17:38:24 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУБОРАКИ ВАХОНӢ ВА ОСОРХОНАИ Ӯ

Бадахшони Тоҷикистон дар баробари обҳои мусаффо ва дармонбахш, кӯҳҳои осмонбӯс ва сангҳои қимматбаҳо  шахсиятҳоеро ба монанди Мубораки Вахонӣ дар канор дошт ва дорад. Мубораки Вахонӣ ва ё суфӣ Муборакқадам, ки солҳои 1842 – 1902 рӯзгор ба сар бурдааст, дар деҳаи Ямги ноҳияи Ишкошим таваллуд шуда, умр бурдааст ва мақбарааш низ дар он ҷост. 

/images/stories/2011/07/11_muboraki-vakhoni_444.jpgМубораки Вахонӣ мутафаккири маъмул, шахси соҳибистеъдоди ғайриоддӣ, файласуф, шоир навозанда, ситорашинос ва устои моҳир будааст, ки баъзан одамони муосири мо ӯро Леонардо да  Винчии Ямгӣ  ҳам ном мебурданд. Ҳама гуна осори адабӣ ва ҳунарии ӯ дар хона-осорхонааш ҳифз шуда, то ҳол вуҷуд дорад.

Дар шароити кӯҳистон  дар даврае, ки тамаддун Бадахшонро даст нарасонда буд, Мубораки Вахонӣ дар хонаи худаш рубобҳои душоха  ва сешоха месохт, ки ҳоло чизи нодир маҳсуб мешаванд, дастгоҳи палосбофиро матраҳ намуд, тақвими сангиро фикр кард, ки  бо он баробаршавии рӯзу шабро (мувофиқи тақвими имрӯза ба 21 март рост меояд) аниқ намуд.

Аз ривояте бар меояд, ки  дар замони ӯ катибаҳоро рӯи санг, пӯсти гов ва пӯсти дарахтон менавиштанд, вале Муборак бо истифода аз биринҷи хамиркарда ва алафҳои маҳаллӣ қоғази сафед тайёр мекард. Ин кашфиёташ ӯро овозадор намуд. Дар замоне, ки шоҳигарии рус ба Осиё омад ва ба Помир расид, қоғази тайёрнамудаи ӯро дида, дар тааҷҷуб монданд. Қоғази аз биринҷ рехтагиашро пеши император мебаранд. Талаб намудааст, то Муборакро бо дастгоҳи қоғазбарориаш пеши ӯ баранд. Гурӯҳи афсарон пас аз моҳҳо ба Помир мерасанд, вале Муборакро зинда дарёб намекунанд.Ӯ аллакай мурда буд.

Тақвими сангини ӯ дар назари аввал содда менамояд, вале дар баробари ин муайянкунии шабу руз тавассути сурохии санг ва ченкунии ситораҳо маҳорати баландро талаб мекунад. Ба ҷуз аз осорхона аз Мубораки Вахонӣ боз ду чиллахона меърос мондаанд, ки яке дар пеши хонааш ва дигаре дар дараи тангу чуқури Ямг, болотар аз хонааш бино гардидаанд. Ӯ дар ин чиллахонаҳо  ҳар сари чанд вақт чил шабу рӯз танҳо нишаста, ба мутолиа машғул  мешудааст.

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор»,Хоруғ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi