АКБАР ТУРСОН БАРАНДАИ ҶОИЗАИ МАНУҶЕҲРИ ФАРҲАНГӢ ШУД
Акбар Турсон, донишманди тоҷик барандаи ҷоизаи Бунёди Манучеҳри Фарҳангии мустақар дар Испониё шуд. Ин созмони фарҳангии эронитаборони хориҷ аз кишвар асари “Эҳёи Аҷам”-и оқои Турсонро дастоварди муҳими илмӣ донистааст.
Акбар Турсон, ки дар гузашта муддате дар Омрико ба сар бурда ва феълан раиси Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, ховаршиносӣ ва осори хаттии вобаста ба Фарҳангистони улум Тоҷикистон мебошад, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ барои қадрдонӣ шудани асараш тавассути ин бунёд изҳори сипос кард. Китоби “Эҳёи Аҷам”, ки дар соли 1984 мунташир шуда буд, ба равобити сиёсии Шарқу Ғарб, ҷойгоҳи фалсафа дар ҷомеъа ва масоили гуногун ихтисос ёфтааст.
Бархе аз соҳибназарон муътақиданд, ки Акбар Турсон бо таҳияи ин асари худ ба илми ховаршиносӣ мафҳуми ҷадиди “эҳёи аҷам”-ро ворид кард, ки боиси мулоҳизаҳои зиёде дар ин мавзӯъ дар миёни ховаршиносон шудааст. Зимнан, барои бори дуввум аст, ки осори уламои тоҷик ҷоизаи Бунёди Манучеҳри Фарҳангиро касб мекунанд. Соле қабл гурӯҳе аз донишмандони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд барои таҳияи асари “Донишномаи Сомонӣ” барандаи ин ҷоиза шуданд.
Зимнан ҷоизаи Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ, як ҷоизаи пулӣ буда ва ба гуфтаи Акбар Турсон ҳазинаи ин ҷоиза панҷ ҳазор дулори омрикоӣ будааст. Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ, ки як созмони байналмиллаист ва дафтари марказии он дар Испониё воқеъ аст, ки марбут ба Мануҷеҳри Фарҳангӣ, тоҷири башардӯсти эронитабор аст.
Манучеҳри Фарҳангӣ, ки ҳамчунин бунёдгузори танҳо мактаби байналмилаллии инглисизабон барои ҷавонони то 18-сола дар Мадрид будааст, ки дар соли 2008 ба зарби ҷоқу дар Испониё ба қатл расида буд. Вай дороиҳои худро умдатан барои рушди арсаи омӯзиш ва парвариш васият кардааст.
Ба ин далел, ҳамасола бо истифода аз сандуқи ин фарди фарҳангдӯст, ки бархеҳо ӯро “Нобели” эронӣ унвон кардаанд, донишмандони кишварҳои мухталиф, ба хусус аз кишварҳои форсизабон барои дастовардҳои илмиашон қадрдонӣ мешаванд.
Би-Би-Си