23:55:48 25-уми Январи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МАҲФИЛИ ШЕЪРИ ТЕМУРИ ВАРҚӢ

Темури Варқӣ, яке аз журналистони маъруфи тоҷик, ки дар навиштани шеър ҳам ба забони русӣ хеле муваффақ ҳаст, чун анъанаи нек маҳфили ҳарсолаи алоқамандони шеърашро дар шаҳри Душанбе баргузор кард. Ин гирдиҳамоии шеърдӯстон бо ибтикори Маркази фарҳангии русӣ дар Душанбе дар бинои он баргузор гардид.

/images/stories/2011/10/15_temuri-barqi_1.jpgДар он аҳли зиё, шоирону нависандагони тоҷик, мухлисони ашъори Темури Варқӣ иштирок карданд. Барандаи ин маҳфили зебо Румиза Рамазонова, устоди Донишгоҳи славянӣ, Варқиро яке аз шоирони сермаҳсули ҳам Русияву ҳам Тоҷикистон донист, ки дар таҳкими муносибатҳои фарҳангии ин ду кишвари  ба ҳам дӯсту бародар саҳми арзанда мегузоранд.

Варқӣ дар маҳфил дар баробари қироат кардани беҳтарин ашъори дар солҳои мухталиф навиштаи хеш инчунин дар барои таърихчаи эҷод шудани ин шеърҳо маълумоти ҷолибе дод. Тарҷумаи шоирони классики тоҷик дар эҷодиёти Темур Варқӣ мавқеи муҳимеро ишғол мекунад.

/images/stories/2011/10/15_temuri-barqi_2.jpgҒазали «Ту ҳамчун субҳиву ман ҳамчу шамъи хилвати саҳарам»-и Ҳофизи Шерозӣ аввалин шеърест, ки Варқӣ ҳанӯз айёми дар Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон таҳсил карданаш тарҷума кардааст ва он ҳамон солҳо дар маҷаллаи маъруфи «Помир» ба нашр расидааст. Дар ин маҳфил Темур Варқӣ як силсила ашъори шоирони маъруфи классики форсу тоҷик Умари Хайём. Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Мавлавии Балхиро, ки ба русӣ тарҷума кардааст, қироат намуд.

Ҷолиб он буд, ки ӯ аввал асли ин шеърҳоро ба забони тоҷикӣ мехонд ва сипас тарҷумаи онҳоро қироат мекард. Темури Варқӣ дар ин маҳфили ду шоири навқалами тоҷикро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

/images/stories/2011/10/15_temuri-barqi_3.jpgБахтиёр Аминов ба забони тоҷикӣ дар жанри верлибр (шеъри озод) шеър мегӯяд. Ӯ дар назди ҳозирин чанд намунаи ашъори худро қироат намуд. Варқӣ тарҷумаи ин ашъорро хонд. Сипас Бахтиёр Каримов, ки шуғли салмонӣ дораду ҳамчун Варқӣ ба забони русӣ шеър мегӯяд, намунаҳо аз ашъори худро барои ширкаткунандагони ин маҳфил пешкаш кард. Нурмуҳаммад Табаров, нависанда ва драматурги забардасти тоҷик, Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон ва дигарон таассуроти хешро аз ин шаби шеъру зебоӣ ва ашъори дилангези Варқӣ бо шогирдонаш иброз доштанд.

Дар хотима Темури Варқӣ ва Бахтиёр Каримов китобҳои ба тозагӣ нашрнамудаи хешро барои мухлисони худ бо соядастҳо тақдим намуданд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi