкек лавҳаи ёдгории устод Айниро насб кардем ва конфаронсеро ба ифтихори устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо сафорат баргузор кардем. Дар маҷмуъ сафорати Тоҷикистон ва сафири мӯҳтарам Асомиддин Саидов ҳамеша дар барномаҳои мо дар канорамон ҳастанд ва кумаку ёрии худро аз мо дареғ намедоранд.

-Арзёбии шумо аз натоиҷи интихоботи ахири раёсати ҷумҳурии Қирғизистон чи ҳаст?

-Ба назари ман ин интихобот ва натоиҷе ки ба даст омад, имкон медиҳад Қирғизистон дар ҷодаи расидан ба субот ва рушд имконоти тозаеро пайдо кунад. Фикр мекунам интихоб шудани Алмосбек Отамбоев ба унвони раиси ҷумҳурии Қирғизистон ин имконро фароҳам меорад, ки ҳамгироии минтақаӣ ва ҳамкориҳои Қирғизистон бо Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна тақвияти бештаре пайдо кунад. Фикр мекунам бо таваҷҷӯҳ ба он оморе ки мо дорем, аксари тоҷикони муқими Қирғизистон аз номзадии Алмосбек Отамбоев ҳимоя карданд, ки ба назарам тасмими дурусте мебошад.

-Ташаккур барои сӯҳбат

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854