БУРҲОН РАҶАБОВ: АЗ САҲНАИ ҲУНАР БА САҲНАИ ҶОВИДОН
Рӯзи 5 августи соли равон дар рӯзи таваллудаш қалби пуршӯри яке аз ҳунармандони маъруфи театру синемои тоҷик, Бурҳон Раҷабов, аз тапидан бозмонд. Вай, ки соҳиби унвони "Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон" буд, ба ҳангоми марг 75 сол дошт ва дар охири умр дар зодгоҳаш шаҳри бостонии Самарқанд зиндагӣ мекард.
Бурҳон Раҷабов ҳунарманди асилу тавоно, соҳиби истеъдоди воло, дорои ҳунари нотакрору завқи баланде буд, ки аксари нақшҳои офаридааш дар сатҳи образҳои (шахсиятҳои) барҷаставу баркамол иҷро шудаанд. Ӯ баъд аз фароғат аз таҳсил дар шӯъбаи ҳунарпешагии театри Донишкадаи театру рассомии шаҳри Тошканд дар соли 1959 дар Театри давлатии академию драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе ба кор пардохт. Вай дар саҳнаи театр беш аз 100 нақши ҷолибу хотирмонро дар намоишҳои мухталиф, аз рӯйи асарҳои дромнависони русу тоҷик ва клосикони ҷаҳонӣ басо ҳунармандона бозӣ кардааст, ки аксари онҳо нақшҳои марказиву асосӣ будаанд.
Нақшҳои Ҷӯрабой аз намоишномаи “Гавҳари шабчароғ”-и Сотим Улуғзода, Масхарабоз аз “Шоҳ Лир”-и Вилём Шекспир, Шмага аз “Гунаҳкорони бегуноҳ”-и Александр Островский, Дарвеш аз “Шаби гирифтани моҳ”-и Мустай Карим, Азимшоҳ аз “Дохунда”-и Ҷалол Икромӣ, Гургин аз “Бежан ва Манижа”-и Хушгнобӣ, Кадушоҳ аз ”Фармони Кадушоҳ”-и Абдумалик Баҳорӣ, Ализода аз “Интихоби домод”-и Ҳоҷӣ Содиқ, Ҳокими шаҳр аз “Ревизор” (“Муафаттиш”)-и Николай Гогол, Холмат аз “Бой ва хидматгор”-и Ҳамза Ҳакимзода, Ксанф аз “Эзоп”-и Фигарейдо, Войнитский аз “Ваня-тағо”-и Антон Чехов, Сарлашкар аз “Вопасин арӯси амиралмӯъминин”-и Фазлиддин Муҳаммадиев, Фамусов аз “Дод аз дасти ақл”-и Грибоедов, Полоний аз “Ҳамлет”-и Шекспир ва ғайра намунаҳое аз нақшҳои офаридаи ин ҳунарманди мумтоз мебошанд.
Ҳар кадоме аз ин нақшҳо бо обу ранги хосса, бо ҷилову назаррабоӣ, бо хислату рафтори гуногун, бо таҷассуми амиқу андешаву афкор ва эҳсоси нозуки ҷаҳони ботинии худ бо якдигар фарқ мекунанд. Чеҳраи қаҳрамонҳои офаридаи Бурҳон Раҷабов то ҳадде равшану муҷалло ва муассир буданд, ки то дерҳо дар хотири тамошогарон боқӣ мемонданд. Бисёре аз намоишҳои театри ба номи Лоҳутӣ маҳз ба хотири ҳунару истеъдоди баланди ӯ ва шахсиятҳои хеле самимиву табиъии офаридааш умри тӯлонӣ дида, мардум гаштаву баргашта (такрор ба такрор) ба тамошояш меомаданд.
Паҳлӯҳои мухталифи ҳунару истеъдоди ҳунарпеша ба он мусоъидат намудааст, ки ӯ ҳам дар иҷрои нақшҳои мазҳака ва ҳам фоҷеъа ва дром басо устодона муваффақ шудааст. Дар иҷрои бисёре аз нақшҳои ҷиддиву дроротик ба мисли Афросиёб (дар филми “Рустам ва Сӯҳроб”), Ксанф, Ваня-тағо, Раҳимов, Фамусов, Полоний ва дигарон Бурҳон Раҷабов бо амиқрафти эҳсосу андеша ба олами рӯҳиву ботинии қаҳрамонон аз худ истеъдоди баланде зоҳир менамуд.
Ӯ бо маҳорати баланди ҳунарпешагӣ, бо эҳсосоти нозуки хосси дром, хулқу атвор ва рӯҳияи қаҳрамони худро басо назаррасу равшан ва боварибахшу табиъӣ таҷассум менамуд. Бо ӯ ҳамбозӣ (патнер) будан барои ҳар як ҳунарпеша мисли як хушбахтӣ ва роҳати эҷодӣ буд, зеро Бурҳон Раҷабов ҳамвора дар ҳаёт ва ҳолатҳои мухталифи ботиниву рӯҳии қаҳрамонони худ зиндагӣ мекард.
Самимияту озодӣ дар саҳна, андешаву гуфтор ва ҳаракатҳои табиъии ӯ ҳангоми иҷрои нақш дар саҳна ба ҳамбозӣ (ҳампешагон) бетаъсир намемонд. Бо ҳарорати ҳунари худ ба дили ҳамбозӣ гармӣ бахшида, ба ворид шудани ӯ ба олами рангину пуртазодди зиндагии қаҳрамонаш, дарки ҳолату эҳсосоти ботинӣ, дарду ғам, шодиву фараҳ ва амсоли ин бештар мусоъидат менамуд.
Бо вуҷуди ин, тамошогарони солҳои 1960-80-и қарни гузашта Бурҳон Раҷабовро чун ҳунарпешаи қавию тавоное дар риштаи мазҳака бештар шинохтаанд ва эътироф кардаанд. Барои тасдиқи ин андеша танҳо ёдоварӣ аз нақши директори заводи хишт, Ализода, кофист. Ализодаи Бурҳон Раҷабов симои роҳбарони мансабхоҳу порахӯр, худхоҳу худпараст, шикампарвар, бурукроту маъишатпарастро бо тобишҳои санъати ҳаҷву мутоиба ва маҳорати баланди мазҳаканигорӣ хеле равшан инъикос намудааст.
Бештар истеъдоди табиъии Бурҳон Раҷабов ва ансамбли комили ҳунармандоне чун Саидмурод Мардонов, Оиша Ҳаётова, Ҳайдар Шоймардонов, Асалбек Назриев, Шералӣ Абдулқайсов ва дигарон буд, ки намоиши “Интихоби домод-и Ҳоҷӣ Содиқ дар саҳнаи театр дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ ва вилоёти Тоҷикистон, ҳамчунин дар манотиқи тоҷикнишини Ӯзбакистон, хусусан шаҳрҳои Самарқанду Бухоро бо муваффақияти баланд манзуру писанди завқи ҳазорон мухлисони жанри мазҳака гашта, бештар аз ҳазор бор дар рӯйи саҳна ба намоиш гузошта шудааст.
Тамошогарон аз саҳнаҳои вохӯрии сардор бо муфаттиш (Ҳ. Шоймардонов), лаҳзаҳои шаҳвату рухбозии ӯ бо котиабааш (М. Турсунова), саҳнаи сурудхониаш бо ҳамнишинии дӯсташ (С. Мардонов) ва дигар саҳнаву ҳолатҳои ҳунарнамоии Бурҳон Раҷабов бо шавқу завқ ва кафкӯбию хандаҳои осмонкаф истиқбол мекарданд.
Ҳамин гуна нақшҳои Кадушоҳ (“Фармони Кадушоҳ”), Холмат (“Бой ва хидматгор”), Ҳокими шаҳр (“Муфаттиш”), Сарлашкар (“Вопасин арӯс”), Раис (“Ҷияни хира”) ҳар кадом бо рангу ҷилои хосса, тобишҳои нозуки санъати мазҳака, бо маҳорати баланду нотакрори ҳаҷвнигорӣ дар иҷрои Бурҳон Раҷабов то ба ҳадди образҳои барҷаста офарида шудаанд, ки дар саҳфаи театри тоҷик нақши мондагору муассире гузоштаанд.
Воқеъан ҳам таҳлилу баррасии ҳар як нақши офаридаи ҳунарпешаи мумтоз мақолаҳои алоҳидаро тақозо мекунад. Роҳи эҷодӣ ва зиндагиномаи ӯ, заҳматқаринӣ, сарсупурдагию фидокорияш, паҳлӯҳои мухталифи истеъдоду ҳунари нотакрораш ва хислатҳои ҳамидааш шоистаи китобу достонҳост, то барои насли имрӯзу фардои тоҷик сабақу дастури накӯе гардад.
Дар бисёре аз барномаҳои родиюиву намоишҳои телевизиюн Бурҳон Раҷабов гули сари сабад буд. Нақши Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар намоиши телевизиюнии “Ҷомӣ ва Навоӣ” (аз нависанда Ғанӣ Абдулло), нақши Қорӣ-домулло дар намоишномаи телевизиюнии “Садо аз Тобут” (аз Абдулло Қаҳҳор) ва ғайра, ки бо истеъдоди баланд офарида шудаанд, имрӯз дар хазинаи тилоии телевизиюни тоҷик маҳфузанд.
Нақшҳои дар синемо офаридааш низ, аз қабили филмҳои “Филм тақозо дорад”, “Шаби нахустини Шаҳрзод”, “Боз як шаби Шаҳрзод”, “Шодмона нигар”, “Ашк ва шамшер”, ба хазинаи тилоии синемои тоҷик ворид гардидаанд. Бурҳон Раҷабов дар байни кормандону аҳли эҷоди театри давлатии окодемию дроми ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мақому эҳтиром ва обрӯю маҳбубияти хоссае дошт.
Ҷавонон ва насли миёнаи театр ӯро бо муҳаббат “Бурҳон-ака” меномиданд. Ҳамсолонаш ва пирони театр ба ӯ “Қорӣ” ё “Қорӣ Бурҳон” хитоб мекарданд. Ин “тахаллус”-ро дар театр Ато Муҳаммадҷонов ва Маҳмудҷон Воҳидов ҳам доштанд, ки чун рамзи муҳаббату дӯстӣ бо ташаббуси Маҳмудҷон ба якдигар чунин эҳтиром мегузоштанд... Инак сеюмин қории театр, қироатгари сухани ноб, сухани меҳр, сухани адабу фарҳанг, қории ҳунару истеъдоди воло дунёи фониро падруд гуфт...
Ӯ марди хушзавқу хушсӯҳбат, дарёдилу дардошно, инсони фурӯтану нексириште буд. Бо ҳамаи кормандони театр, бо коргарони саҳнаву кормандони дигари он муносибати яксону хоксорона дошт. Гарчи зодаи шаҳри бостонии Самарқанд буд, вале Душанберо шаҳри умеду ормонҳои хеш, шаҳри меҳру муҳаббат, шаҳри парвози илҳом, шаҳри паҳнои ҳунару истеъдод, шаҳри эҷоду иршод ва шаҳри комёбиву муваффақиятҳои хеш қарор дода буд...
Ягона ҳасрату ормони нашкастае, ки Бурҳон Раҷабов дар дил дошт, надоштани фарзанд буд. Ин ҳасрату ормони якумрии хешро ӯ ба хок бурд. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ теғи сухани ноҷое дили нозуку пурормони ӯро захмӣ кард. Ӯ аз Душанбе ба шимоли Тоҷикистон кӯч баста, чанд муддат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар зодгоҳи ҳамсараш зиндагӣ ихтиёр кард.
Муҳити шаҳри Хуҷанд ва ҳатто кор дар театри ба номи Камоли Хуҷандӣ низ барои ӯ фазову шароити Душанбе ва муҳити театри Лоҳутиро фароҳам насохт. Ӯ баъди чанде ба зодгоҳи худ - Самарқанд рафт. Баъди беш аз 30 соли иқомат ва фаъолияти эҷодӣ дар шаҳри Душанбе ӯ боз ба лонаи кӯдакиву наврасиҳои худ баргашт. Чанд муддат дар театри “Ганҷина”-и шаҳри Самарқанд ба ҳайси коргардон ва ҳунарманд фаъолият кард.
Бо фориғуттаҳсилони шӯъбаи ҳунарпешагии Донишкадаи ҳунарҳои зебои Мирзо Турсунзода дар шаҳри Самарқанд дар телевизиюни вилоятии шаҳри Самарқанд театр-истудиюе бо номи “Ханда” таъсис дод. Ҳафтае як бор барномаи нимсоъатаи иборат аз саҳнаҳои ҳаҷвии истудиюи мазкур бо забони тоҷикӣ (форсӣ) аз телевизиюни Самарқанд пахш мегардид. Муҳити аз забону фарҳанги форсӣ дуруфтодаи Самарқанд дили ҳассоси ӯро озурда месохт.
Ба ёди Душанбе, ба ёди солҳои пурбору пурмаҳсули эҷодӣ, ба ёди солҳои шӯҳратбору фатҳи қуллаҳои баланди ҳунар, ба ёди муҳиту фазои созгор дилаш метапиду эҳсоси пазмонӣ (нустолжӣ) азияташ медод. Гоҳ-гоҳе барои ормон шикастану оташи ҳасрати пазмониро фурӯ нишондан ба Душанбе меомад. Аз дидори ҳампешагон, ёру дӯстон, хешу табор, бародари рӯзноманигору адибаш Насимҷон Раҷабов қалбаш об мехӯрд.
Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва баста шудани марзҳои “табартақсимшуда” байни Тоҷикистону Ӯзбакистон банда ду бор ба ҳукми тасодуф ба шаҳри Самарқанд рафта, ба дидору сӯҳбати Бурҳон-ака мушарраф шуда будам. Эҳсос кардам, ки қалби ҳассоси Бурҳон-акаро аз як тараф таҳқири номардона, аз тарафи дигар ҳисси пазмонӣ ба муҳити унсгирифтааш азоб медод. Ба таъбири устод Лоиқ:
Дар шаҳре, ки “тоҷик аз тоҷик будан хаста шудааст”
Ҳалқа чандон танг шуд, ки оқибат,
Тоҷик аз тоҷик будан хаста шуд.
Ӯ худро мисли дар қафас эҳсос мекард. Қабл аз фирор ӯ ҳам ҷисман ва ҳам рӯҳан хеле қавӣ ва солим буд. Дар тӯли ин солҳо ӯ метавонист ҳам дар саҳнаи театр ва ҳам дар синемои тоҷик даҳҳо нақш, образ (шахсият) ва чеҳраи гуногунхислату қаҳрамонони зиёде офарад...
Ёдҳо, ормонҳо ва пазмониҳо дар муҳити барояш начандон созгор ӯро рӯҳан азоб медод. Рӯҳаш аз ин иллат бемор шуд ва ҷисмаш низ... Ва ҳамин беморӣ, ҳамин дарди фироқ аз саҳнаи эҷоду ҳунар ниҳоят ӯро ба саҳнаи ҷовидон бурд.
Ёдаш ба хайр.
Ортиқи Қодир, ҳунарпешаи театр, Би-Би-Си